Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон хостанд, ҳукумати Тоҷикистон музокироти марзиро пинҳон накунад


Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Шаҳри Ботканд, 2 октябри 2023
Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Шаҳри Ботканд, 2 октябри 2023

Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз мақомот хост, ҷузъиёти музокираи марзӣ бо Қирғизистонро барои мардум шарҳ диҳанд. Ин созмон навиштааст, аз "идомаи гуфтушунидҳо ҷонибдорӣ менамояд", вале "қазия бояд одилона ва бо назардошти он ҳали ниҳоии худро пайдо кунад, ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва наметавонад бошад."

Паймони миллӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, аз он нигаронӣ кардааст, ки гуфтугӯҳо барои муайян кардани хати марз пинҳон аз назари ҷомеа мегузарад. "Паймони Миллии Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки тамоми ҷузъиёти протоколи имзошуда ва рафти гуфтушунидҳо ба мардум ошкор карда шавад, то таҷрибаи талхи гузашта такрор нашавад."

Ишораи ин созмони мухолифи ҳукумат ба созиши Тоҷикистон ва Чин дар бораи марз аст, ки бар асоси 1 ҳазору 158 километри мураббаъ аз ҳудудҳои баҳсбарангези Помири Шарқӣ, ки 0,77% тамоми қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҷониби Пекин гузашт.

Паймони миллӣ ҳамчунин ба изҳороти як рӯзноманигори қирғиз дар бораи "даст кашидани Тоҷикистон аз даъвоҳои марзӣ" вокуниш карда, аз ҳайати Тоҷикистон хост, асли масъаларо ба ҷомеа гӯянд.

Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба Қамчибек Тошиев, рӯзи дувуми октябр дар Фейсбук навишт, ки “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”. Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз вохӯрии ҳайатҳои ду кишвар дар шаҳри Ботканд ва имзои протоколи рақами 44 хабар доданд. Ҳарду тараф бидуни шарҳи мушаххас "имзои санадро роҳе барои ҳалли мушкили марзӣ" номиданд.

XS
SM
MD
LG