Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук ҷавондухтаронро ба кор даъват мекунад (ВИДЕО)


Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 50 дарсади нозирони дидбонгоҳҳои гумрукиро аз ҳисоби занҳо таъин кунад.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, раиси хадамот Рустами Эмомалӣ, дастур додааст, то дар нуқтаҳои асосии гумрукии фурудгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб сафи занон зиёд карда шавад. Гуфта мешавад, бар пай ин тасмими Рустами Эмомалӣ, дар ҳоли ҳозир 33 ҷавондухтар, ки тоза донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистонро хатм карданд, ба кор гирифта шуданд. Маоши ин кормандон шурӯъ аз 471 то 517 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳумайро Ашӯр, як масъули дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҷумъаи 19-уми декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, бар пайи эълони озмун наздики 50 бону ҳуҷҷатҳои худро ирсол карданд, ки танҳо 33 нафари онҳо интихоб шуданд. Вай афзуд: “Дар озмун танҳо забондонӣ ва дониши технологии иштирокдорон ба эътибор гирифта шуд. Ҳадафи озмун ҳам дарёфти занҳои бо лаёқат, ба хусус ҷавондухтарон буд. Ҷавондухтароне, ки забонҳои тоҷикиву англисиро хеле хуб медонанд. Чунки мо меҳмонҳои хориҷӣ зиёд дорем ва ба ин далел донистани забон барои онҳо шарти асосист. Ҳамчунин мо онҳоеро ба кор гирифтем, ки ҳавсалаи хуби кор доранд.”

Ба қавли ин масъули дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, азбаски Хадамоти гумрукӣ як ниҳоди қудратӣ ба шумор меравад, ба он бештар ҷавонони то 35-соларо ба кор мегиранд.

Зоҳиран, дастмузди нисбатан ками ин ниҳод бонувони ҷавонро дилсард накардааст, зеро корманди дидбонгоҳи гумрукӣ як вазифаи “обрӯманд” шумурда шуда, бонувони зиёде хостори кор дар ин ниҳод шудаанд. Дар сӯҳбати сарироҳии мо низ ҷавондухтарон ба пурсиши ин, ки “оё бо 517 сомонӣ омода ҳастед, дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ кор кунед?” посухи мусбат доданд.

Раҷабгул Собирова, ҷавондухтари 26-сола гуфт, маоши ин вазифа ночиз ҳам бошад, омодааст дар ин ниҳод кор кунад. Зеро кор дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ метавонад, барои пайдо кардани дӯстони зиёд, ба хусус аз хориҷ кӯмак кунад. Ба қавли Раҷабгул, будани дӯстони зиёд аз хориҷ метавонад барои сафар ба кишварҳои мухталиф кӯмак кунад. Вай мегӯяд: “Аз тарафи дигар маош кам ҳам бошад, даромади иловагӣ дорад ку. Ба ягон нафар кӯмак мекунӣ, ҳаққатро медиҳанд. Баъдан либосҳои низомии кормандони гумрук ба ман писанд аст.”

Аммо намояндаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон мавҷудияти ҳама гуна “даромади иловагӣ”-ро дар ин ниҳод рад мекунад.

Назари духтарони тоҷик ба кор дар Хадамоти гумрук
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Барои ҳамсӯҳбати дигари мо -- Бахтиниссо Исмоилова, ки низ омодааст, корманди Хадамоти гумрук бошад, сохтани “карйера” дар ин идора муҳим ба назар мерасад.Вале бештари ҳамсӯҳбатони мо дастмузди баробар бо 517 сомониро барои кор дар Хадамоти гумрук дар қиёс бо нарху навои имрӯза “ночиз” хонданд.

Зарринаи Ҷонхон гуфт, вай ба ҳеҷ ваҷҳ барои 517 сомонӣ дар фурудгоҳ рӯзи дароз рост намеистад: “Охир ин 500 ё 600 сомонӣ маоше, ки мегӯянд ба роҳкирои ман намерасад. Ман дар гумрук кор мекунам гуфта, магар дигар на хӯрок хӯрам ва на либос пӯшам. Як бор ба нарху навои бозор нигоҳ кунед. Хайр агар даромади иловагӣ дошта бошад, намедонам.”

Гулноза Ҷабборова низ бо ханда мегӯяд “ҳеҷ гоҳ”. Агар донандаи хуби забони англиву русӣ ва тоҷикӣ мебуд, тарҷумон шуда кор мекард, ки барои як рӯзи корӣ на камтар аз 200 доллари амрикоӣ мегирифт: “Ман ҳеҷ вақт розӣ намешавам бо ин маош дар гумрук кор кунам. Гумрук ниҳоди хело ҷиддӣ аст ва масъулият талаб мекунад. Бо ин гуна маош дар он ҷо кор кардан хандаовар ба назар мерасад. Маоши он бояд ҳадди ақал 2 000 сомонӣ бояд бошад.”

Бархилофи ин ақидаҳо, Хадамоти гумрук мегӯяд, ҳуҷҷатсупорӣ барои дарёфти кор ба ҳайси корманди дидбонгоҳҳо ҳамоно хеле зиёд аст. Аз 33 нафар барандагони озмун низ на ҳамаашон якбора ба кор сар мекунанд, зеро танҳо 20 ҷойи холии кор мавҷуд аст. Аммо дар оянда ҳатман ними кормандони дидбонгоҳҳои гумрукиро занон ташкил хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG