Рӯзи 1-уми феврал дар Теҳрон солгарди 33-юми бозгашти Оятуллоҳ Хумайниро бо як маросими аҷибе таҷлил карданд. Дар ин маросим ба монанди 1-уми феврали соли 1979 як сурати қоғазии Имом Хумайниро аз ҳавопаймо фароварданд ва ӯро издиҳоми бузург “пешвоз” гирифт. Ин маросим бахше аз Даҳаи Фаҷр буд. Даҳаи Фаҷр 10 рӯзест, ки аз бозгашти имом Хумайнӣ дар 1-уми феврали соли 1979 то пирӯзии инқилоби исломӣ дар 11-уми феврали ҳамон сол гузашт...