Қувандиқ Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди Қазоқистон, ба 24 сол зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро рӯзи 14-уми май ба шиканҷа ва куштани ҳамсараш Салтанат Нукеноваи 31-сола гунаҳкор кард.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ҷазоро барои поймоли қоидаҳои будубош дар ин кишвар сангинтар кунанд.
Ҳукумати ноҳияи Махамбети Қазоқистон рӯзи 14-уми май хабар дод, ки камаш 146 каси дигар, аз ҷумла 91 кӯдак ва 3 зани ҳомила дар пайи обхезиҳои охир аз деҳаи Талдиколи вилояти Атирау ба ҷойи бехавф бурда шудаанд.
Бо вуҷуди мухолифату эътирози даҳҳо ҳазор нафар ва дархости созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, вакилони порлумони Гурҷистон қонуни "агентҳои хориҷӣ"-ро қабул карданд.
Мусофири хатсайри “Маскав-Тошканд”, ки дар дохили ҳавопаймо занозанӣ карда буд, боздошт шудааст.
Нерӯҳои пулис дар Арманистон рӯзи 14-уми май 38 эътирозгари дигарро дар Ереван дастгир кардаанд.
Генерал Юрий Кузнетсов, сардори Раёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи Русия, дар доираи як парвандаи фасоди молӣ дастгир шудааст.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 14-уми май бо Владимир Зеленский, президенти Украина, суҳбат кардааст.
Коргардони машҳури эронӣ, Муҳаммад Расулоф, рӯзи 13-уми май хабар дод, ки тавонистааст пинҳонӣ Эронро тарк кунад.
Амирҷон Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанберо аз мансаб барканор кардаанд.
Лолахон Сатторӣ, наттоқи шонохтаи телевизион ва радиои Тоҷикистон 14-уми май дар синни 68-солагӣ даргузашт.
Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон аксҳои осори латукӯб дар бадани рӯзноманигори боздоштшуда Муҳаббат Тоҷибек-қизиро, ки аз ҷониби шавҳараш Болот Темиров нашр шуданд, шарҳ дод.
Ёфтҳои бештар