Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошт ва ҳабси як нафари дигар дар пайванд ба ҳамлаи хунин дар "Крокус"


Алишер Қосимов
Алишер Қосимов

Як нафари дигарро дар пайванд ба ҳамлаи хунин дар толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав дастгир кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 26-уми март шаҳрванди Қирғизистон Қосимов Алишер Ҳотамовичро то охири моҳи майи имсол ба ҳабс гирифт. Ӯ ба амали террористӣ муттаҳам мешавад.

Алишер Қосимови 32-сола дар шаҳри Красногорск зиндагӣ мекардааст. Гуфта мешавад, ӯ ба яке аз муттаҳамони ҳамла ба "Крокус" Фаридуни Шамсиддин аз Тоҷикистон манзилеро ба иҷора додааст.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24 ва 25-уми март 7 нафарро, ки аксарияташон шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё тоҷикони шаҳрванди Русия ҳастанд, то охири моҳи май ба ҳабс гирифт.

Рӯзи 22-юми март чаҳор фарди мусаллаҳ ба толори консертии “Крокус” дар канори шаҳри Маскав ворид шуда, бо силоҳи автоматӣ 139 нафарро куштанд. Бештар аз 200 нафари дигар захм бардоштанд.

Ба навиштаи "Интерфакс", Александр Бортников, раиси Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ба президент Владимир Путин гузориш додааст, ки дар умум 11 нафар аз ҷумла чаҳор иҷрокунандаи амали террористӣ дар “Крокус” дастгир шуданд.

XS
SM
MD
LG