Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Танфурӯшҳо аз тарс ба кӯча намебароянд"


Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи 505 нафареро, ки бо гумони танфурӯшӣ боздошт карда буд, алакай раҳо кардааст.Як созмони ҳомии ҳуқуқ аммо мегӯяд, маъракаи зидди танфурӯшон ҳамроҳ бо шантажу пулситонӣ аз ин занону духтарон сурат мегирад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи 505 нафареро, ки тайи рӯзҳои 6-10 июн бо гумони танфурӯшӣ дастгир шуданд, баъди бозпурсӣ раҳо кардааст. 26 нафари онҳо ҷарима баста шудаву 450 нафаре, ки гумон меравад, гирифтори бемориҳои ҷинсианд, бояд ба сурати иҷбор дар бемористони амрози узвҳои таносулӣ таҳти табобат қарор бигиранд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохила ба Озодӣ гуфт, мақомот аз ин ба баъд падару модари афроди гумонбар ба танфурӯширо низ аз аъмоли фарзандони онҳо хабардор мекунанд: «Ба волидон мефаҳмонанд, ки фарзандонашон бадахлоқӣ мекунанд. Аксари ин падару модарон аз аъмоли онҳо хабар надоранд. Чун бисёраш бо баҳонаи тиҷорату кор ба Душанбе меоянд ва ба танфурӯшӣ машғул мешаванд. Ҳадаф аз ин гирифтани пеши роҳи фоҳишагарӣ дар кишвар аст.»

"Шантажи занони танфурӯш зиёд шудааст"

Аммо Елена Иброҳимова, намояндаи як созмоне, ки аз ҳуқуқи танфурӯшон ҳимоят мекунад, мегӯяд, дар пайи ин амалиёт таҳқиру табъизи танфурӯшон афзуда, дар бисёр ҳолатҳо таҳқиру латукӯб ва шантажу пулситонӣ аз онҳо мушоҳида мешавад, вале онҳо ба ҷое шикоят бурда наметавонанд. Хонум Иброҳимова мегӯяд, агар ҳадафи масъулин воқеан ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аст, наметавонанд бо ин роҳ ба ҳадаф расанд, зеро: «Баъди ин рейдҳо онҳо эҳтиёткор мешаванд ва акнун нуқтаҳои худро дигар мекунанд, масалан агар то ҳол дар Қарияи боло муштарии худро интизор мешуданд, акнун баъд аз ин рейдҳо чанд рӯз ба кор намебароянд ва баъд он ки вазъ оромтар шуд, дубора ба кори худ давом медиҳанд. Бояд аз роҳҳои дигар кор гирифт, на аз зӯрӣ.»

Намояндагони бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ ба хотири пешгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ хостори қонунисозии фаҳшо дар Тоҷикистон шудаанд. Аммо гурӯҳи дигар, баръакс пешбинӣ нашудани ҷазои ҷиноӣ барои ин гурӯҳро як омили аслии афзоиши танфурӯшӣ медонанд, ва пешниҳод мекунанд ин амал ғайриқонунӣ эълон шавад.

Муҳаммадалӣ Ватанов, вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд: «Аксарият дар ҷомеаи мо ба ин фикранд, ки бояд барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар шавад, аммо ин танҳо дар сатҳи баҳсҳост ва ягон тарҳе ба чунин мазмун то ҳол ба порлумон ворид нашудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон танфурӯшӣ ҷинояти маъмурӣ дониста мешавад ва танҳо барои даллагӣ ё фаъолияти фоҳишахонаҳо ҷазои сабуки ҷиноӣ – ҷарима ё ҳадди аксар то 4 соли зиндон - пешбинӣ шудааст.»

Душанбе: Боздошти 505 "фоҳиша" дар 3 шаб
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд,маъмурони ин вазорат тайи рӯзҳои 6-10 июн дар ҷараёни амалиёте, ки ин ниҳод “чорабинӣ” номаш кардааст, бо гумони «ҳуқуқвайронкуниҳои ахлоқӣ» 505 «фоҳиша»-ро дастгир кардаанд ва дар ин лобало 16 «ҷинояти ахлоқӣ» ҳам ошкор шудааст.

Сомонаи вазорати умури дохила рӯзи 12 июн хабар дод, ки «зимни амалиётҳои муштарак барои ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷалобӣ (моддаи 239 КҶ ҶТ) 13 ҷиноят, ҷалб намудан ба фоҳишагӣ (моддаи 238 КҶ ҶТ) 2 ҷиноят ва барои ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ (моддаи 241 КҶ ҶТ) 1 ҷиноят ошкор гардидааст.»

Аз 505 боздоштшуда 450 нафараш мариз будааст

Ин «чорабинӣ» зоҳиран дар пойтахт анҷом шудааст, чунки вазорати умури дохила мегӯяд, боздоштшудагонро барои ташхиси тиббӣ ба беморхонаи касалиҳои пӯст ва узвҳои таносулии шаҳри Душанбе фиристодаанд.

Бино ба гузориши вазорати умури дохила, «нисбати 26 нафар барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тибқи моддаи 130 КҲМ ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷамъ ба маблағи умумии 3600 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Дар ин муддат барои амалҳои гомосексуалистӣ 3 нафар, барои даллагӣ 39 нафар, барои нигоҳдории фоҳишахона 10 нафар, барои паҳн намудани маводи порнографӣ 1 нафар барои чораандешӣ ба мақомотҳои корҳои дохилӣ дастрас гардида, аз онҳо сурат, изи даст гирифта шуда, аз ташхиси тиббии беморхонаи касалиҳои пӯст ва узвҳои таносули ш.Душанбе гузаронида шуданд. Дар натиҷаи ташхис 450 нафар дорои касалиҳои сирояткунандаи бо алоқаи ҷинсӣ гузаранда муайян шудааст.»
Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода
Ин нахустин гузориши муфассали пулис дар бораи натиҷаҳои маъракаи зидди танфурӯшҳост, ки мақомоти Тоҷикистон баъд аз як даъвати вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ба тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ шурӯъ кардаанд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 5 июн дар ҷаласаи фаврии вазорати умури дохила вазири умури дохила амр дод, то тамоми афродеро ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ, ба мисли танфурӯшиву даллагӣ дастгир мешаванд, рӯйхат кунанд. "Рӯйхати сиёҳ"-и вазорати умури дохила, бо амри вазир, бояд ҳамчунин тамоми нафарони гирифтор ба бемориҳои ҷинсиро дар бар бигирад.

Ҳамин тавр, пешниҳод шудааст, ки бо иловаи тағйирот ба Кодекси оила, домодҳову арӯсҳо дар оянда қабл аз издивоҷ муваззаф карда шаванд, то тавассути пулис саломатии ҳамсарони ояндаи худро тафтиш кунанд.

Дар ҷомиаи аксаран мусалмон ва суннатии Тоҷикистон даъвати вазири умури дохила ба сурати умум мусбат истиқбол шуд, вале бо назардошти фасодзадагии мақомот тарсе вуҷуд дорад, ки ин маърака ҳам ба як асбоби дигари пулкоркунӣ барои маъмурони пулис табдил нашавад. Бархе ҷомиашиносон, ҳамин тавр, мегӯянд, бидуни решакан кардани ҷанбаҳои иҷтимоие, ки занонро ба танфурӯшӣ тела медиҳанд, ба хусус фақру бекорӣ, наметавон танҳо бо зӯр ва маъракасозӣ пеши роҳи густариши фаҳшоро гирифт.

"Далели шайъӣ гирифта шуд"

Алакай баъди натиҷагирӣ аз рӯзҳои аввали “чорабинӣ” алайҳи танфурӯшону даллаҳо вазорати умури дохила хабар дод, ки рӯзи 11 июн дар шаҳри Кӯлоб як нафари 28-сола бо номи А.З.-ро бо гумони “ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ” дастгир кардааст.
Боздошти як "Мама Роза"-и тоҷик дар Гурҷистон
Боздошти як "Мама Роза"-и тоҷик дар Гурҷистон
Гуфта мешавад, муайян карда шуд, ки дастгиршуда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон А.З. соли таваллудаш 1969 ва А.Ш. соли таваллудаш 1983, сокинони ш.Кӯлоб, ки айни замон барои дастгир намудани онҳо чорабиниҳои фаврӣ идома доранд, рӯзи 09.02.с.2014 дар ш.Душанбе бо мақсади истисмори шаҳвонӣ ва ба фоҳишагӣ машғул намудан, бо роҳи фиреб шаҳрванд Ш.М. соли таваллудаш 1987, сокини ш. Кӯлобро ба ин амал ҷалб намуда, ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бурда, дар он ҷо, муддати 2-моҳ маҷбуран ба фоҳишагӣ машғул намудааст, ки аз ин ҳисоб 30 000доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.»

Дар ҳамон рӯзи 11 июн маъмурони пулис дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як сокини 48-солаи пойтахт бо номи Т.С.-ро «ҳамчун гумонбар дар ҷиноятҳои даллагӣ ё занҷаллобӣ» боздошт карданд. Ба гуфтаи пулис, «дастгиршуда ҳамин рӯз барои дарёфти фоидаи муфт шаҳрванд А.Ф. соли таваллудаш 1988, сокини ш.Душанберо ба маблағи 160-доллари амрикоӣ барои анҷом додани кирдорҳои шаҳвонӣ ба шаҳрванд Г.С. соли таваллудаш 1987, сокини шаҳр фурӯхтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.»

Ҳамин тавр, рӯзи 11 июн як сокини 28-солаи Душанбе бо номи К.А. ва сокнини ноҳияи Турсунзода З.Н. бо гумон ташкили фоҳишахона боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки К.А. дар пойтахт “хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, аз мизоҷони худ шаҳрвандон К.А. соли таваллудаш 1978, сокини н. Ҳамадонӣ, Ҷ.М. соли таваллудаш 1985, сокини н. Рудакӣ, М.Т. соли таваллудаш 1990, сокини н.Файзобод ва Х.Р. соли таваллудаш 1977 сокини ш.Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намуданашон шароит муҳайё намуда, аз онҳо мукофотпулӣ гирифтааст. “

Сомонаи вазорат дар мавриди қазияи Турсунзода хабар дода, ки "ӯ хонаи муваққатии истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, аз шаҳрвадон: Ш.З. соли тавалудаш 1984 ва С.Н. соли таваллудаш 1976, сокинони ҳамин ноҳия барои алоқаи ҷинсӣ намуданашон шароит муҳайё намуда, аз онҳо 110-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. “

Дар ин ду маврид ҳам бидуни ироаи ҷузъиёт гуфта мешавад, ки “далели шайъӣ гирифта шуд."

"Чорабинӣ давом дорад"

Ба иттилои масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли 2013 1641 занону духтарони фоҳиша кашф шудааст, ки 338 зану духтар нисбат ба соли 2012 бештар ва 41 нафари онҳо духтарони ноболиғ будаанд. Дар маҷмӯъ дар соли гузашта 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд будааст.
То кунун дар маҳофил зиёд гуфта мешуд, ки танфурӯшону даллаҳо дар Тоҷикистон асосан зери чатри мақомоти интизомӣ амал мекунанд ва дар ивази супоридуни “ҳаққ”-и муайян ё суханчинӣ озодона ва бидуни тарси муҷозот фаъолият мекунанд. Аз тарафи дигар, қонунҳои Тоҷикистон танҳо барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахона ҷазо таъин кардааст. Танфурӯширо маъмулан танҳо бо муҷозоти маъмурӣ, аксаран бо ҷарима таъқиб мекунанд.

Аз 505 нафари дар 4 рӯзи охир бо гумони даллагӣ ё танфурӯшӣ дастгиршуда низ 26 нафар бо пардохти дар маҷмӯъ 3600 сомонӣ ҷарима халос шудаанд. Яъне зери 140 сомонӣ ба сари ҳар нафари онҳо.

Бо ин ҳол, вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, “чорабинӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG