Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳари миллиардер Алишер Усмонов дар Додгоҳи Аврупо ноком шуд


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Гулбаҳор Исмоилова, хоҳари миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов, дар Додгоҳи Аврупо ноком шуд.

Додгоҳи адлияи Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми май ҳукм кард, ки номи Исмоилова дар рӯйхати шахсони мавриди таҳрим бимонад.

Гулбаҳор Исмоилова ҳам ба мисли бародараш ва сарватмандони дигари тарафдори Кремлин баъд аз шурӯи ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина ба феҳристи афроди зери таҳрим ворид шуд.

Додгоҳ дар қарораш гуфт, Исмоилова бояд инчунин хароҷоти мурофиаҳоро худаш бипардозад.

Моҳи феврал айнан чунин даъвои Алишер Усмонов, ки яке аз сарватмандтарин соҳибкорони Русия ва шахси наздик ба президент Владимир Путин ба шумор меравад, рад шуда буд.

XS
SM
MD
LG