Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳа мегӯяд, нерӯҳояш дар Кобул се узви "Толибон"-ро куштаанд


Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао кардааст, ки дар ҳамлае дар шаҳри Кобул се нерӯи "Толибон"-ро куштааст.

Дар номаи Ҷабҳаи ба раҳбарии Аҳмад Масъуд омадааст, ҳамла шаби 27-уми апрел сурат гирифт.

Ба иттилои хабаргузориҳо, қаблан дар се ҳамлаи дигар дар Кобул ва Ҳирот 6 узви "Толибон" кушта шудаанд.

Гурӯҳи "Толибон" ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накард.

Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон соли 2021 таъсис ёфт.

Тобистони ҳамон сол, “Толибон” Афғонистонро тасарруф карданд ва Аҳмад Масъуд бо теъдоде аз тарафдоронаш эълон кард, ки ин гурӯҳро қабул надоранд ва ба муқобилаш меҷанганд.

XS
SM
MD
LG