Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лайливу Маҷнунҳои эронӣ дар як сайт ба ҳам меоянд


Вазорати варзиш ва ҷавонони Эрон як вебсайтеро роҳандозӣ кард, ки барои ҷавонҳои муҷарради ин кишвар барои пайдо кардани ҳамсафари зиндагӣ "ёрӣ" мекунад.

Вазорати варзиш ва ҷавонони Эрон як вебсайтеро роҳандозӣ кард, ки барои ҷавонҳои муҷарради кишвар дар пайдо кардани ҳамсафари зиндагӣ мусоидат мекунад. Мақомот таъкид мекунанд, ин вебсайт дар доираи ахлоқу одоби исломӣ таҳия шуда, мехоҳад дар барпо шудани оилаи 11 ҳазор ҷавони муҷарради кишвар кумак намояд.

Дар вебсайти нав акси ҷавонҳо нашр намешавад, вале ҷавонҳои муҷаррад метавонанд маълумоте дар бораи худ дар ин ҷо нашр кунанд, то ки бо ёрии мушовирон онҳо ба худ як дӯсти зиндагие пайдо кунанд. Ин мавзӯъ дар як сӯҳбат бо хабарнигори радио Фардо Фаҳима Хизрҳайдарӣ матраҳ шуд:

Сомонаи интернетӣ барои ҷавонони эронӣ, ки мехоҳанд издивоҷ кунанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

XS
SM
MD
LG