Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои санади нав байни Тоҷикистону ИМА дар бораи мубориза бо терроризм


Юсуф Раҳмон ва Мануэл Микаллер
Юсуф Раҳмон ва Мануэл Микаллер

Додситонии кулли Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷии Амрико санадеро имзо кардааст, ки роҳро барои ҳамкории наздики ду тараф барои мубориза бо терроризм боз мекунад.

Ёддошти ҳусни тафоҳумро дар бораи нияти ҳамкорӣ Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар Душанбе имзо кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонӣ рӯзи 8-уми май хабар дод.

Бар асоси ин санад ду тараф дар сурати зарурат иттилооти хусусии одамонро дар ихтиёри якдигар мегузоранд, то аз ҳаракати эҳтимолии террористон пешгирӣ намоянд.

Дар хабари расмӣ омадааст, санади мазкур имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи абзорҳои васеи технологӣ ҳаракати террористонро назорат карда, онҳоро дастгир намоянд ва ба ҷавобгарӣ кашанд.

Амрико солҳои зиёд аст, ки ба Тоҷикистон барои тақвияти амният дар марзҳояш ва кумак дар мубориза бо терроризм мадад мекунад.

XS
SM
MD
LG