Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеду нигарониҳо пас аз як соли муноқишаи хунин дар сарҳад. ВИДЕО


Пайомади муноқишаи моҳи сентябри соли 2022
Пайомади муноқишаи моҳи сентябри соли 2022

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон як сол пеш, дар ҳамин шабу рӯз ором набуд. Аз 14 то 17-уми сентябри соли 2022 тақрибан дар ҳама минтақаҳои сарҳадии ду кишвар муноқиша сар зад ва аз ду тараф садҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.

Акси баъзе аз қурбониёни даргириҳои 14-17-уми сентябр аз Тоҷикистон
Акси баъзе аз қурбониёни даргириҳои 14-17-уми сентябр аз Тоҷикистон

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ номи 84 кушташударо гирд овард. Олимҷон Аббосов, ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”, дар шаҳри Исфара яке аз онҳост. Баъди марги шавҳар зиндагӣ барои Мавлуда Аббосова вазнин шудааст.

"Танҳо мондам, фарзандонам бепадар шуданд. Сарсон шудем. Дар инҷо аз танҳо зиндагӣ кардан метарсам,”—мегӯяд ҳамсари Олимҷон Аббосов.

Акси сарбозони Қирғизистон, ки дар муноқиша қурбон шуданд
Акси сарбозони Қирғизистон, ки дар муноқиша қурбон шуданд

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои мақомоти тандурустии Қирғизистон теъдоди кушташудаҳоро дар он кишвар 63 кас ва захмиёнро зиёда аз 200 нафар эълон кард. Теъдоде ҳам дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бехонаву дар шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Умеду нигарониҳо пас аз як соли муноқишаи хунин дар марз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:12 0:00

Дар ҳодисаҳои як соли пеш манзил ва мошини Оқилхӯҷа Тоҷиев нобуд шуд. Деҳаи Сомониён, ки Оқилхӯҷа онҷо зиндагӣ мекунад яке аз нуқтаҳои доғ дар он шабу рӯз буд. “Аз мошину хонаву дар маҳрум шудем. Ҳар чизе дар 34 сол ҷамъ оварда будем, намонд. Танҳо либосҳои танамон монду бас. Ин навбат ҳамааш сӯхта хокистар гашт,”—он рӯзҳоро ба ёд меорад Тоҷиев.

Исмоил Назаров, сокини деҳаи Достуки Бодканд ҳам дар ҷараёни даргириҳо хонаву кошонаашро аз даст дод.

Назаров дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, “дар инҷо меҳмонхона, ҷойи шустушӯ ва ошхонаи хурд буд. Ин хонаи калони мо буд. Ҳатто дастобрезро бурдаанд. Ҷонваронро куштаанд. Онҳо чӣ гуноҳ доштанд?”

Деҳаи Сомониён дар чанд соли ахир нуқтаи доғ аст
Деҳаи Сомониён дар чанд соли ахир нуқтаи доғ аст

Деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз се маҳалла иборат аст. Сомониёни боло, Сомониёни миёна ва Сомониёни поён аз чанд тараф бо деҳаҳои Қирғизистон ҳамсояанд. Бошандагонаш мегӯянд, дар муноқишаи моҳи сентябри соли 2022, ба мисли дафъаҳои гузашта, бештар аз дигарон зиён диданд. Дар ин деҳа оилаҳое ҳастанд, ки дар пайи муноқишаҳои солҳои охир хонаҳояшон дастикам се бор сӯхтаву вайрон ва аз нав сохта шудааст. Ҳарчанд мегӯянд, аз низоъ ва пайомадҳояш хаста шуданд, вале бояд ба зиндагӣ идома диҳанд.

“34 сол боз ҳамроҳи ҳамсару духтарам дар ин маҳалла ҳастем. Бори аввал хонаамонро оташ заданд ва соли 2021 аз нав сохта доданд. Раҳмат, мо миннатдор. Рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 боз хонаамон сӯхт,”--- мегӯяд Шариф Назаров, сокини маҳаллаи Сомониёни Исфара.

Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов 16 сентябр вохӯрда, оташбас эълон карданд
Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов 16 сентябр вохӯрда, оташбас эълон карданд

Баъд аз тақрибан се рӯзи задухӯрд дар сарҳад, намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба музокирот пардохтанд ва 16-уми сентябри соли 2022 оташбас эълон шуд.

Ҳоло сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ором аст, аммо марҳ бастааст ва имкони рафтану омадан нест. Баъзан дар бораи занозании сокинон ва ё таҷаммӯи низомиён дар сарҳади ду кишвар гузориш мерасад. Мақомот вазъро дар умум муътадил ва идорашаванда тасвир мекунанд.

Ҳайатҳои ду тараф низ моҳҳо боз, гоҳ дар Душанбе ва гоҳ дар Бишкек, ҷамъ омада, таъини сарҳадро баҳс мекунанд, аммо ҷузъиёташро ба омма намегӯянд. Орзуи сокинони назди марз аз ҷумла Шариф Назаров ин аст, ки “дигар насӯзаду ҳамеша сулҳ бошаду мо хушу хурсанд зиндагӣ кунем.”

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) моҳи майи имсол гуфт, нерӯҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар даргирии марзии моҳи сентябри соли 2022 ба иқдомҳое даст задаанд, ки "эҳтимолан баробар бо ҷароими ҷангист". Мақомоти ду кишвар ба ин изҳорот вокуниш накарданд.

Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, то замони пурра таъйину нишонагузорӣ шудани хати сарҳад оромӣ надоранд. Метарсанд, ки ба мисли моҳи сентябри соли гузашта аз наздикон ва хонаву дари худ маҳрум нашаванд. Айни ҳамин умед ва нигарониро дар он тарафи сарҳад ҳам доранд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. 14 сентябр, шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. 14 сентябр, шаҳри Душанбе

Раҳбарияти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар изҳоротҳои расмӣ ибрози омодагии худро барои идомаи музокирот ва ҳалли осоиштаи баҳси марзӣ баён медоранд. Ҳарчанд дидгоҳу талабҳояшон дигар ва далелу санадҳояшон гуногун аст.

Аз тақрибан ҳазор километр хати марз беш аз сесад километри он муайян нашудааст. Баҳс ҳам бар сари обу чарогоҳ ва заминҳоест, ки ду тараф худро соҳиби он мепиндоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG