Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Саволи Шумо ба Аъзам Мирзоев

13.11.2009

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Аъзам Мирзоев ба суолҳои хонандагон посух дод.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Ном: Хабиб аз: Русия
13.11.2009 19:13
1. Чи микдор пизишкони точик дар хоричи кишвар кор мекунанд ва бештар дар кучо?
2.Адабиётхои тиббие, ки дар мактабхои пизишкии Эрон ба кор мераванд, оё дар кишвар истифода бурдан мункин нест?
3. Оё вазорат профессорони намоёни форсизабонро барои омузиш ба кишвар даъват менамояд?
4. Оё вазорат он пизишконе,ки бо чурмхои сохтаи фасод ба додгох кашида мешаванд дифо месозад?
Дар амони Худованд бимонед!
Дар посух

Ном: Сардабир
16.11.2009 13:32
Хонандагони арҷманд. Лутфан, пурсишҳое ба миён бигузоред, ки дар доираи салоҳият ва масъулияти мӯҳтарам ноиби вазир Аъзам Мирзоев ҳастанд. Ҷаноби Мирзоев бештар масъули риштаи мубориза бо бемориҳои сирояткунанда аст ва дар робита ба тадбирҳои зидди чунин амрозу муолиҷаи онҳо посух дода метавонад. Пурсишҳое, ки аз ин чаҳорчӯб берунанд, ба эҳтимоли зиёд беҷавоб хоҳанд монд.
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:06
Нахуст мехоҳам ба сомонаи Озодӣ ва хонандагони он, онҳое ки суол доданд ташаккур бигӯям барои ин фурсате, ки фароҳам овардаанд. Посухи суолҳои шумо:
1) Аз миқдори аниқи пизишкони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, ба таври расмӣ омор бурда намешавад. Табибони мо бештар дар Федератсияи Русия, Афғонистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Яман кор мекунанд ва дар назар аст, ки ба Арабистони Саудӣ ба кор раванд.
2) На фақат адабиётҳои Эрон, балки ҳамаи адабиётҳо дар соҳаи тиб истифода мешаванд.
3) Албатта, ин таҷриба солҳои охир хело зиёд истифода мешавад.
4) Вазорат танҳо аз фаъолияти касбии табибон пуштибонӣ мекунаду халос.

Ном: Махмуд аз: Душанбе
14.11.2009 09:15
Солхои охир мо шохиди он шудем, ки вирусхои пештар номаълум ба монанди атипичная пневмония, зукоми мург ва зукоми хук авчи хасти намуданд. Акидае хаст, ки ин вирусхо ба таври сунъи дар лабораторияхо бароварда шудаанд. Гараз аз ин ба даст даровардани фоидаи калон аз тарафи ширкатхои фармацевти будааст. Фикри Шуморо дар ин бора мехостам бифахмам. Ташаккур!
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:12
Мутаассифона, гардиши вирусҳо дар табиат баъди ҳар муддате иваз мешавад ва аз нуқтаи назари илм ҳам ин намуди вирусҳо намудҳои тағйирёфта мебошанд. Эҳтимолияти гардиши вирусоне, ки дар ташхисгоҳҳо кишт шудаанд, дар табиат низ аз эҳтимол дур нест.
Албатта ширкатҳои фармасевтӣ вобаста ба ин ё он намуди беморӣ маводҳои худро пешниҳод менамоянд ва фурсатро ғанимат медоранд. Мисоли оддӣ бемории зукоми нав.Чӣ қадар доруи зиддивирусии тамифлю, ваксинаҳо аллакай фўрухта шуданд.

Ном: Махмуд аз: Душанбе
14.11.2009 09:19
Чанде пештар вакцинаи гриппро тарики сузандору гузаронидам. Аз ман 40 доллар талаб намуданд. Ое нархи ин вакцина дар хакикат чунин гарон аст?
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:14
Нархи як воя ваксинаи зукоми нав 80 рубли русӣ мебошад. Оид ба бемории зукоми мавсимӣ бошад аз 650 то 800 рубл ҳамроҳ бо маслиҳати духтур ва гузаронидани он. Ваксинаҳои бемории зуком ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои ҳоҷиён оварда шуда буду халос.

Ном: Мухиддинчон аз: Истаравшан
14.11.2009 09:41
Ассалому алейкум мухтарам Аъзам Мирзоев.
1.Бигуед,ки дар хонахои баландошьёна,ки газ ва барк нест ба чихел касалихо дучор шудан мумкин аст.
2. Бигуед,ки дар беморхонаи марказии шахри мо ягон маротиба дидан кардаед,ки мардуми касал чи хол доранд. Дар инчо ман гуфтаниам,ки холатхои оддии санитариашро мушохида кардаед.Агар меомадаги бошед хабар надода биёед,вагарна мо касалихоро боз ба маблаги зиёдати мегалтонед.
3.Мухтарам раис магар дар хама беморхонахо нархи операцыя як хелааст,барои мисол дар мо ,курруда-400 сомон(дорувори ва наркос намедарояд),талха-2500 сомон ва г.
Хамаи камбудихоро нигох накарда аз Шумо хохиш мекардам,ки вазъи ичтимоии пизишконро бехтар намоед.Ташакур.
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:17
1) Дар рўзҳои сармо ба ҳамаи бемориҳо дучор шудан мумкин, агар чораҳои пешгириро риоя накунед ва ё ба ягон восита хонаро гарм накунед.
2) Хуб мешуд агар ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр муроҷиат мекардед.

Ном: Абдучалил аз: Душанбе
14.11.2009 17:51
Дуруди Худованд ба Шумо!

Мухтарам Окои Мирзоев!
Хамаи мо бо хуби аз гузаштаи худ огахи дорем ва бо тамоми ифтихори хеш бузургони худро эътирофу эхтиром дорем. Ман дар андешаи худ яке аз бузургтарин шахс ва фарзанди миллатамонро Абу Али ибн Синоро дар назар дорам. Дар даврони зинда будани табиби бузургамон чахониён аз у огахи доштанд ва ба табибони точик ниёзманд буданд, аммо имруз табибони точикро гайр аз Точикистон дар дигар давлатхо намешиносанд.

Суолхое дорам, ки посухи онро на танхо ман балки тамоми мардуми осишта ва бечораи кишварамон шояд интизоранд.

Суоли 1.
Омодагии тамоми марказхои тандурустии кишвар ба "Зукоми Хуг" дар кадом сатх карор дорад ва оё мо метавонем ин намуди бемориро пешгири намоем?

Суоли 2.
Хукумати Точикистон хар сол маблаги зиёдеро барои сохаи тандурусти чудо мекунад, дар хамин соли 2009-2010 чи кадар маблаг барои сохаи тандурусти чудо карда шудааст?

Суоли 3.
Дар холате ки чанд сад миллион сомони барои сохаи тандурусти чудо мегардад пас чаро дар ягон марказхои бемории шахри Душанбе бехбудихо ва пешравихо дида намешавад? Шармовар аст! Аз холу холати марказхои тандурусти ва бемористонхои шахри Душанбе гиря кардан лозим аст.

Суоли 4.
Шумо аз кору фаъолияти марказхои тандурусти ва беморхонахои шахр пурра огахи доред? Ман муносибат ва ришваситониро дар назар дорам? Ман ва миллион мардуми бечораи кишвар бо хуби медонем, ки Шумо шахсони масъул ва вобаста шудаи Хукумат аз ин кору фаъолияти марказхои тандурусти ва беморхонахо огахи доред, пас чаро чорахое мушаххас барои бехтар ва бехбуд гардонии сохаи тандурусти?

Суоли 5.
Ба назари шумо оё марказхои тандурусти ва дигар беморхонаи шахри Душанбе имруз дар соли 2009 барои нигох доштани беморон ба стандартхои чахони ва ё соддатар бигуем барои нигоху бини инсон мувофик аст?
(Шуморо ва вазирро дар вакти назорат кардан аз беморхонахои шахр танхо ба хамон утокхои, ки барои шахсони пулдорону мансабдорон тайёр кардаанд нишон медиханду, аммо аз дигар утокхои, ки одами сихату солим ба ончо дарояд бо зуди бемор мешавад нишон медиханд).

Суоли 6.
Чаро шахсоне, ки сохиби мансабу пулхои зиёд дорад дар беморхонахои шахр бо бехтарин муносибат ва бо бехтарин утокхо таъмин мешавад, аммо мардуми бечораи кишварамон танхо дар утокхои пусидаву гайри санитари таъмин мешавад?

Суоли 7.
Фасодкориро дар сохаи тандурусти кай бархам медихед? Табибони имрузаи кишвар то ки пул аз мардум наситонанд кумаки тибби намерасонанд. Чаро? Мардум чунин холатхоро дар ёд дорад, ки бемороне ки маблаг надоштанду ва ё то лахзае ки аз хешутаборону аз бонк карз мегирифтанд барои табобати худ ва ё наздиконашон алхол барои чаррохи ва ё табобат дер шуда буд ва ин аз натичаи беадолатии табибону духтурони беморхонахои шахри Душанбе.

Суоли 8.
Оё Шумо медонед, ки он кадар духтуроне имруза ва табибони чавон, ки донишгохро хатм кардаанд дар вакти табобат ва ё чаррохи кардани беморон ба чи гуна хатогихои бузург рох медиханд? Дар ин бора маълумот доред? Сатхи донишу тачрибаи онхо бенихоят паст аст ва онхо низ мисли баъзе табибони тачрибадор кушиш мекунанд, ки аз мардум аз беморон пул ситонанд.

Суоли 9.
Дар холате ки Шумо худ бемор шудед, ба кадом беморхона мехохед бистари шавед?
Агар имконият мешуд хамчун актер ва ё худро дар беморхонахо шахр хамчун бемор в мардуми оддии кишвар бистари мекардед ва имтихон мекардед, ки мардумро чи гуна сарнагун кардаанд.

Худованд нигахбони шумо низ бошад!

Бо камоли эхтиром,
Абдучалили Комили
шахри Душанбе
14 ноябри соли 2009
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:20
Дар аввал мехоҳам бигӯям, ки ман ба фикри шумо дар бораи он ки табибони тоҷикро касе ебрун аз кишвар намешиносад, розӣ шуда наметавонам. Табибони тоҷик имрўз дар саросари кишварҳои дуру наздик фаъолият доранд ва соҳиби обрӯю эътиборанд. Бисёри онҳо рисолаҳои илмӣ дифоъ намуда, профессор ва то мудирони кафедраҳо мебошанд ва онҳо номбардорони халқи тоҷиканд.
Посухҳо ба суолҳои шумо:
1) Омодагӣ ба пешгирии бемории зуком мувофиқи Нақшаи чорабиниҳое, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2009 тасдиқ шудааст, идома дошта, дар ҳамин чорчўба гузаронида мешаванд.
2) Дар соли 2010 барои соҳаи тандурустӣ 403 млн 861 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2008 4% бештар аст.
3) Ба ин фикр розӣ шуда наметавонам, зеро таи се соли охир дар шаҳри Душанбе якчанд адад дастгоҳҳои муосири ташхисӣ, аз қабили томографҳои компютерӣ, томографҳои магнитию резонансӣ, ташхисгоҳҳои вирусологӣ, полимеразӣ ва ғ. васл карда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд (Беморхонаи ёрии таъҷилӣ, Маркази миллии тиббӣ ва ғ.). Албатта, яку якбора мо маблағ надорем, ки тамоми беморхонаҳоро тармиму таъмир намоем. Вобаста ба шароит мо тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, то шароитҳоро дар беморхонаҳо беҳтар намоем.
4) Агар Шумо аз чунин ҳолатҳои ришваситонӣ огаҳ бошед, ба органҳои дахлдор муроҷиат намоед.
5) Албатта, имрўз мумкин на ҳамаи шўъбаю беморхонаҳо ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгўй бошанд, вале барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ онҳо ба қадри имкон муҷаҳҳазанд.
6) Барои гурӯҳҳои мувофиқи қарорҳои ҳукуматӣ имтиёздор, барои мисол, иштирокчиёни ҶБВ, дар беморхонаҳо ҳуҷраҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз ҷудо гардидааст.
7) Бар зидди фасодкорӣ мо бояд ҳамроҳ мубориза барем. Ҳолатҳое мешаванд, ки маризон аввал пулро дода, баъд гиря карда мегарданд ва дар вақти супурдани маблағ аз табибон нархнома талаб намекунанд ва ҳуҷҷати додани пулро низ аз хазинадор наметалабанд.
8) Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хатмкунандагон дар соли 2008 Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ қабул гардид, ки дар асоси он хатмкунандагон баъди хатми донишгоҳ ба муддати 1 сол дар марҳилаи клиникӣ таҷриба омўхта, пас аз он ба кор шурӯъ мекунанд.
9) Ташаккур барои пешниҳодотатон. Худо ҳофиз.

Ном: Латиф аз: Россия
14.11.2009 18:45
Салом ба хамаи хамватанон
Раис аз шумояк илтимос хамон дари дармонгохба якто-якто "руйхати хаки хизмат" навишта монетон сари халка духтур сахт намекунад...
Сони тавалудхонаи Исфарба бо мабодо коратон наафтад аз фарзанддор шудагитон пушаймон мекунанад, ин шумоба як маслихат аз шахрвани оддии Исфара
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:33
Агар чунин далелҳо бошанд, ба органҳои дахлдор муроҷиат намоед.

Ном: бебарк аз: ДУШАНБЕ
14.11.2009 19:29
салом алайкум! агар мумкин бошад мегуфтед, ки аз тарики пул ё аз тарики шиносбози ё аз тарики нишон додани тачрибаи хуб ин мансабро лоик гардидед?
дуюм то хол аз чанд нафар нохак пул гирифтед ва нисбати чанд бемор бепарвои кардед.
сеюм оё шумо бовари доред, ки фардо пеши Худованд сарбаландона ба саволхо чавоб медихед?
чахорум нисбати ватану мардуми худ чи корхои некеро анчом додед? илтимос факат табобатро нагед. дигар корхои фоидаоваратро агар мумкин бошад мегуфтед?
саломат бошед.
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:36
Ба Вазорати тандурустӣ биёед, ҷавобашро мегӯям.

Ном: Sinojoni Warzobi аз: Dushanbei Azizamon
14.11.2009 23:40
Salo ba ogoi Azam Mirzoev
1. Charo kormandoni shumo mardumone ki dar Ob garkshudand wa eo az kuh aftidan wa halok shudaand inhoro owarda mo Expritizm mekunem gufta pas murdahora ba sohibonashon mefurushand?
2. In kori inho az rui konun ast wa eo xair Man in sawolro bar shumo dodam chunki ba chashmi xudam didam wa 300 Somoni doda jasadro girifem in kor dar nohia Warzob shudabud dar mohi July 29,2009?
3. Oeo shumo az in korhoe ki korigaroni Tib mekunand xabar dored eo xair Agar xabar dor naboshed in behtar ast ki jora xoli kuned, chun ki in joi shumo nabudast waket ki shumo az wazifai xud xabar nadored?
4. Wakte ki kasalihoi shadid ba Tojikistoni mo doxil meshawad shumo rafta Maktab bachahoro Vaccination mekuned eo xair? agar namekuned charo?
5. Charo wazi bemor xonahoi mo ikadar xarob ast na taxti xobi duruste dorand na somonhoe duruste bari tabobat kardan wa na nonu obi halole, wa charo ikadar bemor xonahoi mo iflos astand hamun xurok worihoi bokimondaro darnazdi hawli bemorxona mepartoinad charo? charo hamin iflosdonro (musirkahora) bise nazdik ba bemorxona memoned tamomi bemor xona bui giriftast nafas kashida nameshawad in kasaliho az bad batar meshawand dar bemorxona charo shumo chorae namekuned dar in bora eo shumo hej ba bemorxonaho naraftaed nazorat ham namekuned?
Dar panohi xud bosehd iloho muwafaku komeobu wa nisbati mardumi azizamon mehrubonu gam xorboshed omin eo rabil olamin
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:37
Тибқи қонун ҳамаи ташхиси тиббию судӣ ройгон аст. Агар аз ҳолатҳои ғайриқонунӣ хабар доред, ба органҳои дахлдор муроҷиат намоед. Ба суол дар бораи вазъи беморхонаҳо аллакай ҷавоб додам.
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
05.12.2009 12:48
Умуман ваксинатсияи кўдакон аз рўи нақша гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида ба мисол ҳангоми таҳдиди пандемияи бемории зуком, албатта мактаббачаҳо ба гуруҳи осебпазир дохил мешаванд ва дар навбати аввал эм карда мешаванд.

Ном: Фарход аз: Исфара
15.11.2009 21:07
Мегуянд, ки хамин фурузонакхои каммасраф, ки давлат тавсия карда истодааст, ба чашми инсон зарар дорад, зеро симоб доштааст.Хайр, умуман ягон зарар дорад е не?

Ном: Mehmon аз: Zelandiyai Nav
16.11.2009 02:30
Assalomy Aleykum,

1) Ba fikri shumo chi tavr vaz'i sohai tandurustiro behtar namudan mumkin ast?

2) Ba'ze pizishkon bo bemoron baroi guzarondani jarrohi savdo mekunand, vazorat baroi peshgirii in holatho chi choraho andeshida istodaast?

3) Duste az Hujand ba jarrohii sutunmuhra niez dosht pas az tashrifi neyrohirurg guft ki az y baroi in jarrohi 1700 somoni talab kardand va ba hona pas gasht, chunki in mablagro nadosht. Oe nameshavad, ki vazorat hizmatrasonii tibbiro pulaki vale boinsofona bo nazardoshti vaz'i iktisodii mamlakat muayyan namoyad?

4) Dar horija karib ki tamomi doruho bo resepti pizishk az doruhona furufta meshavand, charo dar mamlakati mo chunin nest?

Tashakur

Дар посух

Ном: Сардабир
16.11.2009 13:27
Хонандагони арҷманд. Лутфан, пурсишҳое ба миён бигузоред, ки дар доираи салоҳият ва масъулияти мӯҳтарам ноиби вазир Аъзам Мирзоев ҳастанд. Ҷаноби Мирзоев бештар масъули риштаи мубориза бо бемориҳои сирояткунанда аст ва дар робита ба тадбирҳои зидди чунин амрозу муолиҷаи онҳо посух дода метавонад. Пурсишҳое, ки аз ин чаҳорчӯб берунанд, ба эҳтимоли зиёд беҷавоб хоҳанд монд.
Дар посух

Ном: Аъзам Мирзоев
04.12.2009 16:43
Албатта, фурӯши доруҳоро тариқи дорухат ҳеҷ кас манъ накардааст. Мутаассифона, аз тарафи духтурони алоҳида ин қоида риоя намешавад ва Вазорати тандурустӣ дар ин самт чораҳои мушаххас андешида истодааст.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил