Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 километри дигар. Созиши нави Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марз


Нишасти ҳайатҳо. Акс аз сомонаи ҳукумати Қирғизистон
Нишасти ҳайатҳо. Акс аз сомонаи ҳукумати Қирғизистон

​​​​​​​Гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 24 километри дигари сарҳад мувофиқа кардаанд. Мулоқоти ҷонибҳо аз 29-уми ноябр то 5-уми декабри имсол дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон гузашт.

Хабаргузории расмии "Ховар" рӯзи сешанбе аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навишт, ки "мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд ва протокол ба имзо расид." Ҳукумати Қирғизистон дар эъломияе матни ба ин монандро нашр кард ва гуфт, ки "нишасти оянда дар Қирғизистон хоҳад гузашт".

Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон аз моҳи октябри имсол то нимаи дувуми моҳи ноябр дар умум бар сари таъйини 75 километри сарҳад розӣ шуда буданд. Он чи мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон намегӯянд ва мояи ташвиши баъзе аз сокинони наздимарзӣ низ шудааст, ин аст, ки созиши ҷонибҳо кадом қитъаи баҳсии сарҳадро дар бар мегирад.

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи якуми декабри имсол дар як суханронӣ дар ҳузури ҳамтои қирғизистонияш Қамчибек Тошиев танҳо ҳаминро гуфт, ки дар масоили истифодаи иншоот дар қаламравҳои баҳсӣ ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.

Вай гуфт: "Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави мо дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале заминҳо қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад.”

Ятимов ҳеч яке аз иншоотро ном набурд, вале айни замон гуфт, ки ду масъалаи асосӣ, ки яке истифода аз роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло дар Исфара аст, тақрибан ҳал шудааст. Роҳи мазкурро сокинони деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон борҳо бастаанд ва даҳҳо маротиба дар он байни сокинони ду тараф ҷангу хунрезӣ ба амал омадааст. Ӯ шарҳ надод, ки сарнавишти ин роҳ чӣ мешавад ва масъала чӣ гуна ҳал шудааст.

Раиси ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, тарзи истифодаи обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, айни шеваи истифода аз роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло мешавад. Ин обанбор солҳои 70-уми асри гузашта бо ҳадафи обёрии заминҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон сохта шудааст ва ду тараф сари он даъво ва ҷанг ҳам кардаанд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, низ гуфт: “Мо чанд қарори муҳим қабул кардем ва ин қарорҳо моро ба ҳам наздик мекунад. Мулоқоти оянда дар Бодканд баргузор мешавад ва кумисюнҳои давлатии мо бе танаффус кор мекунанд. Барои ҳамин ман, фикр мекунам, мо ба қабули тамоми қарор (дар бораи марз) бисёр наздик шудаем.”

Баъзе аз намояндагони Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо ҷониби Қирғизистон
Баъзе аз намояндагони Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо ҷониби Қирғизистон

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст. Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст, Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG