Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Протоколи №44" ба баҳси Тоҷикистону Қирғизистон нуқта хоҳад гузошт? ВИДЕО


Нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Бодканд, 2-юми октябри 2023
Нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Бодканд, 2-юми октябри 2023

Протоколи рақами 44, ки аз тарафи раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 2-юми октябр дар Бодканд ба имзо расид, дар расонаҳо "таърихӣ", "ниҳоӣ" ва "ҳалкунанда" унвон шуд. Дар ҳоле ки бархе ба ҳалли баҳсҳои марзӣ умед бастаанд, шубҳа ва ҳайрати иддае пойбарҷост.

Баъд аз имзои санади нав ду тараф гуфтанд, ки иҷрои он заминаро барои ҳалли мушкили сарҳадӣ байни ду давлат фароҳам меорад.

"Иҷрои протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал хоҳад кард. Бо тамоми масъулият эълон медорам, ки имзо ва иҷрои протокол иродаи раҳбарони ҳар ду ҷумҳурӣ аст," – гуфт раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов рӯзи 2-юми октябр.

Паёми тарафи Қирғизистон низ тақрибан ҳамин мазмунро дошт. Раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, "ин протокол бо ризоияти тарафҳо ба имзо расидааст ва он замина мешавад, ки ҳама гуна масъалаи марзиро ҳал кунем. Худо хоҳад, ба зудӣ қарори ниҳоиро дар бораи ниҳоӣ кардани таъйини кулли сарҳади давлатӣ қабул мекунем."

Нуктае, ки боиси баҳс гашт, ин буд, ки як рӯзноманигори наздик ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар Фейсбук навишт, ки тарафи Тоҷикистон аз ҳамаи даъвоҳои марзии худ даст кашидааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Суғд мулоқот ва имзои санадро тасдиқ карда, вале иддаои рӯзноманигори қирғизро шарҳ надоданд.

"Агар ҳар ду тараф ба гузашт омода ҳастанд..."

Ҷузъиёти ҳуҷҷати нав ошкор нашудааст, вале баъзе аз коршиносони тоҷик умед доранд, ки он метавонад бар манфиати ҳар ду ҷониб бошад.

Неъматулло Мирсаидов
Неъматулло Мирсаидов

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик, гуфт, "бояд дарк кунем, ки Тоҷикистон ҳеч вақт сад дарсад иҷро шудани даъвоҳои худашро интизор нест. Албатта, Тоҷикистон ба гузаштҳо тайёр аст. Тоҷикистон мехост Қирғизистон ҳам ба гузаштҳо омода бошад. Агар ҳар ду тараф ба гузашт омода шуда бошанд, ин як қадам ба пеш аст."

Ба назари таҳлилгар Абдумалик Қодиров, имзои ин санад шояд яке аз хостҳои абарқудратҳои Ғарб бошад, ки дар пайи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи 5+1 анҷом шудааст.

"Имрӯз минтақа дар як марҳилае қарор дорад, ки “бозии бузург” ба қавле аз нав шуруъ шудааст. Абарқудратҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки минтақаро ба худ ҷалб кунанд. Аз ин рӯ, ҳам ҷониби Қирғизистон ва ҳам ҷониби Тоҷикистон дарк кардаанд, ки бо зӯрӣ, бо истифодаи силоҳ ҳал кардани мушкилӣ бар зарари ҳама аст, натанҳо бар зарари ин ду кишвар, балки бар зарари минтақа," – шарҳ дод ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикистон ва Қирғизистон "протоколи ниҳоӣ" имзо кардаанд. Муҳтавояш норӯшан аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Ҳақиқат ё ҳиллаи сиёсӣ?

Мусоҳиби мо ҳамзамон иддаои Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба Қамчибек Тошиевро дар бораи гуё даст кашидани Тоҷикистон аз даъвоҳои марзияш “як ҳиллаи сиёсӣ” барои ором кардани ҷомеаи дохилии Қирғизистон номид.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ӯ афзуд: “Фикр намекунам, ки Тоҷикистон то он дараҷа заиф бошад, ки аз баҳри порчаҳои замини худ даст кашад. Боз ҳам таъкид мекунам, ки ин ҳама хабарсозиҳо танҳо барои баланд бурдани обрӯи раҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон дар дохили кишвар аст.”

Дар ҳамин ҳол, генерал Токон Мамитов, муовини пешини сарвазири Қирғизистон, дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ибрози тааҷҷуб кардааст, ки оё тарафҳо тақдири Торт-Кочо, Ворух ва минтақаҳои дигарро ҳал кардаанд ё не. Минтақаҳое, ки баҳсашон даҳсолаҳо боз давом дорад.

Назирбек Борубоев, намояндаи вижаи ҳукумати Қирғизистон дар мавриди таъйину нишонагузории марз, ба баъзе аз расонаҳои ин кишвар гуфтааст, “мушкилоти сарҳад ҳанӯз пурра ҳал нашудааст, онро дар дар як рӯз ҳал кардан мумкин нест. Дирӯз танҳо принсип ё усули кор ҳамоҳанг шуд. Ҳоло гуфтушунидҳо ҷараён доранд.”

Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз сесад километри он дақиқу нишонагузорӣ нашудааст. Баҳс ҳам бар сари обу чарогоҳ ва заминҳоест, ки ду тараф худро соҳиби он меҳисобанд.

Дар авҷи ин баҳсҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошта буд, ки тарафи муқобил 2110 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистонро ғасб кардааст. Қирғизистон дар посух ноҳияҳои Мурғоб ва Ҷиргатолро қаламравҳои баҳснок эълон карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG