Подкастинг
Подкастинг чист?
Агар шумо барномаи дӯстдоштаатонро натавонистед, ҳангоми пахш шуданаш бишнавед, подкастинг бароятон имконеро фароҳам меорад, ки на танҳо онро дар вақти дигар гӯш кунед, балки бо интиқол додани сабти он ба дастгоҳи мр3-и худ дар кӯча ё мошин ва дар вақти дилхоҳу роҳаттар гӯш кунед. Вожаи "подкастинг" аз омезиши ду вожаи "под" ва "броадкаст" падид омадааст. Ин фанноварии мададрасонест, ки барнома ё намоишҳои баргузидаи шуморо ҳангоми пахш шуданашон ба таври худкорона гирд меорад ва ба компютери шумо мекӯчонад. Ба ин тартиб, ин имконро хоҳед дошт, ки дар замони дилхоҳи худ ба барномаи мавриди назаратон гӯш диҳед.
Подкастинг чӣ гуна кор мекунад?
Подкастинг ба фанноварии RSS бино ёфтааст, бо ин тафовут, ки ба ҷои хабархони RSS, шумо дар подкаст аз як нармафзори пахши садо истифода мекунед. Ба монанди RSS, дар подкастинг низ шумо номгӯйи барномаҳои дилхоҳи худро интихоб мекунед ва сар аз он лаҳза ин нармафзор ин барномаҳоро ба маҳзи нав шуданашон ба компютери шумо мекӯчонад ва нигоҳ медорад. Яъне ҳамчун дастёру хидматгори беминнат ин хостаҳои шуморо ҳамарӯза ва ҳарлаҳзаина ба ҷо меорад. Аммо барои ин дар ибтидо шумо ба як нармафзори пахши садоии диҷитолӣ ниёз доред.
Чӣ барномаҳое барои дарёфти подкастинг лозиманд?
Соддатарин роҳ барои дарёфти подкастинг истифода аз нармафзорҳои бепули Itune ва Ipodder аст. Ибтидо яке аз ин нармафзорҳоро дарёфт ва насб кунед. Сипас, бо клик кардан рӯи яке аз пайвандҳои самти чапи ин сафҳа адреси интернетии барномаҳои дилхоҳатонро ба даст оваред. Ин адресро дар бахши "Add Feed" ворид кунед. Ба ҳамин соддагӣ шумо муштараки ин барнома мешавед. Агар бо мушкиле дар ин замина мувоҷеҳ шудед, лутфан бо имейли мо тамос бигиред.
Баъд аз иштирок бояд чӣ кунам?
Ҳар гоҳ барномае, ки онро баргузидед, яъне ба он обуна шудаед, дар сомонаи интернетии радиои Озодӣ нав шуд, нармафзори пахши садоӣ, ки бар рӯи компютератон насб кардаед, ба сурати худкор онро дарёфт мекунад. Шумо метавонед, ба ин барнома ё дар комютератон гӯш диҳед ва ё бо интиқоли файли садоии барнома ба як дастгоҳи "MP3 player" дар ҳар маконе, ки хостед, онро бишнавед.