Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Баҳс

Суоли Шумо ба Фаттоҳ Саидов

19.10.2009

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бар зидди фасод меҳмони навбатии гуфтугӯи интернетии мо буд ва тақрибан ба ҳамаи пурсишҳои хонандагони ин сомона посух дод. Бархе аз номаҳоро, ки нашр нашудаанд, ӯ бо худ гирифт ва ваъда дод, ки мӯҳтавои онҳоро пажӯҳиш карда, дар сурати зарурӣ аз тариқи сомона ба муаллифон посух хоҳад гуфт.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 9
Ном: Cалим
19.10.2009 16:22
Мухтарам Абдуфаттох Саидов андешаи Шумо нисбати фаъолияти он ширкатхое (Квестнет, Тянши ва г.), ки дар кишвар ба тичорати шабакави машгуланд, чи гунна аст?
Оё онхо мардумро фиреб намекунанд ва ё аз чониби макомоти Шумо ягон маротиба фаъолияти ин гунна ширкатхо зери тафтишот карор гирифтааст?
Хохиш мекунам ба саволхоям пурра чавоб дихед, каблан ташаккур.
Дар посух

Ном: Фаттоҳ Саидов аз: Душанбе
30.10.2009 16:47
Пеш аз ҳама ба шумо шунавандагони гиромиқадри радиои Озодӣ барои заҳматҳои кашидаатон барои ширкат дар ин гуфтугӯи мустақим арзи сипос мекунам, ки ин қадар дар барҳам додану пешгирӣ кардани омилҳои коррупсионӣ дар кишвар ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир менамоед ва ҳавасманд ҳастед.

Ҷавоб ба суол: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон то ба имрўз нисбати фаъолияти Ширкатҳои «Квест- Нет» ва «Тяншӣ» ягон арзу шикоят ворид нагардидааст. Дар мавриди баҳои ҳуқуқи додан ба дурустии фаъолияти ин ширкатҳо бошад, танҳо ҳамон вақт сухан гуфтан мумкин аст, ки дар асосии ин ё он арзу шикоят фаъолияти онҳо зери санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта бошад, вале Агентӣ нисбати корхонаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ бе мавҷудияти асосҳои кофӣ санҷиш намегузаронад.
Аз дигар сӯ тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкатҳои хурду миёна моратория эълон шудааст ва мо аз рӯи ин қонун ҳақ надорем, ки фаъолияти ин ширкатҳоро мавриди тафтишу санҷиш қарор бидиҳем.


Ном: Хабиб аз: Русия
19.10.2009 16:48
1. Бештар кадом муассисахои кишвар фасодзада ба хисоб мераванд?
2. Интихоби кадрхо дар асоси кадом меъёрхо сурат мегиранд?
3. Барои чи дар фурудгохои Точикистон аз худихою хоричиён руйирост( дагалона) пул меситонад?
Дар амони Худованд бимонед!
Дар посух

Ном: Фаттоҳ Саидов аз: Душанбе
30.10.2009 17:06
1. Махсусан доир ба ин маъсала ҳоло аз ҷониби мо таҳлилу таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронида нашудааст, вале дар ояндаи наздик гузаронидани чунин чорабинӣ дар назар аст. Танҳо баъди амалӣ кардани ин гуна таҳқиқот метавон ба ин саволи Шумо ба таври мушаххас ҷавоб гуфт. Ҳоло бошад Агентӣ бо назардошти аҳамияти муҳими иҷтимоӣ доштани фаъолияти мўътадили мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ, ошкору пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсиониро дар ин соҳаҳо ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор додааст. Бо ин мақсад тадбирҳои заруриро оид ба муборизаи беамон бо коррупсия дар соҳаҳои номбурда андешида, дар нватиҷа дар ин соҳаҳо як қатор ҳолатҳои тамаъҷуию порахурӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи амвол ва ғайраҳо ошкор шуданд.
Чунончи, дар давоми ду солу нуҳ моҳи фаъолияти худ Агентӣ барои содир намудани ҷиноятҳои порахўрӣ, суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбати зиёда аз 80 нафар шахсони масъули мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, инчунин қариб 200 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла беш аз 70 нафар - умури дохила, 30 нафар - андоз, 20 нафар - гумрук, 40 нафар –хизматчиёни ҳарбии ҳайати роҳбарикунанда, 10 - нафар сохторҳои судӣ (аз ҷумла 4 судя) ва 2 нафар - прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиши қисми зиёди онҳоро ба охир расонида, ба суд ирсол кард. Ногуфта намонад, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар сохторҳои вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ низ хеле зиёд ошкор карда шудаанд.

2. Мувофиқи қонун интихоби кадрҳо дар асоси озмун сурат мегирад. Дар ин озмун ба ҷуз аз комиссияи махсуси назди агентӣ ҳамчунин намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар ва инчунин идораи хизмати давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд. мо ҳатто посбонҳоро ҳам дар асоси озмун ба кор мегирем. Озмунҳо дар нашрияҳои "Ҷумҳурият", "Садои мардум", "Минбари халқ" замчунин тавассути телевизион эълон мешаванд.

3. Дар мавриди ришватситонӣ дар фурӯдгоҳҳо ҳаминро қайд карданием, ки то ба имрўз аз ҷониби шаҳрвандон ягон арзу шикоят расман ворид нашудааст, Агар Шумо маълумоти муфасал дошта бошед , хоҳиш мекунем бо ариза ва ё телефонҳои боварии Агентӣ ки дар сайти Агентӣ мавҷуд аст муроҷиат намоед. Гузашта аз ин дар ин самт чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷуи ба нақша гирифта шудааст.

Дар амони Худованд бимонед!

Ном: Сайидмурод аз: Душанбе
19.10.2009 17:02
Фасод - ин коррупсия?
вакти коментмониа экрани нав пайдо мешавад. Безеб кардед сайта.. Монен хамун афти пештараш хубтарай !

Ном: Содик аз: Хучанд
19.10.2009 17:14
Фасод ин коррупсия не-ми?
Дар шахри Хучанд кормандони Шумо устоди ДДХ-ро (Рустамов аз факултети физика) порагириш-кати кабда буданд, .
Наход порагирии муаллимон коррупсия шавад? Ваёба давлат чи када ойлик метияд? 200-300 сомон. Ин пул чизеба мерасад?-факат рахкиро! Ба фикри Шумо муаллими увол рузиша чи хел ёбад? Ё партофта равад-ми. Рустамов муаллими калон, то вайбоин муаллим меёбед-ки дах поколения пир мешавад.
Як маслихатам хаст шумова: Як бор ба таможния равед, мебинед, ончонда чикадар порагири хаст. Барои оформленяи як декларация чи кадар пул меситонанд. Бахудо рост мегум. Бизнесменхо агар ягон лишни движения кунан дар оянда кори худошон бадтар мешавад.
Ба фикратон ягон раиси шахру нохия ё вилоят бе коррупсия зиндаги карда метавонад-ми.
Як мисол. Як бор движенияи мошини раиси нохияи Бобочон Гафурова анализ кунед. Дар як руз мошинашон 200-300 км харакат мекунад. Давлат 10 литрба пул чудо кардаги (70-100 км). Мондаги бензин аз кучо? Аз кисти худаш-ми?
Дар посух

Ном: Фаттоҳ Саидов аз: Душанбе
30.10.2009 17:17
1. Ҳамаи он шахсоне, ки даст ба ҷиноят мезананд новобаста аз мансаб, вазифаи ишғолнамуда ва ғайра дар назди қонун баробар мебошанд ва мувофиқи санадҳои меъёри ҳуқўқи ба ҷавобгари кашида мешаванд.
2. Дар ин самт аз ҷониби мо чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷуи ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардида истодаанд. Вале то ба имрўз доир ба ин масъала аз ҷониби шаҳрвандон ягон арзу шикоят расман ворид нашудааст. Агар Шумо маълумоти дақиқ дошта бошед, хоҳиш мекунем бо ариза ва ё телефонҳои боварии Агентӣ ки дар сайти Агентӣ мавҷуд аст муроҷиат намоед.
3. Албатта раисони шахру нохия ё вилоят бе коррупсия зиндаги карда метавонанд.

Ном: Suhrobjon
19.10.2009 18:34
salom ba hama hamvatanoni aziz va tashakkur baroi RADIOI OZODI baroi in fursat...va man ba muhtaram Fattoh saidov raisi ojonsi muboriza guftaniyam ki tj hejgoh pesh nameravad to vagte ki fasodzadagi odati korgaroni davlati boshad...va hamaro az tojikiston megurezonad.. va dur narafta man az holi khudam in ruzho misol meovaram ..... man az soli 2002 injonib dar yake az davlathoi khorija tahsil mekunam va dar injo hatto tojikistona nameshinokhtand man shukri khudo tahsilro davom doda hozir aspiranturaro zashita karda va shahodati onro ba vazorati naorif suporidam ammo chi khel shuda on ba dasti yake az korgaroni MVD rasidaast va on meguyad agar pul natiyi in gayri gonunist yane aval guft ki in gayri gonuniyay bad guft agar pul tiyi man dakumetota mediham charo in khel?
man hozir doktoranturada dokhil shidestam va hamai hamin pula padaram dar mardikori dar rusiya ba man ravon mekunad man kor mekunam lekin namerasad ammo boloi in in hamvatani aziz in khel kor mekunad inak az kujo dili man garm shavadu man ba tj rafta ba vatani azizam khizmat kunam man az puli khud khud ba khondani baromadam vay guft ki tu gayri gonuni rafti ba khorij hol on ki dar sargonun gfta shudaast ki har yak shakhs hugugi joi zist va tahsil kardanri berun az tj dorad va diplomi man dar hamin davlate ki hastam dar vazorati maorifash vadar vazorati khorijaash bemelol pechat zadagist va hej naguftand ki pul te va natarsondand ammo dar vatani khu in khel past shudaem....va hatto diplomi donishogham ham az in davlat bud 2 sol pesh bemalol dar vazorati maorifi rj tasdig krdand va charo inash gayri gonuni? vazorati maorifi tojikistonam dar in bora garor barovardagi lekin baze az hamvatanoni azizi mo to hol bebehtiromii gonun dorand. Agar mekhhohed dar in masala tahgig kuned ba man nomeri telefon yo ki mailtona dihend ki man boshumo suhbat kunam chun ki korgari MVD ki in khel kunad digar ba hej kas bovari nadoram....

TASHAKKUR BAROI IN FURSAT.
Дар посух

Ном: Фаттоҳ Саидов аз: Душанбе
30.10.2009 17:20
Додари азиз барои навиштан ва таҳсил гирифтанатон ташаккур. Шумо барои маълумоти муфассал пешниҳод намудан оиди кирдорҳои номатлуби корманди ВКД суроғаи Агентиро аз сомонаи он «http://www.anticorruption.tj/» дастрас намоед ва ё таввасути ариза ба Агентӣ муроҷиат кунед.

Ном: behruz
19.10.2009 18:48
dar furudgohi tojikiston az studenthoi khorija pul mesitonand oyo khabar dored? agar hamin khel raftan girad tojikiston dar 100 sol davlati peshrafta nameshavad.agar man hamin rishvakhorira binam ba kujo arz kunam ?
Дар посух

Ном: Фаттоҳ Саидов аз: Душанбе
30.10.2009 17:22
Шумо оид ба масъала метавонед бо телефонҳои боварии Агентӣ, Дастгоҳи Марказӣ: 221-45-49, 227- 40-73, қисмҳои навбатдории Агентӣ: 221-48-10 , 234-65-78, Раёсати Агентӣ дар ш. Душанбе: 221-92-37, Раёсати Агентӣ дар нақлиёт: 226-81-85, 221-72; Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон (8-3222) 2-26-17, Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд: (8-3422) 2-15-41, Раёсати Агентӣ дар ВМКБ: (8-35222) 2-27-07, инчунин таввасути сомонаи интернетии Агентӣ http://www.anticorruption.tj бо мо мунтазам дар тамос шаванд ва ё бо ариза расман ба Агентӣ муроҷиат намоед.

Ном: Mirzo аз: Twildara
19.10.2009 19:35
salom ba ahli suhbat ba akai Fttoh suole doram ki oyo shumo zarae dar bar taraf shudani FASOD dar Tojikiston muboriza burda istodaet?
2. Ojonsi muboriza bar fasod bar chi qodir ast?
3. az ruze ki bar in mansab omadaed bo kasone ki hukumatro fasod kardaand muboriza wa yo dastgir kardaed agar bale charo ruz az ruz.......................... shatakur
Дар посух

Ном: Фаттоҳ Саидов аз: Душанбе
30.10.2009 17:23
1. Дар ин самт Шумо ба мутоилаи расонаҳои хабари ва барномаҳои телевизионӣ тавваҷуҳ зоир намоенд. Инчунин маълумоти муфасалро аз сомонаи интернетии Агентӣ дастрас намоед. Умуман коррупсияро комилна аз байн бурда намешавад, вале роҳҳои паст кардани сатҳи он вуҷуд дорад. Мо рӯз аз рӯз муборизаро дар ин самт пурзур карда истодаем. Коррупсия фақат хоси кишвари мо нест, балки дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад. Сатҳи он дар Тоҷикистон аз бисёр кишварҳои дигар пасттар аст.
2. Ба расонаҳои хабар ва сомонаи Агентӣ тавваҷуҳ зоир намоед.
3. Албата шахсони мансабдори боламақом дастгир шуда истодааст ва нисбати онҳо низ маълумоти муфасал дар расонаҳо пай дар пай пешниҳод гашта истодааст. Барои мисол тавваҷуҳ намоед ба сайти Агентӣ.

Ном: mistake аз: az Ozodi
19.10.2009 19:42
ehtiromona az kormandoni Ozodi khohish mekunam ki zamoni barguzorii in musohibaro dareg nadoshta menawishtand zero inash norawshanast shatakur!
Дар посух

Ном: Муҳаррири сомона
20.10.2009 10:30
Имрӯз ё фардо замони баргузории сӯҳбат муайян мешавад ва ба маълумоти ҳамаи хонандагон расонида хоҳад шуд.

Ном: Асламхуча аз: Мастчох
19.10.2009 22:11
Агар Шумо Президент мебудед, барои решакан кардани коррупсия дар Точикистон пеш аз хама чи кор мекардед.
Маълум аст, ки идораи Шумо факат порагирихои майдахакро ошкор мекунаду халос. Дар бораи порагирии прокурору суду налоговикхо идораатон очиз аст...
Дар бораи хешутаборбози чи? Самеев хамин кадар Ватанро талаву тороч кард, чаро имруз боз дар мансаб аст (магар аз ин буи коррупсия намеояд)?
Дар посух

Ном: Фаттоҳ Саидов аз: Душанбе
30.10.2009 17:33
1. Он ҳусни таваҷҷӯҳе, ки президенти кишвар баро мубориза бо коррупсия дорад, дигар касе надорад. Ин масъала дар ҳамаи ҷаласаҳо ва нишастҳо аз сӯи ҷаноби олӣ матраҳ мешавад. Ман дар симои президент шахсиятеро мебинам, ки тамоми қувваву ғайраташро барои мубориза бо фасод ва коррупсия дареғ намедорад.
Мўҳтарам Асламхуҷа, Ман имрўз ҳамчун Директори Агентӣ фаъолият менамоям ва ба Шумо низ танҳо аз номи Директори Агентӣ ҷавоб медиҳам. Ман нияти номзадии худро ба мансаби Президент мондани надоштам ва ин фикрро ҳам надорам, инчунин аз номи Президент чизе гуфта наметавонам.
2. Ба сомонаи Агентӣ нигаред.
3. Агар оиди ягон ҳуқуқвайронкунии Самиев далелҳои мушаххас мавҷуд бошанд марҳамт пешниҳод намоед, санҷиш гузаронида мешавад.

Ном: Беном
19.10.2009 23:02
Хамин зиндагии Шумо аз кучост?
Дар посух

Ном: Фаттоҳ Саидов аз: Душанбе
30.10.2009 17:39
Аз фаъолияти меҳнатии бисёрсолаам.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 9

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил