Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Саволи Шумо ба Муҳибуллоҳ Додоҷонов

02.11.2009

Раиси дастгоҳи Кoмиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Муҳибуллоҳ Додоҷонов ба пурсишҳои хонандагони сомона дар бораи омодагиҳо ба интихоботи порлумонӣ ва дигаргуниҳо ё камбудиҳои маърака посух дод.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
Ном: байкоткунанда
02.11.2009 18:43
Рости гап, дилам ба Шумо, чаноби Додочонов месузад. Хиёнатро дигарон мекунанду шумо бояд чавоб гуед.ва хатто онхоро сафед кунед. Як сол пеш дар бораи иваз кардани баъзе чойхои конуни интихобот сухбат мекардед, вале ахиран гуфтед, ки зарурат надорад, чун хукумат чунин гуфт. айби шумо дар он аст, ки ин вайронкорихоро мепушонед ва ба ичрокунандаи сиёсатхои дигарон табдил шудаед..интихоботи гузашта хама бо умед тайёри медиданд, хатто созм. байналмиллали пули зиёдеро барои омодаги чудо карданд. Имсол хама хомуш, чун шумо хамаи он захматхоро барбод додед, дигар касе бовар надорад, на дохиливу на хоричи. Шояд дигар интихобот маъни надорад ва як нафар вакилонро эълон кунад , пулхои интихоботиро бемористон созем ё ба Рогун равона кунем. Оё дуруст аст, ки натичаи интихоботро шумо хамон тавр эълон мекунед, ки бароятон супориш диханд?
Дар посух

Ном: Муҳибулло Додоҷонов
12.11.2009 14:30
Интихобот оинаи миллат аст ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба интихобот таваҷҷӯҳ дорад, мехоҳад ин оина равшану софу шаффоф бошад. Ман ба ҳамаи онҳое, ки суолҳо пешниҳод кардаанд ва таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, салом ва ташаккур мегӯям.

Ба суоли хонанда бо ники Байкоткунанда ҳаминро посух медиҳам, ки ман зиёда аз 15 сол боз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кор мекунам. Ягон созмони байнулмилалӣ ба ягон КМИР ягон бор маблағ ҷудо накардааст. Хоҳиш мекунам, агар ягон далел дошта бошед, пешниҳод кунед.

Дар ҳақиқат аз тарафи Бунёди байнулмилалии интихобот як гурӯҳи корӣ ҷиҳати тағйирот дар қонуни интихобот оид ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ташкил карда шуда буд ва он комиссия дар асоси демократӣ ҳар як пешниҳодро бо дастбардорӣ қабул карда буданд. Ман дар он ҷо узви комиссия будам, дар он ҷо ҳамчунин намояндагон аз 8 ҳизби сиёсӣ, аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, Маҷлиси Олӣ буданд. На ҳама вақт фикрҳои мо бо фикрҳои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ рост меомад, вале пешниҳодҳо бо тарафдории аксарият қабул мешуданд. Аксарияти пешниҳодҳо қабул шуданд ва ман низ зери протоколи ниҳоӣ имзо гузоштам.

Ин далели он нест, ки ман фикрамро тағйир дода бошам. На, ақидаи ман ҳамон боқӣ мондааст.

Ном: ДИЛШОД аз: Душанбе
02.11.2009 19:26
Мухтарам Мухибулло Додочонов!
Оё шумо метавонад бигуед, ки дар вазифаатон нохакки, ноадолати, фиребу найрангбози ва конунвайронкуни анчом намедихед. Илтимос хангоми чавоб додани савол Худовандро фаромуш накун, ки хатто аз дили инсонхо бохабар аст ва фардо дар он дунё чавоб хохи гуфт.
Дар посух

Ном: Муҳибулло Додоҷонов
12.11.2009 14:43
Ман танҳо ба Офарандаи замину осмон итоат мекунам. Аз Худованд ҳамеша метарсам. Агар дар ин бобат сӯҳбат кардан мехоҳед, ба утоқи кории ман марҳамат кунед.

Ном: Sinojoni Warzobi аз: Dushanbei Aziz
02.11.2009 23:22
Salom ba Ogoi Muhibulloh Dodojonw wa tamomi hamwatanoni aziziam wa kormandoni Radioi Ozodi.
Sawol ba Ogoi Muhibulloh
1. Shumo Raisi Dastgohi Kumiciuni Markazi Intixobot hasted, shumo metawoned ki hakikatro intixob kuned eo ki shumohma misli digar hamkoronaton kadom Tagoe dored ki HO wa eo NE shumo az on taraf Tasdik mekunand?
2. Shumo juzi kadom Hizb hasted eo xair?
3. Agar boshed dar intixobot az Hizbi xudaton pushtiboni xohed kard wa eo xair?
4. Agar sawolam shaxsi naboshad megufted ki shumo kadom donishgohro tamomkarded wa dar kadom rishta tahsil karded?
5. Shumo metawoned guft ki intixobote, ki dar peshdorem odilonau wa shafof xohad budt wa eo xair, agar ne charo?
6. Shumo chi fikr mekuned nisbati Hizibi Hokim Demokrat? ba fikri mo ki gapi uno bari shumo konun ast uno harchize ki xostan hamun meshwad in gapro az xotire meguima ki beshtar chawkihora dar Porlumon Hizibi Hokim ishgolkardagistan charo?
7. Charo Hizbi Hokim dar Parlumon nufuzshon zieod ast, charo uno az digar hizbho karda Donotaru Husheor tar astand?
8. Charo Hizbi Nahzat dar intixobot onkadar ishtirok namekunand sababash dar chist? nagued ki inro az xudi Hizbi Nahzat purson kun man mexoham ki az shumo jawobashro bugiram iltimos?
9. Hizbi Komunist barimo chi foida dorad, az budan nabudanush xubtar ast harchize ki mo imruz mekshem az dasti hamun Komunistho ast az xotiri haminho Samarkandu Buxoroi Sharifamonam ai dastamon raft ino boiad resha kan karda shawand/
Dar oxir az shumo xohish mekuanm hamin intixobotro ham chun odilona wa haqiqat bugzaroned Dustiu Rafiku, Tagou, Mahalchigiro bartaraf karda hamchum farzandi Milati Tojiki bari Milati Tojikamon Xizmat kuned chun, ki in Wazifai har 1mou shumo ast. Wa kushish kuned UZbaku Turku Kazoku Kirgizu Rusro dar Dawlat hej joi nadihed, Az Radioi Ozodi xohish mekunam hami guftahoi marao dar hamin sahifa bugzorand dar Panohi Xudowand boshed hamwatanoni azizu mehrabonam.
MIlat Parast
Sinojoni Warzobi
Дар посух

Ном: Муҳибулло Додоҷонов
12.11.2009 14:47
КМИР дар хидмати ягон ҳизби сиёсӣ ва ё ягон шахсият набудаанд ва намешаванд. Комиссия мустақилона амал мекнуад ва дар ҳайати он намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд.

Ман узви ягон ҳизб нестам ва аз ягон ҳизб пуштибонӣ намекунам.

Саволи чаҳоруми шумо. Ман соли 1975 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардам ва дар соли 2006 дар Академияи милли назди президенти Украина рисолаи илмиямро дар мавзӯъи порлумони Тоҷикистон ҳимоя кардам.

Саволи панҷум. Додари азиз, гуфтан лозим аст, ки интихобот аз се субъект вобастагӣ дорад. Ҳизбҳои сиёсӣ, интихобкунандагон ва ташкилкунандагони интихобот. Агар ҳар ин се субъект ҳуқуқи вазоифашонро пурра донанд, ман фикр мекунам, интихоботҳои мо беҳтару хубтар мегузарад. Оё шахсан худи шумо гуфта метавонед, ки ҳуқуқи худатонро ҳамчун интихобкунандаба пуррагӣ медонед? Ҳамаи мо бояд талош кунем, ки қонунҳои интихоботро пурра дарк кунем. Агар ҳамдигарро дастгирӣ кунем, мардумро омӯзонем, ман боварӣ дорам, интихобот дар оянда, аз ҷумла дар соли 2010 шаффофтар мегузарад.

Саволи дигар: Дар ҳақиқат ҳам ҲХДТ дар ҳайъати худ олимони шинохтаро гирд овардааст. Интихобкунандагон медонанд, ки вақте олим ё ҳуқуқшиноси беҳтарин аз ҳавзае пешниҳод мешавад, ба тарафи ӯ овоз медиҳанд. Мутаассифона, дар бисёре аз ҳизбҳои мо ин қадар олимон ва ҳуқуқшиносони беҳтарин вуҷуд надоранд. Ман дастболо будани ҲХДТ-ро дар ҳамин мебинам. Инро фаромӯш накунам, ки ҳар як ҳизби сиёсӣ бояд талош кунад, то ба сафи онҳо низ олимон ва ҳуқуқшиносон ҷалб шаванд.

ҲНИТ ба фикри ман, яке аз ҳизбҳои фаъолтарини ҶТ пас аз ҲХДТ ҳисоб меравад. Ин фикри шахсии ман аст.

Ҳизби коммунист. Ман фикр мекунам, ки ҳар яки мо гузашта дорем, ояндаро низ фикр мекунем. Ташаккур барои суолҳо.






Ном: Иброхим аз: Душанбе
03.11.2009 09:39
Шумо дар вазифаи хозираи худ давоми чандин сол бо такаллубкори машгул хастед? Ое аз худои таъоло наметарсед?
Дар посух

Ном: Муҳибулло Додоҷонов
12.11.2009 15:17
Ман аз он метарсам, ки Худованд барои тӯҳмат ҳам ҷазо муқаррар кардааст. Ба Худованд маълум аст, ки кӣ рост мегӯяд ва кӣ дурӯғгӯст.

Ном: Хонабадуш
03.11.2009 09:58
Салом ба чаноби Муҳибуллоҳ Додоҷонов!!!
Пас, аз он ки Химматзода аз вакили дар парлумон истеъфо дод, Кумиссюни марказии интихобот Махмадалии Хайитро ба чои у напазируфт. Сабаби рад карданатонро муфассал шарх медод, ки тибки кадом моддаи конун ин амалро пеш гирифтед? (Рости ман аз ХНИТ чонибдори намекунам, ки ин суолро дода бошам)
Як суоли дигар дорам, факат росташро гуед, оё максади онро надоред, ки чои шефатон Мирзоали Болтуевро гиред? Чун синну соли он кас хам ба чое расидаасту хеч не, ки аз вазифа даст кашанд.
Дар посух

Ном: Муҳибулло Додоҷонов
12.11.2009 15:19
КМИР дар порлумон ба ҷойи Ҳимматзода интихоб кардани М. Ҳайитро дар асоси моддаи 57-и Қонуни интихобот рад кардааст ва дар асоси моддаи 11-и ҳамин қонун раиси КМИР бо пешниҳоди президент интихоб мешавад.

Ном: Абдучалил аз: Душанбе
03.11.2009 11:37

Дуруди Худованд бар хама!


Дуруд ба Шумо низ окои Мухибулло Додочонов!
Раиси мухтарам!

1. Оё имруз шаффофи дар интихобхои кишвари мо дида мешавад ва ё на? Умедворам, ки ба ин суол танхо аз тахти дил ва Худоро ба ёд оварда посух медихед.

2. Омодагии Кумитаи интихобот ва райъпурси дар интихобтхои навбати дар кадом сатх карор доранд?

3. Музди мохонаи кормандони райъпурси чи кадар аст ва кабули кормандони райъпурси чи гуна суръат мегирад?

4. Дар интихоботи парлумонии навбати чи накшахо доред?

5. Шумо хамчун рохбари комиссиюни интихоботии кишвар метавонед, ки 100 % шаффофии райпурсихоро кафолат дихед???

6. Рафти интихобот ва райпурсихоро кихо бояд назорат кунанд ва кихо хукуки тафтиши варакахои интихоботиро доранд?


Дар панохи Худованд бимонед!


Бо камоли эхтиром,
Абдучалили Комили
шахри Душанбе
3 ноябри соли 2009






Дар посух

Ном: Муҳибулло Додоҷонов
12.11.2009 15:36
1) Ба суоли якум посух додам.
2) Омодагии КМИР дар сатҳи ба имрӯз лозима қарор дорад.
3) Аъзои КМИР ва аъзои ҳавзаҳои интихоботӣ дар асоси ҷамъиятӣ кор мекунанд ва маош намегиранд. Танҳо раиси КМИР ва 12 корманди дастгоҳи КМИР, ки то 700 сомонӣ мегиранд ва ба кор дар асоси озмун қабул мешаванд.
4) Нақшаҳо - дар сатҳи баланд гузаронидани интихобот.
6) Аҳзоби сиёсӣ, ВАО, шахсони боэътимоди номзадҳо ва нозирони байналхалқӣ назорат мебаранд ва дар сурати вайрон кардани ягон талаботи қонун ба суд муроҷиат мешавад. Оид ба ҷамъбасти ҳар як участкаи интихоботӣ, ҳавзаи интихоботӣ ва КМИР прокурор низ дар охир назорат кардан ва тафтиш карданро ҳуқуқ дорад.

Ном: Сокин аз: Душанбе
03.11.2009 11:51
Ассалому алейкум Хамаватанони азиз. Худо кунад, ки бародари азиз чаноб Додочонов Мухибулло дар ин интихобот арзандаи ин ном Мухибулло мухиби Аллох оддияш дусти Худо шуда амал кунеду хар коре, ки мешавад бо вокеъияташ гузарад на ин ки сохтакорона. Зеро харчанд мардуми мо барои ман манию мансаб кор чон мекананд на ин ки барои пешрафти Точикистону бахри хизмати халк. Худо кунад ки мо аз зумраи мазлумону хатокорон набошем. Худованд хамаи моро авф кунад зеро бозгашт ба суи уст.

Ном: Хабиб аз: Русия
03.11.2009 13:00
Идораи Шумо соли 1991 Р. Набиевро ( дар даври нахуст у хамаги 44 % овозхоро сохиб гашта буд, бояд даври дувум барпо мегардид) гайриконуниа ба сари кудрат овард ва ин ноадолати ба чанги шархванди бурда расонд, ки аз худ 250 хазор курбони ба чой гузошт.
Оё барои кормандои идораи шумо иштибохои гузашта сабак гаштанд ё не? Дар амони Худованд бимонед!

Ном: Tojik Sufi аз: TW
03.11.2009 14:49
Salom ba hama mardumi buzurgi tojik!!!!!!!!Salom ba Muhibullo Dodojonov!
Shumo a`zoi hizbe hasted? Agar ha charo on hizbro intihob karded?
Kadom shahrvandi Tojikiston metavonad nomzadiashro ba deputati guzorad?? Shahrvandi Tojikiston, ki dar horija sukunat dorad hukuki nomzadiashro ba deputati mondan dorad? Beshtari mardum dar on akidaand, ki namoyandagoni hizbi hokim golib meoyand, nazari shumo chist?
tashakkur!!!!!

Ном: Sinojoni Warobi аз: Dushanbei Azizamon
03.11.2009 22:06
Salom ba korgaroni Radioi Ozodi
Tashakuri zieod ki nomai maro dar in sahifa paxsh karded siposguzoram az hamai kori garoni Radioi Ozodi illoho muwafaku komeob boshed dar hamakoruboraton xudo eoru madad gorraton bod omin eo Rabil Olamin.
Bo ehtirmom
Sinonjon
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 3

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил