Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон "Бозиҳои оянда"-ро ба таъхир мегузорад


Қазон, Русия, 21-уми феврали 2024
Қазон, Русия, 21-уми феврали 2024

Қазоқистон баргузории "Бозиҳои оянда"-ро, ки мебоист як сол баъд баргузор шаванд, ба соли 2026 гузоштааст. Чунин тасмимро барои сарфаи пул рӯи даст гирифтанд.

"Дар робита ба сели бесобиқа президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дастур дод, ки аз чорабиниҳои имиҷсоз ва маъракаҳои дигари бузург бо ҳадафи сарфакории маблағ барои бартарафсозии пайомадҳои обхезӣ ва кумак ба шаҳрвандони зарардида даст кашида шавад", - хабар медиҳад вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон.

Ҳамчунин харҷҳо барои баргузории Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо кам карда хоҳанд шуд. Ин бозиҳо қарор аст, моҳи сентябр дар шаҳри Остона баргузор шаванд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Тоқаев дар шаҳри Қазони Русия ба президенти он кишвар Владимир Путин пешниҳод карда буд, ки "Бозиҳои оянда"-и навбатӣ дар Қазоқистон баргузор шаванд.

Нахустин "Бозиҳои оянда" моҳи феврали имсол дар шаҳри Қазони Тотористони Русия барпо шуд.

Роҳбари "Бозиҳои оянда" Игор Столяров хабар дода буд, ки бозиҳои дувум соли 2025 дар берун аз ҳудуди Русия барпо хоҳанд шуд.

Баъди ҳамлаи густурда ба Украина Русияро аз иштирок дар аксари мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ маҳрум карданд. Қонун дар бораи "Бозиҳои оянда"-ро президенти Русия моҳи декабри соли 2023 имзо кард.

XS
SM
MD
LG