Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони Арманистон даъвати полисро рад карданд


Эътирозгарони хиёбони Баграмян дар Ереван даъвати полисро барои табдили маҳалли митингҳо напазируфтанд.

Дар шаҳри Ереван намоиши эътирозии зидди баландшавии қимати нирӯи барқ рӯзи 11-ум аст, идома дорад. Нирӯҳои полис ҳамоно вазъиятро дар майдон назорат мекунанд. Рӯзи 2 июл раиси полиси Ереван бо пахши як изҳорот аз эътирозгарон даъват кард, ки маҳалли таҷаммӯи худро дигар кунанд ва ба майдони Озодӣ гузаранд, вале эътирозгарон ин даъватро рад карданд.

Ин посух аз забони гурӯҳи нави ҳамоҳангсозии эътирозҳо садо дод, ки рӯзи 1 июл ташкил шуд. Баъди як ҳафтаи эътирозҳо президент Серж Саркисян розӣ шуд, ки талаби эътирозгаронро ба инобат гирад ва қароре содир кард, ки тибқи он, қарори қаблии аз рӯзи 1 август 16 дар сад боло бурдани нархи нирӯи барқ боздошта мешавад. Айни замон, комиссиюни вижа дурустии тасмими боло бурдани нархи нирӯи барқро, ки дар давоми ду сол то 60 дар сад афзоиш ёфтааст, таҳқиқ хоҳад кард.

Дар бораи он чи ки то имрӯз ҳосил шудааст, раиси бахши армании радиои Озодӣ Ҳрайр Тамразян маълумот дод.

Ҳрайр Тамразян: Имрӯз, мисли фардо вазъ ором аст. Вале мардум майдонро тарк намекунад. Чандсад нафар ҳамоно дар он ҷо ҳастанд. Бояд гуфт, ҳаво фавқулодда гарм аст ва онҳое, ки ҳам дар майдонанд, кӯшиш мекунанд дар соя ҷо гиранд. Тавре шумо гуфтед, имшаб тазоҳургарон як комиссиюне ташкил карданд, ки ҷараёни эътирозҳоро ҳамоҳанг мекунад. Ҳамаи онҳо ҷавонанду шояд дар созмонҳои ҷамъиятӣ кор мекунанд.

Озодӣ: Яъне ҳизбҳои сиёсӣ нестанд?

Ҳрайр Тамразян: Дар миёни онҳо як сиёсатмадор ҳаст - Рафӣ Ованесян. Ӯ раиси ҳизби “Мерос” аст, ки нахустин вазири умури хориҷаи Арманистони соҳибистиқлол буд. Дар интихоботи ахир дар баробари Серж Саркисян ӯ ҳам дар интихоботи президентӣ иштирок кард. Вай тарафдори зиёд дорад. Аъзои ҳизби ӯ ҳоло ба узвияти ин комиссиюни ҳамоҳангсоз шомил шудаанд. Вай дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ин эътирозро намешавад аз сиёсат ҷудо кард, ҳарчанд таъкид кард, ки худи ӯ дар ин майдон на ба ҳайси сиёсатмадор, балки ба унвони як инсон, як шаҳрванд қарор дорад.

Озодӣ: Ин масъала, ба фикрам, яке аз мавзӯъҳои ҷолибтарин дар тамоми ин ҷараёнҳои марбут ба эътироз аст. Матбуоти Русия менависад, ки аз эътирози иҷтимоӣ баъзе ҳизбҳои мухолифин талош мекунанд сӯиистифода карда, ин “Электромайдон”-ро ба як эътирози сиёсӣ табдил кунанд ва Арманистонро аз як кишвари рӯ ба Русия ба самти Ғарб бичархонанд. То куҷо ин иттиҳомот дуруст аст?

Ҳрайр Тамразян: Аслан чунин нест. Матбуоти русӣ вазъро тамоман дигаргуна ташреҳ медиҳад ва он чи навишта мешавад, аз ҳақиқат тамоман дур аст. Дар майдон ҳизбҳои сиёсӣ ҳузур надоранд. Бале, намояндагони ҳизбҳо меоянд, вале онҳо дар як сипар ё долоне дар байни полис ва эътирозгарон қарор мегиранд, то ки нагузоранд ба эътирозгарон аз ҷониби полис ҳамла сурат гирад. Онҳо аслан ба таблиғи ҳизби худ машғул нестанд. Як ҳолате буд, ки раиси ҳизбе омаду баромад кард ва баъдан таблиғоти дохилӣ ҳам ӯро дар кӯшиши ба манфиати худ чархондани ин эътироз муттаҳам кард. Вале ин дуруст нест. Ман бояд гӯям, ки дар миёни эътирозгарон ҳоло рахнае ба вуҷуд омадааст. Онҳое, ки ноумед шуданду фикр мекунанд, ки ба ваъдаҳои ҳукумат набояд бовар кард, тадриҷан ба майдони дигар, ба майдони Озодии Ереван кӯчидаанд ва ин майдон ҳамеша барои баргузории эътирозҳои зиддиҳукуматӣ истифода шудааст. Ва ҳамин рахна муқовимати эътирозгаронро бо ҳукумат ҳам заъифтар мекунад.

Озодӣ: Шояд мешавад гуфт, ки ин рахна ҳам сабабҳои худро дорад? Чун президент баъди як ҳафтаи эътирозҳо ба талаби эътирозгарон гӯш дод ва ваъда дод, ки гаронии қиматҳоро иҷозат намедиҳад. Яъне мешавад гуфт, ки эътирозгарон дастболо шуданд?

Ҳрайр Тамразян: Бешубҳа, чунин гуфтан мумкин аст. Барои аввалин бор ҳукумат нирӯи ҷавонҳоро дид. Инҳо ҷавонҳои оддӣ нестанд. Онҳо пешрафтаанд, забони англисиву дигар забонҳои хориҷиро медонанд, ҳамқадами замонаанд, компютеру лептоп доранд, ҳар як нафари онҳо дутагӣ смартфон дораду хабарҳоро аз интернет пайгирӣ мекунад, онҳо бо ҷомеаи арманӣ дар беруни кишвар дар иртибот ҳастанд. Онҳо ҳам мехоҳанд мисли ҳамсолонашон дар Аврупову Ғарб зиндагӣ кунанд. Онҳо бо муҳити фасодзадае, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ дар Арманистон, ва дар дигар қаламраҳои ин минтақа ҳосил шудааст, розӣ нестанд. Аз ҳамин хотир, ман фикр намекунам, ки онҳо аз идомаи эътирозҳо даст мекашанд. Шояд муддате ҳама чиз орому оддӣ шавад, вале ин ҳама муваққатист. Чанд моҳ пеш ҳам ҳамингуна шуда буд.

Арманистон: Ҳукумат ақиб нишаст, вале эътирозгарон не.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

XS
SM
MD
LG