Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби Ялдо -- иди дурахшон, аммо фаромӯшшудаи тоҷикон


Шаби Ялдо ё Шаби Чилла, аз ҷашнҳои муҳими мардуми ориёинажод, дар Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. Оё ҷашнҳои миллӣ ҷойи идҳои Рамазону Қурбонро хоҳанд гирифт?

Эрониён дар интизори Шаби Ялдоянд. Дар тулонитарин шаби сол дар аксари манзилҳо дар Эрон ҳама шаб шамъу чароғ месӯзад ва мардум чашм ба роҳи дамидани субҳу тулӯи хуршед мемонанд. Муҳаммад Зарғомӣ, масъули бахши фарҳанг дар Радиои Фардо мегӯяд, Шаби Ялдо шояд аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод аст ва аз ойини парастиши Меҳр, аз айёми қабл аз ягонапарасту Зардушт боқӣ монда, қарнҳо боз ҷашни истиқбол аз Хуршед буд. Ба гуфтаи ӯ, “Шаби Ялдо дар шимоли Эронзамин – яъне ҷануби Тоҷикистону шимоли Афғонистони имрӯз зуҳур карда ва сипас дар ҳама қаламрави он паҳн шудааст.”

ТАРБУЗ, АНОР, САНҶИД – РАМЗИ ТУЛӮИ ХУРШЕД?

Муҳаммад Зарғомӣ меафзояд, Шаби Ялдо -шаби 21 ба 22 декабр, мардум, аз рӯи анъанаи қадима, рӯи хони идона меваҳои рангашон сурхро мегузоранд: “Ялдо барои посдошти нур аст, яъне изади Меҳр ё Митрост. Тулӯъ ва ғуруби хуршед, вақте нигаҳ мекунед, ранги қирмизӣ ё сурх доранд, аз ин рӯ, таври маъмул, рӯи суфра тарбузу анор ва санҷид мегузоранд. Ва, албатта, дар канори онҳо пиставу бодому мавиз ва дигар хушкмева ҳам”.

Муҳаммад Зарғомӣ
Муҳаммад Зарғомӣ

Мусоҳибамон бар ин аст, ки Шаби Ялдо барои эрониҳо ба як "достони дилнишину умедбахш" табдил шудааст, зеро бо сипарӣ шудани дарозтарин шаби сол рӯзҳо батадриҷ дароз мешаванд ва он ибтидои аз болои торикӣ пирӯз шудани рӯшноӣ низ аст. Ба гуфтаи Муҳаммад Зарғомӣ, солҳои пеш Шаби Ялдоро эрониҳо бо шоҳномахонӣ, қироати қиссаву достонҳо, фол гирифтан аз Девони Ҳофиз сипарӣ мешуд ва аммо ҳоло он анъанаҳо фақат дар бархе аз манотиқ боқӣ мондаанду халос. Муҳаммад Зарғомӣ меафзояд, ки дар Эрон ба Шаби Ялдо пероҳани исломӣ пӯшонидаанд – ҳоло ин шаб мардум намоз мегузоранд ва Қуръони Шарифро қироат мекунанд. Шояд ҳамин “қабои мазҳабӣ” ҷашни чандҳазорсоларо то имрӯз ҳифз кардааст, мегӯяд мусоҳиби мо.

Ромин Ҳодизода, фарҳангшиноси тоҷик, мегӯяд, ки Шаби Ялдо барои ӯву хонуми эронияш Элико як ҷашни хонаводагист, зеро онро аз қадим на дар толору тарабхона, балки дар манзил дар ҳалқаи пайвандон мегузаронанд. “Маъмулан пайвандон гирди сандалӣ ҷамъ меоянд ва таронаву шеъру достон мехонанд... Рӯи дастархон асосан меваҷот мегузоранд ва албатта, зеби он тарбуз аст, ки аз тобистон нигаҳ дошта мешавад”. Аммо эрониҳои муқими Тоҷикистон, меафзояд Ромин, бо фарқ аз эрониҳои худи Эрон имкони то дер гоҳ бо ҳам нишастанро надоранд, зеро субҳ бояд ҳама ба кор раванд, меафзояд Ромин

Муҳаммад Зарғомӣ, мегӯяд, ки дар Эрони қадим на “Ялдо”, балки вожаи “Чилла” истифода мешуд, зеро аз ин шаб то ҷашни Сада чиҳил рӯз боқӣ мемонад. Сада ҷашни пайдоиши оташ аст, ки дар даҳумин рӯзи баҳманмоҳ таҷлил мешавад ва аз он дар “Шоҳнома” ҳам ёдоварӣ шудааст – Фирдавсӣ ҷашн гирифтани Сада аз сӯи Ҳушангшоҳ баъд аз пайдо кардани оташро ба риштаи тасвир кашидааст.

“ШАБИ ЯЛДО – ИДИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН АСТ!”

Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик, мегӯяд, ки Шаби Ялдо аз қадим ҷашни мардуми рустову кӯҳманзар буд ва аз Мовароуннаҳр ба ғарбу ҷануби Эронзамин доман густурдааст. Дар адабиёти гузаштаи мо, меафзояд ӯ, Шаби Ялдо чун “Шаби Мавлуд” тавсиф шудааст. “Ялдо” – вожаи санскритист ва маънояш “зодрӯз” аст, ҳарчанд дар фарҳангу луғатҳо “ялдо” ба маънои “шаби тор” ё “дарозтарин шаби сол” омадааст ва ҳамчун “сиёҳ” ба маънои зулфи ёр ҳам истифода мешавад".

Ҷонибеки Асрориён меафзояд, аз рӯи тақвими мардуми мо, зимистон маҳз аз Шаби Ялдо ё Шаби Чилла шурӯъ мешавад. “Аслан дар мардуми мо, чун дар саргаҳи хуршед менишастанд, ин ҷашни зодрӯзи хуршед маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ ба чизҳое бартарӣ медоданд, ки нишоне аз хуршед дошта бошад – онҳо аз аввалҳои тирамоҳ тарбузу анорро, ки сурхии офтобро доранд, зери каҳ мекарданд, то Шаби Ялдо онҳоро ҳамроҳ бо шамъ рӯи дастархон гузоранд".

Чаро тоҷикон иди асили худ-Шаби ялдо ё худ Шаби чилларо ҷашн намегиранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:46 0:00

Фарҳангшиноси тоҷик меафзояд, ки ҳоло ҳам дар баъзе рустоҳои кӯҳистони Тоҷикистон мардум кӯшиш мекунанд, ки тамоми шаб бедор бимонанд. Дар гузашта ин шаб бо достонхонӣ ва гуруғлихонӣ сипарӣ мешуд ва ин ойин то солҳои 60-уми қарни гузашта роиҷ буд. Зимнан, дар Санам, як деҳаи канори Шерози Эрон, то имрӯз ҳофизҳо то дамидани субҳ достонҳои паҳлавониву қаҳрамонии “Гурӯғли”-ро мехонанд.

Ҷонибек Асрориён
Ҷонибек Асрориён

Ҷонибеки Асрориён бо такя ба бузургсолон мегӯяд, ки баъд аз Шаби Ялдо ё шаби даромадани Чилла, ҷурғоту чакка ва дигар маҳсулоти ширӣ “ҳаким” мешаванд, яъне дигар зиён надоранд. Ба гуфтаи Ҷонибеки Асрориён, баъд аз даромадани Чилла мардуми кӯҳистон ба таҳияи қурутоб мепардохтанд. “Хосияташ ин аст, ки қурутоб ҳам сафедӣ дорад ва ҳам гармӣ, зеро баъди Чилла касро дигар хунукӣ намезанад. Ин анъана то ҳол дар Ховалинг, Сарихосор, Мӯъминобод, баъзе рустоҳои Даштиҷум ва Дарвоз зинда нигаҳ дошта мешавад”, мегӯяд ӯ.

Як вижагии Шаби Чилла боз он буд, ки меафзояд мусоҳиби мо, мардум ҳатман кочӣ, таоми милли тоҷикиро мепухтанд. Зимнан, Ҷалолиддини Румӣ, ки дар арафаи Чилла издивоҷ кардааст, талаб карда буд, ки шаби Ялдо барояш ҳатман кочӣ бипазанд.

Дилшод Раҳимӣ, мардумшиноси тоҷик мегӯяд, ки “аз замони қадим тоҷикҳо тақвими чиллашуморӣ доштанд, ба чиҳил рӯзи ойини зардуштӣ иртибот мегирад – чиллаи баҳор, чиллаи тобистон, чиллаи тирамоҳ, чиллаи зимистон ва миёни онҳо “чиллаи хурдак” ва чанд рӯз бо номҳои дигар ва он тақвим ба гунаи шикаставу таҳрифшуда то ба имрӯз расидааст. Тақвими қадимаи чиллашиносӣ аз Чиллаи Калон, яъне, аз 22 декабр, аз Шаби Ялдо ва зодрӯзи Митро ё Меҳр шурӯъ мешавад.

Дилшод Раҳимӣ
Дилшод Раҳимӣ

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгар, дар Тоҷикистон Шаби Ялдо ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст, аммо талошҳое барои эҳёи дигар идҳои бостонӣ Меҳргон ва Сада, ки айёми то Зардушт зуҳур карда, вале чун омехтаи ойинҳои миллӣ ва зардуштӣ ба замони мо расидаанд, роҳандозӣ шудаанд. “Аз се фалсафаи аслии “Меҳргон” дутояш, аз ҷумла, ҷашни кишоварзон будани он марбут ба оинҳои қабл аз Зардушт аст ва ба ин дар “Шоҳнома" ҳам ишора шудааст. Фақат як фалсафа -- баробарии рӯзи Меҳр дар моҳи Меҳр комилан зардуштист”.

Дилшод Раҳимӣ мегӯяд, ки Меҳргон то ҳуҷуми муғулҳо аз идҳои маъруфи мардумӣ буд ва аммо баъдан, чун мардум қашшоқ шуданд, ба “сайрҳои тирамоҳӣ” табдил ёфт ва то ибтидои қарни 20 бо ҳамин ном маъруф буд. Айёми шӯравӣ баъзе аз ойинҳои Меҳргон ба Иди Ҳосилот “кӯчиданд”.

Донишманд меафзояд, ки чанд сол пеш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Меҳргонро ҳамроҳ бо донишҷӯёни Донишгоҳи кишоварзӣ ид кард ва дастур дод, ки ин ин ҷашни ниёгон ҳамасола моҳи октябр бо шукӯҳ таҷлил шавад. Аммо ин дастур иҷро нашуд – имсол дар Тоҷикистон аз ин ҷашни ниёгон қариб, ки ёде накарданд.

ГУЛРУХСОР: “ГУЛШУКУФТ” – ИДИ МАХСУСИ БОНУВОНИ ЯХЧ

Гулрухсор, шоираи маъруфи тоҷик мегӯяд, ки, аз нигоҳи ӯ, Шаби Ялдо як шаби хело сарду тӯлонии сол аст, ки дар он кас эҳсоси ноумедӣ ва танҳоӣ мекунад. Ӯ меафзояд, ки ҷашн гирифтани Шаби Ялдо ё Садаву Меҳргонро дар кӯҳистон ёд надорад. Аммо дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон идҳое боқӣ мондаанд, ки шояд на ҳама дар бораи онҳо шунидаанд. Ба гуфтаи

Шоира Гулрухсор
Шоира Гулрухсор

Гулрухсор, дар зодгоҳаш – рустои Яхч як ҷашни хоси занона маъруф буд бо номи “Гулшукуфт”, “вожае, ки устод Рӯдакӣ дар шеъраш истифода бурдааст”. Хонум Гулрухсор мегӯяд, занҳои Яхч дар арафаи моҳи май, замоне, ки лолаву наргису гулҳои дигар мешукуфанд, худро оро медоданд ва чанд хел кулча пухта, ҳамакаса ба сайри саҳро мерафтанд. Онҳо барои “Гулшукуфт” ҳатто аз шавҳарҳояшон иҷоза намегирифтанд, аммо ҳамроҳашон ҳатман як-ду мардро мебурданд, то ки чорворо забҳ кунанд ва шӯрбо пазанд. “Мо ҷое дорем бо номи Ҳазрати Хоҷа Афлотун, ки аслан аз зоти мо аст... Занҳо он ҷо мерафтанд ва суруд мехонданду рақсу боқӣ мекарданд. Он ҷо маросиме ҳам буд... занҳое, ки кӯдак надоштанд, ҳафт санги мазорро “ба мурод” мебардоштанд ва агар зане аз зери санг кирме ё ҷонзоди зиндае пайдо мекард, соли оянда ҳатман бача мезоид.”

Шоира меафзояд, занҳо дар он кӯҳдоман дастархони зебое меоростанд ва дар фарҷоми ид боз ҳам “бо мурод” нону кулчаҳои ҳамдигарро ба хона мебурданд. Ба гуфтаи хонум Гулрухсор, худи ӯ охирин бор солҳои баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар иди “Гулшукуфт” ширкат дошт ва он вақт занони дигар рустоҳои атроф ҳам бо занҳои Ярч ҳамроҳ шудаанд. Шоира мутмаин аст, ки ин гуна идҳои мардумӣ бояд ҳатман эҳё карда шаванд.

ЧӢ БЕҲТАР - ИДИ РАМАЗОНУ ҚУРБОН Ё МЕҲРГОНУ САДА?

Ҷонибеки Асрориён бо таассуф мегӯяд, ки дар ҷомеаи мазҳабии Тоҷикистон фақат ба идҳои Рамазону Қурбон арҷ гузошта мешавад ва, ба ҷуз Наврӯз, дигар ҷашнҳои мардумӣ “фаромӯш” мешаванд. Ба гуфтаи донишманд, “сабаб ин аст, ки таблиғгарони идҳои мазҳабӣ мақому манзалат доранд ва ба гунае андешаашон аз андешаи олимони дунявӣ қавитар аст. Имрӯз маърифати илмии Тоҷикистон то андозае паст аст, ки як олим наметавонад ба дараҷаи як рӯҳонӣ фикри худро собит кунад, шояд ба дараҷаи академикӣ расиданд, аммо санади воқеӣ ва тавони маънидоду таҳлили андешаро надоранд, то мардумро тарафи худ бикашанд”.

Фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, ки баъд аз талошу пойфишориҳои зиёди рӯшанфикрони тоҷик Наврӯз чун иди миллӣ пазируфта шуд, аммо на Сада, на Меҳргон, на Тиргон, ки зимнан аз Наврӯз камтар нестанд, аз сӯи ҷомеа қабул нашуданд, зеро “мо эҳсос мекунем, ки агар ин идҳо пазируфта шаванд, мақоми ривоят ва андешаҳои дурӯғини вобаста ба чанд ҷашнвораи марбут ба ислом аз байн мераванд”. Ва табиист, ки рӯҳониёну пайравони онҳо аз ин сахт метарсанд. Донишманди тоҷик меафзояд, ҳоло “зеҳнияти тоҷикӣ дар илму маърифат дар он зинае нест, ки илм аз болои ривоят ва хурофот пирӯз шавад”. Барои ин, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳадди аққал даҳ соли дигар зарур аст.

Дилшод Раҳимӣ низ ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодани ҷашнҳои Меҳргону Садаву Тиргон ва аз зеҳни одамон тақрибан пок шудани Шаби Ялдо ё Шаби Чилларо бо он рабт медиҳад, ки ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонон, ба идҳои мазҳабӣ таваҷҷӯҳи бештар доранд, “ҳарчанд нуфузи дин набояд ба ҷавҳари миллӣ зарба занад, худшиносии миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва худшиносии динӣ бояд ҳар кадом дар ҷойи худ бошанд”. Ба гуфтаи мардумшиноси тоҷик, бояд ба Меҳргон чун ба Наврӯз арҷ гузошта шавад, зеро деҳқон баҳор дона ба мазра мепошад ва тирамоҳ ҳосили он донаро мегирад.

ҲЕЛЛОВИН ОЁ ҶОЙГУЗИНИ МЕҲРГОН ХОҲАД ШУД?

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон аз он нигаронанд, ки идҳои “бегона”, аз ҷумла, ҷашну маросимҳои дигар адён, ба тадриҷ ҷойгузини идҳои миллӣ мешаванд. Аммо иддае бар инанд, ки Тоҷикистон кишвари дунявию демократист ва мардум ҳам дар интихоби ҷашну маросимҳо бояд озод бошанд. Онҳо, аз ҷумла, аз сӯи кормандони милиса шаби 25 октябри соли равон пароканда шудани ҷавонони дар клуби шабонаи “Порт-Саид” ҷамъомадаро маҳкум карданд – ин ҷавонон Ҳелловинро таҷлил мекарданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ташреҳи ин хабар гуфт, ки ҷашни Ҳелловин бояд бо иҷозаи мақомоти давлатӣ баргузор шавад.

Рамзи Ҳелловин
Рамзи Ҳелловин

...Ҳелловин аз анъанаҳои келтҳо, мардуми қадимаи ҷанговари аврупоӣ, ки дар Ирландия ва Шотландия ба сар мебурданд, сарчашма мегирад ва ҳамасола 31 октябр, дар арафаи Рӯзи Авлиё таҷлил мешавад. Ҳелловин, ки қаблан дар кишварҳои инглисзабон таҷлил мешуд, аз охирҳои қарни гузашта дар Аврупо ва қаламрави шӯравии собиқ ҳам маъмул шудааст. Ба ин ид дар Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Австралия, Зеланияи нав ва бархе ҷазираҳои Уқёнусия низ арҷ мегузоранд. Шаби Ҳелловин ҳаводорони ид либоси аҷоибулғароиб ба тан ва ниқобҳои даҳшатнок, аз ҷумла, ниқоби Иблис, Дракула, Франкенштейн ва дигар қаҳрамонҳои манфиро ба рӯй карда, аз манзил ба манзиле мераванд ва хостори ширинӣ мешаванд. Дар ивази ширинӣ онҳо ваъдаи дуо барои гузаштагони хонаводаро мекунанд.

Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, идҳое чун Рӯзи Валентини Муқаддас ё Ҳелловин “мавсимӣ” ва “лаҳзаӣ” ҳастанд ва бо гузашти чанд сол дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷойгоҳи худро пайдо накардаанд. Донишманди тоҷик меафзояд, ин идҳоро асосан афроде қайд мекунанд, ки яке аз волидонашон мансуб ба қавму мазҳаби дигар аст, ё онҳое, ки мехоҳанд худро назар ба дигарҳо пешқадамтар нишон диҳанд.

Дар маҳофили Тоҷикистон чанд сол баҳсҳое дар мавриди ҷашн гирифтан ё нагирифтани Соли нави мелодӣ ҳам идома дорад. Дар се соли ахир бо маҳкум кардан ва иди бегона хондани Соли нави милодӣ аз ҷониби иддае аз рӯҳониён, таҷлили он камранг шуд. Аммо ба назар мерасад, ки мардум, аз ҷумла, ҷавонон, ба ин ид таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Ҷонибеки Асрориён ҳарчанд Наврӯзро соли нави воқеии тоҷикон мехонад, аз таҷлили Соли нави мелодӣ пуштибонӣ мекунад ва мегӯяд, “мо баробари ҷаҳони имрӯз қадам мезанем, хоҳем-нахоҳем, бар пояи тақвими расман пазируфташуда сол поён меёбад ва соли нав шурӯъ мешавад ва аз соли гузашта бояд натиҷагирӣ кард”.

Мусоҳибони мо мегӯянд, ки идҳо набояд фаромӯш шаванд – на идҳои садсола ва на идҳои чандҳазорсола, зеро онҳо мероси гузаштагон ва баёнгари таъриху фарҳанги ғании миллатанд...

XS
SM
MD
LG