Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Гуфтугӯи мустақим бо вазири маориф

13.07.2010

Абдуҷаббор Раҳмонов, аз соли 2005 то кунун мақоми вазири маорифи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Ӯ доктори илмҳои филологӣ ва узви пайвастаи Фарҳангистони улум мебошад.

Дар муддати роҳбарии Раҳмонов ба вазорати маориф чандин барномаи ислоҳоти ин соҳа рӯи даст гирифта шуд, агарчанд бархе аз ин барномаҳо боиси баҳсҳои фаровон низ шудааст.

Гузаштан ба низоми таълими дувоздаҳсола, яке дигар аз барномаҳои ислоҳоти низоми омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон аст, ки вазорати маориф қасд дорад онро амалӣ кунад.

Ахиран вазири маорифи Тоҷикистон, инчунин гуфтааст, ки ба манзури боло бурдани сатҳи таълиму тарбия Қонуни масъулияти волидайн низ таҳия ва ба маҷлис пешниҳод шудаааст.

Аз сӯи дигар, бо фаро расидани масвими қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон баҳси чӣ гуна метавонад донишҷӯ шуд, низ доғ шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов дар гуфтугӯи мустақим ба суолҳои беш аз 100 хонандаи Озодӣ посух дод.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 11
Ном: saidjon аз: dushanbe
13.07.2010 16:06
SALOM USTODI AZIZ MAN MUHASILI DONISHGOHI MILI DONANDAI 4 ZABONI KHORIJI HOLO MEKHOHAM ASPRANTURARO DAR LONDON IDOMA DIHAM & BA MUSOIDATI SHUMO NIYOZ DORAMQABLAN SIPOSGUZORAM.
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 14:48
Пеш аз ҳама ба кормандони радиои «Озодӣ» изҳори ташаккур баён мекунам, ки имкон фароҳам оварданд, ки бо шаҳрвандони оид ба бурду бохти соҳаи маориф сўҳбат мекунем, гарчанде чандин маротиба дар ин маврид муроҷиат шуда буд ва бо сабабҳои гуногун ин сўҳбат ба таъхир афтод.
Ҷавоб: Мо ифтихор дорем, ки Шумо алаккай донандаи чор забон мебошед. Тавре ҳамагон медонанд соли дуввум аст, ки бо ташаббусу дастгирии Президнети кишвар Эмомалӣ Раҳмон Стипедияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои таҳсил дар хориҷи кишвар амалӣ мешавад. Бо сабаби он ки аз ҷониби шаҳрвандон барои таҳсил дар Лондон муроҷиат нашуда буд, имсол таҳсил дар Лондон ба нақша гирифта нашудааст. Шумо метавонед бо таври расмӣ ба Вазорати маориф муроҷиат кунед, мо албатта кўшиш мекунем солҳои минбаъда ин дархостро ба инобат гирем ва дар нақшаи қабул ворид намоем.

Ном: Комрон аз: Исфара
13.07.2010 16:32
Ассалому алейкум мухтарам Абдучаббор Азизович. Ман аслан то чое Шуморо яке аз чехрахои фархангии миллат мешиносам ва эътироф мекунам. Рости гап барои ислохоти сохаи маорифи кишвар захмат мекашед. Исботи ин гуфтахо тачдиди мактабхоит миёна азнавсози ва ташкили мактабхои типпи нав мебошад. Чунин мактабхор дар 70 соли Шуро падару боби мардуми кухистон алалхусус водии Мастчоху Исфара ва Айни дидаги нудуданд.
Аммо дар идора ва низоми мактаби Олии кишвар ва кадрхое, ки Шумо дар он чойхо мондаед ман рози шуда наметавонам Ман Институти Политехникки Точикистонро хатм кардам дар Институти политехники кариб 27 сол кор кардам ва холо дар Колечи Исфара дарс мегуям. Он кадрхое, ки Шумо дар ин чо Рохбар таъин кардед ман хуб мешиносам аввалаш, ки мавкеъ надоранд дувумаш, ки хамааш хатмкардаи як факултет хастанд савумаш, ки на мудирони кафедра на деканхои факултет суханонашонро гуш намедихнд. Муовини аввали Ректор оид ба таълим Амонов умуман мавкеъ надорад Ки ва барои чи онро таъин кардед Ин гап имруз не баъди 10 сол зиёнаш мерасад Чаро Профессор Турсунов Профессор Бадалов прфессор Сангинов Профессор Зулфонов ва даххои дигар, ки лоики чойохои масъуланд таъин намешаванд. Мухтарам Вазир ман дар бораи Ректор чизе гуфтани нестам зеро, ки онро хуб намешиносам Илтимос як бор вакт чудо карда ба ин кор таввачух кунед
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 14:51
Ташаккур бародари азиз! Мо сипосгузорем аз Шумо, ки камбудиҳои соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳед. Пешниҳоди Шумо оид ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мавриди омўзиш қарор дода мешавад ва оид ба ҳалли онҳо чораҳо меандешем.

Ном: Дилшод аз: Душанбе
13.07.2010 17:04
Вазири мухтарам!
Хатогихои китоби руимизии "Мактаби оли"-ро кай ва ки ислох мекунад.
То ба кай садри факултахои макотиби олиро шахсони гайр рохбари мекунанд. Мисол - номзади илмхои байтори декани факултаи иктисоди ва амсоли ин...
ХУДО ХОФИЗ
Дар посух

Ном: Адуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 14:57
Ҷавоб: Бале, бори аввал дар даврони истиқлолият Вазорати маориф маҷмўаи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ҷамъоварӣ намуда, бо номи “Мактаби олӣ” дар ду ҷилд оҷилан нашр кард ва албатта, дар чопи он қамбудиҳо вуҷуд доранд. Мавриди зикр аст, ки китоби мазкур таҷдиди назар шуда истодааст, хуб мешуд ҳамкасбони азиз барои хубтару беҳтар шудани он пешниҳод манзур мекарданд.
Вабаста ба саволи дувуматон ҳаминро гуфтаниам, ки мо аз камбудиҳое, ки Шумо қайд кадаед огоҳӣ дорем. Оид ба ҳалли онҳо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор гардидаанд, ки талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи факултет ва кафедраро риоя намоянд. Мувофиқи Нақшаи кори Вазорати маориф вобаста ба таъмин ва иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои зикршуда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ санҷишҳо гузаронида шуда, чораҳо андешида мешаванд.

Ном: Устод аз: Душанбе
13.07.2010 17:28
Ман ба фикрхои устод Комрон пурра рози шуда метавонам. Ман дар ин Донишгох холо дарс мегуям. Собикаи кориам 24 сол аст. Хаётамро дар ин Донишгох гузаронидам . Аммо ин бесарусомониро дар тули фаъолиятам надидаам Донишгох ба Гуруххои Зарафшонихо (Захматободихо), Уротепагихо Панчакентихо ва кадрхои овардаи давраи Одинаев Саидахмад чудо шудааст . Низом нест касе гапи якдигарро намегирад Илтимос Вазир як бор анкетаи Аноними гузарон мефахми чи гап Ин Донишгохи олии пешбар буд холо табартаксим шуда истодааст
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 14:58
Ба ин суол ман алаккай посух гуфтам ва кўшиш менамоем, ки камбудиҳоро мавриди омўзиш қарор дода, чораҳо андешем. Саломат бошед!

Ном: Мусалмон аз: Вахдат
13.07.2010 17:44
Салом мухтарам Вазир. Аз Шумо хохиш мекунам ки рост ва дуруст ба ин саволхо чавоб дихед!: Ба мо меравад садохо ки Шумо аз дарсхои донишгоххо духтарони мусалмоне ки дар сар румол ё сатр доштаанд бо хакорату тахкир аз дарс рондаед ва шарт гузоштаед ки то румолу сатрашонро напартоянд ба дарс рох дода нашаванд? Ин рост аст? Агар ха ба фикри Шумо он 50% духтароне ки бо тани нимбарахна ва мини юпкахо ба дарс меоянд ин хуб аст ё бо либоси мусалмони?
Дигараш Шумо пешниход кардед ки ба талабагони мактаб катъиян омузиши дарсхои Исломи ва рафтан ба масчидхо манъ шавад. Оё ин маънои онро дорад ки Точикистон ва хусусан вазорати Шумо зидди Ислом хастед? Кори бачагоне ки дар хонаи корихо дарс мегиранд аз тарафи макомотхо ба чавобгари кашида мешаванд.

Як саволи дигар Шумо конуни вазоратро аз Конституцияи Точикистон баланд мехисобед? Ман гуфтаниям ки дар Конституция хар як гражданин хукуки озодона интихоб кардани либос, дин, рафтан ба масчидро дорад аммо дар вакте ки як духтар ба суд мурочиат кард дар бораи ба дарс омадан бо сатр Шумо ва зердастонатон гуфтед ки на конституция балки фармонхои ман(вазорати маориф) баландтар аст?
Рахмат!!!
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 14:59
Бояд таъкид намуд, ин дуруғу бофтаҳоро шахсоне мегўянд, ки дар бораи оддитарин ҳуҷҷати марбут ба соҳаи таълиму тарбия тасаввурот надошта, сари масъалаҳое баҳс меороянд, ки аз забони ин ё он раҳгузар шунида ва ё кадом шахси бехабар аз соҳа ба онҳо гуфтааст. Таъкид менамоем, ки Дастуруламали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ муддати як сол мавриди омўзиши мутахассисон ва кормандони соҳа қарор дошт. Дастуруламали мазкур дар ҳафтаномаи соҳавии «Омўзгор» низ нашр гардида, фикру дархости омўзгорон ба инобат гирифта шуд. Пўшидани либоси ягонаи мактабӣ имконият фароҳам меорад, ки баробарии хонандагон дар мактаб таъмин гардида, кибру ғурур аз байни хонандагону донишҷўён равад. Дар бештари кишварҳои олам либоси ягонаи мактабӣ роиҷ буда, метавон аз тариқи интернет аз онҳо бархўрдор шуд.
Тибқи дастуруламали либосҳои тавсиявӣ рўймол, поҷома, куртаҳои остиндор барои хонандагон ва донишҷўён иҷозат дода шудааст. Овехтани зебу зинатҳои зиёд, пўшидани сатр, либоси нимбараҳна, юпкаи кўтоҳ, шими ҷинс манъ карда шудааст.
Дар дастуруламал ҳамаи арзишҳои миллӣ дар мавриди пўшидани либос ба эътибор гирифта шуда, либосҳое, ки тарғибгари идеологияи бегонаанд, хусусан пўшидани либосҳои тангу чокдоман ва либосҳое, ки тарғибгари урёниву ғайриахлоқӣ ҳастанд, манъ карда шудаанд. Дар ин маврид, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба дилхоҳ муассисаи таълимӣ рафта, бо ин дастуруламал шинос шавед. Ва дигар ин ки вазорати маориф хеч гоҳ омўзиши исломро манъ накардааст ва зидди ислои низ нест. Вакте хонанда ва донишҷў дарсро партофта ба масҷид меравад ва раванди таълим халалдор мешавад, мо албатта муқобил чунин амал ҳастем. Баъди фориғ аз дарс метавонанд намозҳояшонро хондан гиранд. Агар вазорат зидди ислом мешуд, омўзиши фанни “Маърифати ислом” ва “Таърихи динҳо” -ро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ роҳандозӣ намекард. Дигар ин ки ҳоло дар Тоҷикистон муассисаҳои таълимии динӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳар як шахс метавонад дар он таҳсил намояд. Ҳатто бо иҷозати Вазорати маориф коллеҷи “Абўҳанифа” соли дуюм аст, ки фаъолият дорад.
Баъдан ин дрўғи маҳз ҳаст, ки ман фармонҳои худро аз Конститутсия боло гузошта бошам. Дар ягон маврид ин суханро нагуфтаам, мисли дигар шаҳрвандон қонунро эътироф менамоям.
Саломат бошед!

Ном: Абдухафиз аз: Кургонтеппа
13.07.2010 18:12
Салом устод ман ба шумо савол дорам
1.Чаро мо точикистониён дар байни давлатхо аз хама кафотарин мамлакатем ва хол он ки маорифи мо харруз конун мебарорад ягон фоида наметияд саба чист
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 14:59
Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дорад ва бо дастгирии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, соҳаи маориф соҳаи афзалиятнок эълон гардидааст. Мо ҳар сол мактабҳои зиёдро бо тамоми шароити таълими муосир ба истифода медиҳем. Ва боз ин иқдомҳо идома доранд.Вазорати маориф дар ин самт низ ҳамаи чораҳоро андешида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳамаи зинаҳои таҳсилотро таҳияву баррасӣ карда истодааст, ки ҳамаи онҳо ба ислоҳоти соҳа нигаронида шудаанд. Ин ҳуҷҷатҳоро метавонед аз сомонаи Вазорати маориф (http://www.education.tj) дастрас намуда, мавриди омўзиш қарор диҳед. Дигар ин ин ки солҳои пеш иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ 50-100 нафар ташкил медода бошад, солҳои охир ин теъдод афзуда истодааст. Масалан, соли ҷорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ 943 хонандагон иштирок намуданд, ки ин болоравии сифати таҳсилотро муайян мекунад, гарчанде ҳоло ҳам пурра сифати таълим ба талабот ҷавобгў нест. Дигар ин ки тули чанд сол аст, ки хонандагону донишҷўёни тоҷик ва дар озмунҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, мақоми Тоҷикистонро баланд бардошта истодааанд. Масалан, ҳамин сол хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналхалқӣ сазовори 47 медали тилло, 48 медали нуқра ва 91 медали биринҷӣ гаштанд. Оё ин мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муайян намекунад, ҳарчанд натиҷаҳо бо он теъдоди хонандае, ки мо дар ҷумҳурӣ дорем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифро қаноатманд карда наметавонад. Боварӣ дорам, ки бо баланд шудани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ омўзгорон соҳаи маорифи Тоҷикистон низ рушд хоҳад кард.

Ном: Рахматуллох аз: Мастчох
13.07.2010 20:36
Салом рафик вазир.
Оё шумо медонед,ки доштани сатр ба модарону хохарон фарзу фармони худованд хаст?Агар донед,пас чаро зидди фармони худоед?Магар ин зидди озодии инсон дар Конституция нест?Лутфан возехтар посух дихед.Ташаккур.
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 15:00
Дар ин мавзўъ ман андешаҳоямро баён доштам. Саломат бошед!

Ном: Илхом аз: Москав
13.07.2010 20:40
Салом устоди гиромӣ Абдуҷаббор Азизович. Солҳои охир дар мактабҳои Пойтахт бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ "ҷангҳои мактаб ба мактаб" баргузор мешавад. Вазорати маориф барои пешгири кардани ин "ҷанг"-ҳо чи чораҳое пешбинӣ карда истодааст?
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 15:01
Албатта, мо аз ин вақеаҳо хабардор ҳастем. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо раёсат, шўъбаҳои маориф ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ баҳри роҳ надодан ба «ҷангҳо»-и мактабӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Мавриди зикр аст, ки Вазорати маориф ҳуҷҷати муҳим Консепсияи миллии тарбияро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул кард. Агар ҳар як банди он аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва идораву корҳонаҳои дахлдор ва аҳли ҷомеа агар иҷро шавад, чунин амалҳои нангин рух нахоҳад дод. Бо истифода аз ин маврид, аз падару модарон хоҳиш доштам, ки ҳамкориро бо муасссисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд ва дар таълиму тарбияи фарзондон бетараф набошанд .

Ном: Iosif аз: Saint-Petersburg
13.07.2010 21:10
Мухтарам вазир! Дар давраи шурави сахти маълумотнокии мардумони Помир, дар саросари Шурави дар чои аввал буд. Шумо сахти маълумотнокии мардуми Помирро дар сохибистиклолии Чумхурии Точикистон чихел бахо медихед?
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 15:01
Бале, дар давраи Шўравӣ сатҳи маълумотнокии мардуми Бадахшон дар ҷойи аввал қарор дошт. Мавриди таъкид аст, ки тибқи санҷишҳои Вазорати маориф ва он сафарҳои хизматие, ки ман ба ин минтақа доштам, сифати таҳсилот дар ду ноҳия Рўшон ва Ишкошим ҳоло ҳам бад нест ва нисбат ба ноҳияҳои дигари ВМКБ фарқи калон дорад. Дар умум нисбат ба чанд соли пеш сатҳи дониши хонандагони ин минтақа боло рафта истодааст. Як чизи аз ҳама муҳим ин аст, ки дар ин минтақа таваҷҷўҳи хонандагон ба омўзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои табиӣ –риёзӣ меафзояд ва фикр мекунам, ки солҳои наздик боз сатҳи маълумотнокии мардум ба солҳои давраи Шўравӣ баробар мешавад.

Ном: Начмиддин Шохинбод аз: Хучанд
13.07.2010 21:34
Салом Абдучаббор! Дар тамоми дунё аз замон Куруш то ба имруз мардум аз ду вазир-вазири таълим ва молия рози набудандва шояд хазор соли дигар гилла хоханд дошт.Вале шумо дар 5 сол вокеан дар маориф инкилоб кардед.Гарчанде пирузии ин инкилоб баъди дахсолахои дигар айён хохад шудман шахсан ба неруи кори ва чадали сангини шумо шинос хастам.Имруз ба чои савол пешниход дорам.Тахсилоти олиро минбаъд на ба хохиши мардум балки ба фармоиши давлат ба рох монд.Имруз диплогункуни муди замон шудаст.Се со боз дипломхои се писари ман дар чевон хобидаанд.Афсус чевон иктисодшиносу хукукдон нашуд.Хама сар ба сар тан ба диплом доданро нобуд созед! Барои шумо пирузихои комил тамманно дорам.Начмиддин
Дар посух

Ном: Абдуҷаббор Раҳмонов аз: Душанбе
05.08.2010 15:02
Ташаккур бародари азиз! Мо узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва бояд ҳамқадами замон бошем. Ҳар навоварӣ дар соҳаи маориф танҳо ба хотири пешравӣ ва воридшавӣ ба фазои ҷаҳонишавии таҳсилот мебошад. Пешниҳоди Шуморо мавриди омўзиш қарор медиҳем. Дигар ин ки ҳар ҳафта аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва идораҳои мутаалиқи он ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ гузаронида мешавад ва фарзандони Шумо метавонанд дар онҳо иштирок кунанд ва шояд соҳиби кор шаванд. Ман боварӣ дорам, ки мутахассиси хуб дар бозори меҳнат албатта соҳиби кор мешавад.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 11

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил