Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Фирдавсӣ як зани роҳрӯбро ҷарима кард


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ як зани роҳрӯбро барои монеагӣ дар таҳсили фарзандаш 6800 сомонӣ ҷарима кардааст.

Гулрухсор Асламзода, муовини раиси додгоҳ дар ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" навиштааст, Фирӯза Сайнуриддиноваи 57-сола "дидаву дониста ба гирифтани маълумоти ҳатмии фарзандаш" монеъ шудааст.

Назари ин зан ба қарори додгоҳ маълум нест. Дар хабари расмӣ омадааст, духтари ӯ 16-сола аст.

Маълум нест, ки зани роҳрӯб то куҷо имкони пардохти 6800 сомонӣ ҷаримаро дорад? Занони роҳрӯб моҳона бештар аз ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

То моҳи феврали имсол таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то синфи 9 ҳатмӣ буд. Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи маориф, ки порлумон ду моҳ пеш қабул кард, акнун хонандагон муваззафанд то синфи 11 таҳсил кунанд.

XS
SM
MD
LG