Сармои қаҳратун дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, ки ба озмуни байнулмилалии Eurovision омодагӣ мегирад мушкилоти зиёд ба миён овард. Пиёдароҳу зинапояҳое, ки ба ин муносибат бо дастури шаҳрдори Боку тармим ва навсозӣ шудаанд, барои раҳгузарон ба "Пули Сирот" табдил ёфтаанд.