Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АКС: 6 000 гӯсфанди 131-долларӣ дар интизори қурбонии тоҷикон

Масъулони ситоди “Ҳаҷ-2014”-и Тоҷикистон аз маҳалли қурбонӣ дар Макка боздид кардаанд, ки дар он ҷо барои зоирони кишвар 6 ҳазор гӯсфанд нигаҳдорӣ мешавад. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мегӯяд, ин гӯсфандҳо дар рӯзи Иди Қурбон ё Азҳо аз тарафи ҳоҷиёни тоҷик кушта хоҳанд шуд. Ба қавли ӯ, ҳар кадоме аз ин гӯсфандон бо нархи 490 риёл, баробар ба 131 доллар харидорӣ шудаанд. “Аз миқдори умумии гӯшти гӯсфандони қурбонишуда тақрибан 5 тоннаи он дар ихтиёри зоирони тоҷик гузошта мешавад, то онҳо низ аз қурбонии анҷомдодаи худ истифода намоянд”,-афзуд ӯ.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG