Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷик як гурда ё шушашро фурӯхта, ба Сурия рафтанист (ВИДЕО)


Акс як гурӯҳи тоҷиконе, ки мегӯянд, дар Сурия меҷанганд.
Акс як гурӯҳи тоҷиконе, ки мегӯянд, дар Сурия меҷанганд.

Як хонандаи Радиои Озодӣ аз Маскав дар бораи як ҷавони тоҷик хабар дод, ки гӯё мехоҳад як гурда ваё як шушашро бифурӯшаду пулашро ба хонаводааш равон кунад ва сипас барои “ҷиҳод” ба Сурия биравад.

Як хонандаи Радиои Озодӣ бо номи "Амир аз шаҳри Маскав" дар поварақи яке аз гузоришҳои Радиои Озодӣ дар бораи ширкати ҷангиён аз Тоҷикистон дар ҷанги Сурия навишт, ки гӯё як ҷавони тоҷик дар пойтахти Русия ҳам мехоҳад барои “ҷиҳод” ба Сурия биравад, вале пеш аз рафтан қасд доштааст, то як гурда ваё як шушашро фурӯхта, ба хонаводааш дар Тоҷикистон бифиристад ва сипас ҷомаи “ҷиҳодӣ”-ро ба тан кунад.

Матъни пурраи ин номаи кӯтоҳро бароятон инҷо меорем:

амир from: москав

e-mail:

як чавони точик мехохад 1гурдё 1 шиши худро бифурушад ва пулашро ба хона равон кунад худ ба сурия равад

Ин нома дар ҳоле ба дасти Озодӣ расид, ки бино ба охирин омори мақомоти амниятии Тоҷикистон, шумори ҷангиёни зодаи ин кишвар танҳо дар Сурия ба 300 нафар расидааст. Дар Душанбе мутмаинанд, ки аксари инҳо, чун дар мисоли ин ҷавони тоҷике, ки мехоҳад як гурда ё шушашро бифурӯшаду пас ба «ҷиҳод» биравад, дар Русия аз сӯи ҷунбишҳои тундрави ситезаҷӯ барои рафтан ба Сурияву Ироқу кишварҳои дигар ҷалб шудаанд.

Ҳамин тавр, дар сели шарҳҳое, ки ба Озодӣ дар поварақи гузоришҳояш пиромуни ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ё Афғонистон мерасанд, номаҳое ҳам ҳаст, ки мегӯянд, хеле азми рафтан ба ҷанг дар ин кишварҳоро доранд, вале намедонанд, бо чӣ роҳе бираванд? Ва оё ба кӣ муроҷиат кунанд? Яъне ба истилоҳ "военкомат"-е, ки ба ҷанги Сурия мебарад, оё куҷост?

Аммо оё Шумо низ ҷавонони тоҷикеро дучор шудаед, ки дар сар андешаи рафтан ба «ҷиҳод» ва ба истилоҳ «нӯшидани ҷоми шаҳодат» дар ҷангҳо дар кишварҳои аз Тоҷикистон ин қадар дуру бегонае, чун Сурия ё Ироқ ваё дар Афғонистону Покистони зоҳиран ба мо наздиктарро доранд? Ва агар ҳа, оё чӣ ангезаҳоест, ки онҳоро ба ин роҳи муҳлик тела медиҳад? Ва назари Шумо ба ширкати ин ҷавонон дар ҷангҳои бегона чист?

ВИДЕОИ Озодӣ дар бораи «Вақте ҷангиёни тоҷик аз «ҷиҳод» бармегарданд…»:

XS
SM
MD
LG