Чоршанбе, Феврал 08, 2012 Соат ба вақти Душанбе 11:11

ИҶОЗИ ИСТИФОДАИ МАТОЛИБИ РАО/РО
 
Бознашри мақолаҳо, истифода аз маводи аудио ва видеоӣ
РАО/РО аз истифода, бознашр ва бозтақсими матнҳое, ки дар ин сомона нашр шудаанд, истиқбол мекунад. Мо ҳамчунин аз нашри маводи РАО/РО ба таври мунтазам дар сомонаҳо, феҳрасти обуна, маҷмӯаҳои хабарӣ ва хазинаву бойгониҳои иттилоотӣ истиқбол мекунем. Аммо фурӯши маводи РАО/РО қатъиян манъ аст.

Ҳангоми бознашри маводи РАО/РО мо талаб дорем, аз РАО/РО ба таври зайл зикр шавад:

* бо нашри пайванди ҷойгоҳи доимии мақола дар сомонаи РАО/РО,

* иттилои зерин ҳамроҳи ҳар мақола:

Ҳаққи муаллифӣ (с) 2011. РАО/РО. Бознашр бо иҷозаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, 1201 Connecticut Ave., N.W. Washington DC 20036.

Агар аз матлабе нақли қавл зарур бошад, мо талаб дорем, дар маводи иқтибосӣ аз тағйири мазмун, номҳо ва дурустии матлаб худдорӣ шавад. РАО/РО ҳақ хоҳад дошт, дар ҳар фурсате, ки хост, ҳуқуқи бознашри матолибашро бекор кунад.

Нашароти интернетӣ ва барномаҳои бойгонишудаи РАО/РО ва 18 бахши нашаротии он танҳо барои истифодаи хусусӣ аз тарафи шунавандагони мо пешбинӣ шудаанд. Ҳама гуна нашароти такрорӣ ё истифодаи дигар аз ин барномаҳо бидуни иҷозаи рӯшан ва хаттии РАО/РО манъ аст.

Барои дарёфти иҷозаи бозистифода аз матн, акс, садо ё видеоҳои РАО/РО, лутфан, ба нишонии web@rferl.org нома фиристед.

Маводи тарафи савум
Бархе аз матолиби РАО/РО маводеро дар бар мегиранд, ки аз тарафи бунгоҳҳои беруна (“Маводи тарафи савум), ба монанди Ассошиейтед Пресс, Ройтерз, Оҷонс Франс-Пресс, ИТАР-ТАСС ва ғайра эҷод шудааст. Пеш аз истифодаи он матолиби РАО/РО, ки маводи тарафи савум доранд, бояд нахуст на танҳо аз РАО/РО, балки аз соҳибҳуқуқони маводи тарафи савум иҷоза бигиред.

Пайванд ба сомонаҳои беруна
РАО/РО аҳёнан дар сомонаҳои худ пайванде ба сомонаҳои дигар мегузорад, ки аз тарафи афрод ё ниҳодҳои номарбут ба он нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин ҳолатҳо Радиои Озодӣ ба ниҳодҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳизбие бартарӣ медиҳад, ки ҳадафашон хидмат ба ҷомеа аст. Радиои Озодӣ ба ин сомонаҳои беруна назорат надорад ва кафили мӯҳтаво, гардонандагон, фуровардаҳо ё хадамоти онҳо нест. Гузашта аз ин, Радиои Озодӣ масъул ё ӯҳдадори мӯҳтаво, гардонандагон, дастрасӣ, дурустӣ, сифат, таблиғ, фуровардаҳо, хадамот ё дигар маводи ин сомонаҳо намебошад. Радиои Озодӣ барои ҳама гуна тахриб ё зараре, ки дар робита бо истифода аз ин сомонаҳо ва ё эътимод ба мӯҳтаво, фуровардаҳо ва хадамоти онҳо рӯй додааст ва ё гуфта мешавад, рӯй додааст, масъул ё ӯҳдадор нест.

Сабки иқтибос
Ҳангоми истифода аз матолиби РАО/РО барои осори пажӯҳишӣ, луфтан, нақди қавлро ба кор баред. Барои донистани қоидаҳои нақли қавл ё иқтибос, ин сомонаҳоро бубинед:

APA:
Electronic Reference Formats Recommended by the American Psychological Association

Chicago & Turabian:
A Brief Citation Guide for Internet Sources in History and the Humanities (by Melvin E. Page)

General Resource:
Karla's Guide To Citation Guidelines



СИЁСАТИ ҲИФЗИ ИТТИЛОИ ХУСУСӢ

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) ба ин бовар аст, ки корбарони интернет ба хилвати хусусӣ ва вуруд ба интернету истифодаи бедидбонӣ аз он ҳақ доранд.

Бо мақсади таъмини беҳтарин хадамоти мумкини хабаррасонии интернетӣ барои корбарон, мо ду навъи иттилоъ аз онҳо ва дар бораи онҳоро ҷамъоварӣ мекунем: нишонаҳои имейл, ки онҳо ҳангоми обуна ба маводи РАО/РО барои гирифтан аз тариқи имейл ба мо мефиристанд ва маълумоти оморӣ барои донистани вазъи истифода аз сомонаи мо.

Нишонаҳои имейл
Онҳое, ки ба хабарномаҳои имейлии РАО/РО обуна мешаванд, ихтиёран нишонаҳои имейли худро барои гирифтани ин хабарномаҳо мефиристанд. РАО/РО ба ҳеҷ ваҷҳ ин нишона ва суроғаҳоро ба ҳеҷ тарафи савум намедиҳад. Ҳамчунин феҳрасти обунашудагон дар дохили РАО/РО низ бо ҳеҷ ҳадафе ба ҷуз обунаи ба хабарнома истифода нахоҳад шуд. Обуначиён метавонанд дар ҳар фурсати дилхоҳ обуна ба хабарномаҳоро зимни қоидаҳое, ки дар онҳо ва сомонаҳо зикр шудааст, қатъ кунанд. Агар дар ин амр бо мушкиле рӯбарӯ шудед, метавонед бо корманди сомонаҳое, ки хабарнома нашр мекунанд ё Бахши интернетии мо бо нишонии web@rferl.org тамос гиред.

Маълумоти оморӣ
Мисли ноширони аксар сомонаҳо РАО/РО ҳангоми вуруди хонандагон ба сомонааш маълумот гирдоварӣ мекунад. Ҳадаф аз ин ҷамъоварии маълумот оддист – донистани он ки чӣ теъдод аз сомона дидан мекунанд, аз кадом кишварҳо, кадом сафҳаҳоро мебинанд ва ғайра. Ин фароянди ҷамъоварии иттилоъ ба РАО/РО ин имконро намедиҳад, ки кӣ будани Шуморо мушаххас кунад, танҳо шумораи хоси компютер ба қайд гирифта мешавад. Нармафзори мавриди истифодаи мо бар пояи ин гузориш медиҳад ва айни амали броузерҳои муқаррариест, ки сафҳаҳои дидаи корбарро ба қайд мегиранд. Ин барномаҳо танҳо дар мӯҳлати муайян боздидҳо аз сомонаро гузориш медиҳанд ва баъд аз хориҷ шудани корбар аз сомона ба поён расида, иттилоъ маҳв мешавад. Маълумоте, ки бо ин роҳ ҷамъ меояд, танҳо барои истифодаи дохилӣ буда, бо мақсади хидмати беҳтар ба корбарон дар заминаи одатҳои онҳо дар хондани хабару матолиб ба кор бурда мешавад.

Агар пурсиш ё шарҳе доред, ба ин суроға бинависед: web@rferl.org