Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Тоҷикистон фаро расид (17 АКС)


Соли нави ҳиҷрӣ-хуршедии 1393 ба Тоҷикистон қадам гузошт ва ҳамакнун дар саросари кишвар маросимҳои наврӯзӣ идома доранд.

Дар маросии наврӯзи пойтахт, ки дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе идома дорад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳозиронро ба ин муносибат шодбош гуфт. Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни паёми худ дастур додааст, ки барои таҷлили бошукӯҳи ин ҷашни бостонӣ, "Наврӯзгоҳ" то чанд рӯзи оянда дар ихтиёри сокинони пойтахт гузошта шаванд.

Қабл аз барномаи театрикунонидашуда, дар "Наврӯзгоҳ" намоиши расму суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумлаи намоиши либосҳои қадима, аловпарак бо ширкати ҳазорон нафар аз сокинони пойтахт баргузор шуд.

Наврӯз - лаҳзаи баробаршавии шабу рӯз ва оғози соли нави форсӣ - дуруст соати 22 - 04 ба вақти Душанбе дар Тоҷикистон фаро расид. Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «бар асоси тақвими милодӣ ва хуршедӣ, имрӯз 20 март, соати 22 04 дақиқаву 50 сония шабу рӯз баробар мешавад, ки ин лаҳзаи фаро расидани соли нави форсӣ - Наврӯз - мебошад.»

Ҷаноби Ибоддинов мегӯяд, ки бо дар назардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон лаҳазоте қабл аз Эрону Афғонистон ворид шуд. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан якуним ва ним соат фарқ ҳаст. Дар соли гузашта бар асоси тақвими милодӣ ва хуршедӣ, Наврӯз дар соати 16-у 02 дақиқаи 20-уми март фаро расида буд.

Иттифоқан имсол айни ҳолат дар рӯзи Иди модарон – 8 март – низ пеш омад. Ба ҳисоби умумӣ, чунин иттифоқ уфтод, ки бо замми рӯзҳои истироҳат – шанбеву якшанбе – мардуми коргар дар Тоҷикистон дар моҳи март дар маҷмӯъ 15 рӯз, яъне ним моҳи тамом истироҳат хоҳанд кард.

Бо ин ҳол, тибқи барномаи расмии таҷлили имсолаи Наврӯз дар Тоҷикистон қарор аст, рӯзи ҷумъа 21 март, соати 10 дар Наврӯзгоҳи пойтаӣт намоиши театрии «Наврӯзи пойтахт» доир шавад.

Рӯзи шанбеи 22 март чорабиниҳои наврӯзӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома ёфта, рӯзи якшанбе, 23 март маъракаи ҷумҳуриявии наврӯзӣ имсол дар ноҳияи Данғара – зодгоҳи президент Эмомалӣ Раҳмон – баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯби Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар Данғара баргузории мусобиқаи кушодаи гуштии миллӣ таҳти сарпарастии оқои Раҳмон низ дар назар дошта шудааст.





Дар солҳои охир бозии байни қаҳрамони футболи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми футболи кишвар барои дарёфти Суперҷом ё Шоҳҷоми футбол низ дар рӯзҳои Наврӯз барпо мешавад. Имсол рӯзи 25 март дар варзишгоҳи марказии Душанбе барои Шоҳҷом дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе ба дидори ҳам хоҳанд рафт.

Ҳамин тавр, қарор аст, рӯзи 27 март дар Кобул ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ширкати раҳбарони кишварҳои минтақа доир шавад. Ба ин муносибат дар минтақаи Пағмон як қасрипуршукӯҳ ва дар майдони қариб 100 гектар Наврӯзгоҳи бузурге сохтаанд, ки тавони гунҷондани то 100 000 тамошобинро доштааст. Интизор меравад, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар Наврӯзи байналмилалӣ ширкат кунад. Соли гузашта Наврӯзи президентҳои минтақа дар Туркманистон доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG