Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ҲНИТ куҷо шуданд? Касе ба зиндон рафт, касе ба Эрон...


Фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ
Фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ

Ҳукми бастани ҲНИТ ин ташаккули умдаи мухолифинро дар як вазъи хеле мураккаб қарор дода, теъдоде аз чеҳраҳои шинохтаашро маҷбур ба фирор аз Тоҷикистон кардааст.

Созмони террористӣ эълон шудани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - ягона ҳизби расмии исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамин тавр боздошти раҳбаронаш вокуниши зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба бор наовард. Дар пасманзари афзоиши таҳдиди тундгароии исломӣ ва бедодгариҳои гурӯҳҳои мазҳабӣ, бахусус "Давлати Исломӣ" имрӯз пайдо кардани ҳомие барои ҲНИТ кори осон нест.

Бо ин ҳол, фирори садҳо намояндаи ҲНИТ аз Тоҷикистон, ки онро худи мақомоти ҳизб “муҳоҷирати муваққатӣ” унвон кардаанд, ғолибан як муҳоҷирати хеле тӯлонӣ хоҳад буд.

Он раҳбарон ва фаъолони ҳизб, ки қабл аз манъи фаъолияти ин ташаккули сиёсӣ аз кишвар берун шуданд, дар муқоиса бо дастикам 13 тан аз раҳбарони ҳоло боздоштшудааш хушиқбол ба назар мерасанд, ҳарчанд аз эҳтимол дур нест, ки ҳукумат таъқиби онҳоро дар хориҷ низ идома бидиҳад.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳанӯз моҳи марти соли равон ба думболи интихоботи порлумонӣ, ки дар он ин ҳизб ҳарду курсиашро аз даст дод, аз кишвар хориҷ шуд. Ӯ то боздошти ҳамҳизбонаш дар авоили ҳафтаи гузашта дар Туркия ба сар мебурд, аммо бар пояи охирин хабарҳои расида, ҳоло дар яке аз кишварҳои аврупоӣ қарор дорад.

Саидиброҳими Назар, яке аз чеҳраҳои шинохта ва узви раёсати ин ҳизби исломӣ аввалҳои моҳи август ба Эрон паноҳ бурдааст. Ӯ дар тобистони имсол аз тарафи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷурми бисёрзанӣ 60 000 сомонӣ ҷарима шуда буд.

Муҳаммадҷони Нурӣ
Муҳаммадҷони Нурӣ

Ҳамин тавр, Муҳаммадҷони Нурӣ, писари бунёдгузори ҲНИТ Саидабдуллоҳи Нурӣ, ки масъулияти раҳбарии бахши ҳизбро дар Душанбе бар дӯш дошт, низ дар нимаи моҳи август аз Тоҷикистон ба Эрон рафтааст.

Қаблан дар бораи фирори Эшони Саъдиддин Раҳимов, узви раёсати олии ҳизби наҳзат хабарҳо пахш шуда буд. Вале намояндаи ҲНИТ мегӯяд, ки ӯ аз тарафи мақомот дар пойтахт боздошт шудааст. Дар бораи боздошти Эшони Саъдиддин хабари расмие ҳанӯз нашр нашудааст.

Як намояндаи ҲНИТ, ки нахост номаш гуфта шавад, гуфт, ки дар се моҳи ахир беш аз 1000 узви ҳизб дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияву Эрон паноҳ бурдаанд. Тоҷикистон бо баъзеи ин давлатҳо қарордоди ҳамкориҳои амниятӣ дорад, ки истирдоди аъзои ҲНИТ-ро барои Душанбе осон мекунад. Аз ин рӯ, баъзе коршиносон мегӯянд, ки шояд намояндагони ҲНИТ бештар ба кишварҳое рӯ бисёранд, ки низоми исломӣ доранд .

Аммо Маҳдӣ Собиров, коршиноси Маркази стротегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон метавонад дар амри пас овардани афроди гумонбар ба қонуншиканиҳо, аз ҷумла аъзои ҲНИТ, ба Интерпол муроҷиат кунад: “Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳатман меомӯзанд, ки то кадом андоза афроди алоҳидаи фирории ҲНИТ ба амали терористие, ки мехостанд дар Тоҷикистон пиёда кунанд, иртибот дорад ва онгоҳ онҳоро ба Интерпол хоҳанд супурд. Лекин ман бовар надорам, ки Эрон онҳоро ба Тоҷикистон диҳад, чунки давлати исломист ва намояндаҳои ҳизби исломиро зери сарпарастии худ қарор хоҳад дод.”

Як намояндаи ҲНИТ, ки дар Туркия қарор дорад, мегӯяд, теъдоди аъзои аз Тоҷикистон беруншудаи ҳизб дақиқ нест ва ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз маълум ҳам нест, ки фаъолияти баъдии ҳизб дар хориҷи Тоҷикистон чӣ гуна сурат хоҳад гирифт.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Додгоҳи олӣ рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Ҳамчунин додгоҳ чопи "Наҷот"- нашрияи ин ҳизб ва саҳифаи интернетии ҲНИТ-ро манъ карда ва мунташир намудани наворҳои савтӣ ва видеоӣ, рӯзнома ва адабиёт ва варақҳои ҳизбро ғайри муҷоз хондааст.

Чанд рӯз қабл низ Додситонии кулли Тоҷикистон мақомоти ин ҳизбро ба даст доштан дар ошӯби ахири генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам кард. Аммо ҳам Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва ҳам аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ ин иттиҳомро радд намуданд.

Дар баёнияи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки он рӯзи 29 сентябр пахш шуд, аъзои ин ҳизб ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ ва паҳн кардани ахбори иғвоангезона, муттаҳам мешаванд.

Бар пояи ин баёния, аъзои ҲНИТ дар ташкил ва ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ, муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамвора онро радд ва ин ҳамаро танҳо баҳонасозӣ барои бастани фаъолияти ҳизб унвон мекарданд.

XS
SM
MD
LG