Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами Қазоқистон дар баландиҳои Ҷулон барафрохта шуд


Парчами Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ
Парчами Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ

Парчами Қазоқистон дар пойгоҳи ҳифзи сулҳи Фавар дар баландиҳои Ҷулон зимни як маросим барафрохта шуд.

Дар маросим фармондеҳи маъмурият генерал-лейтенант Курмал Нирмал ва роҳбарони ҳайатҳои посдори сулҳ иштирок карданд.

Вазорати дифои Қазоқистон 16-уми март хабар дода буд, ки низомиҳои ин кишвар ба баландиҳои Ҷулон расидаанд. Дастаи қазоқистонӣ аз 139 низомӣ иборат аст.

Ин низомиҳо бо мошинҳои зиреҳпӯш, мошинҳои борбари навъи КамАЗ, микроавтобус ва дигар техника таъмин ҳастанд.

Баландиҳои Ҷулон минтақае дар марзи Сурия ва Исроил аст. Он баъди ба поён расидани ҷанги шашрӯза дар соли 1967 ба ихтиёри Исроил гузашт, аммо бештари кишварҳои ҷаҳон баландиҳоро ҷузъи қаламрави Исроил намеҳисобанд.

XS
SM
MD
LG