Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зардии рӯямро бигир..." Чоршанбесурӣ дар Боғи Ғалаба (ВИДЕО)


«Аловпарак» ё «Чоршанбесурӣ», ки ба унвони яке аз суннатҳои муҳими ҷашни наврӯз шинохта шуда ва дар чоршанбеи ахири қабл аз Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, дар Тоҷикистон ҳам имсол дар доираи ҳалқаҳои мухталиф таҷлил шуд.

Яке аз чунин маросимҳо шоми сешанбе ба чоршанбе бо ширкати ҳудудан даҳҳо нафар дар Боғи Ғалабаи пойтахт баргузор шуд.

Мардуми эронитабори Душанбе якҷо бо дӯстони тоҷикашон дар ин боғ гирди гулхане ҷамъ омаданд ва бо орзуву ниятҳои нек бар фарози алангаи оташ ҷаҳида, русуми чоршанбесурӣ ё аловпаракро ба ҷо оварданд.

Марями Фоқеҳносирӣ, як пажӯҳишгари эронӣ дар Тоҷикистон, ки низ дар маросими «аловпарак» ё чоршанбесурӣ дар Душанбе ширкат дошт, мегӯяд бо паридан аз болои алангаи оташ ӯ барои худ ва наздиконаш соли хубу хуше орзӯ карда, ба ин васила дарду ранҷ ва ғаму ғуссаро аз худ дур кардааст. Ӯ мегӯяд: «Барои кишварамон, барои мардумамон орзуи саломатӣ кардам ва аз Худо хостем, ҳама чизи хуби дунёро насибамон кунад. Дар Эрон ин ҷашн дар ҳама шаҳрҳо баргузор мешавад ва бегоҳи сешнабе мо чанд гулхан дуруст мекунем, тарбуз мешиканем, мавизу чормағз мехӯрем ва бо фарзандҳоямон аз рӯи оташ мепарем, ки зардиву ғамро бо худ бубарад ва сурхии худу энержиашро ба мо диҳад.»

Марям мегӯяд, маросими чаҳоршанбесурӣ дар ҳама минтақаҳои Эрон, махсусан дар минтақаҳои мансуб ба ойини зардуштӣ, бошукӯҳ таҷлил мешавад.

«Чаҳоршанбесурӣ», ё тавре тоҷикон аз он ном мебаранд, «аловпарак» ё «оташпарак», яке аз ойинҳои қадимии Наврӯз буда, то ҳанӯз дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон ҳам риоя мешавад. Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, ҳоло ин маросим бештар бо тобиш ва шакли дигар ва он ҳам хеле маҳдуд ҷашн гирифта мешавад, масалан, дар бархе аз минтақаҳои кишвар арӯсу домодро дар гирди оташ чарх мезанонанд.

Аммо дар гузашта, бегоҳии чоршанбе мардум ба хотири арҷгузорӣ ба нури офтоб ва пок шудан аз гуноҳу ғаму ғуссаҳо, ғолибан дар ягон чорроҳа оташ фурӯзон менамуданд ва пиру ҷавон, таронаҳои наврӯзӣ ба лаб 3 маротиба рӯи он меҷаҳиданд ва баробари ҷаҳидан мегуфтанд: “Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ.” Нафари охир як кӯза ё зарферо, ки рамзи бадбахтӣ будааст, рӯи оташ мешикастааст.

Илҳом Бобомаллаев, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, ба ин васила гузаштагон бовар доштанд, ки аз тамоми бемориҳо, нодориҳо, бадбахтиҳо ва гуноҳҳои дар соли кӯҳан ҷамъшуда худро пок месозанд ва ба орзӯҳои худ мерасанд. Ҷаноби Бобомаллаев мафзояд, «мардуми ориёӣ оташро чун рамзӣ покӣ медонистанд ва дар он беҳтарин сифатҳои ҳаётро медиданд. Аз он ҷумла гармӣ, нур, равшанӣ. Аз болои оташ ҳамчунин ба он хотир мепариданд, ки аз онҳо ҳамагуна махлуқоти даҳшатнок баз ҷумла деву аҷина дур гардад.»

Наврӯзшиносон мегӯянд, ин суннати фалсафӣ дар тули мавҷудияташ бо мухолифатҳои хурофотӣ рӯбарӯ буд, вале азбаски аз қарнҳо ба ин тараф бо хуну ҷони мардум пайванд шудааст, аз байн нарафт, ҳарчанд маҳдуд гардид. Илҳом Бобомалиев, мегӯяд, ҳоло аксар мардум ин маросимро ба дини зардуштӣ рабт медиҳанд, ки ин иштибоҳ аст. ба гуфтаи ӯ, «сабаби аслии аз байн рафтани ин суннат он аст, ки мардуми мо, ки мусалмонанд, аксарият ин маросими чоршанбесуриро ба дини зардуштӣ шомил медонанд ва таҷлили онро дуруст намедонанд. Аммо ин маросим ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад ва чун ойини ниёгон ҷо-ҷо иҷро мешавад.»

Вале Меҳри Собирӣ, як ҷавони тоҷик, ҳам ки дар наврӯзи имсола бо дигар дӯстонаш гирди гулхане ҷамъ омадаву маросими «оташпаракро» таҷлил кардааст, мегӯяд, рӯи алангаи оташ паридани ӯ маънии эътиқодаш ба оташ ва боварҳо нест. Вай мегӯяд, фақат ба хотири пос доштани анъанаи ниёгон, рамзан аз рӯйи оташ ҷаҳидаву ин ойини наврӯзро иҷро кардааст. Меҳр меафзояд: «Агар гӯем, ки ман ба ин эътиқод дорам, дуруст нест. Ин ҳама як одати гузаштагон аст ва ба хотири зинда нигаҳ доштани ин ойини ниёгон, аз болои оташ ҷаҳидам. Ин як расмиёт аст фақат.»

Фарҳангшиносон мегӯянд, суннатҳои наврузӣ фалсафа ва аҳдофи зебову неке доранд, ки аз зиндагиву боварҳои гузаштагон ба мо қисса мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Марям, пажӯҳишгари эронӣ, ки чанд сол аст, маросими чоршанбесуриро дар Тоҷикистон ба ҷо меорад, мегӯяд, хеле мехост, то ин ойин дар доираи васеътар ва бо дӯстони зиёди тоҷикаш таҷлил шавад, аммо бо таваҷҷуҳ ба он ки на ҳама «чоршанбесурӣ»-ро як суннати хоси Наврӯз қабул доранд, ӯ низ наметавонад, ин хоҳиши худро амалӣ ва дӯстони бештари тоҷикашро гирди оташи наврӯзӣ ҷамъ орад.

Видеои "оташпарак"-ро дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб тамошо кунед:

https://www.youtube.com/watch?v=5y8TqCTGRrA

XS
SM
MD
LG