Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик - барандаи ҷоизаи Н.Назарбоев


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар даври Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев медали тилло ба даст овард.

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон -- Нурсултон Назарбоев, ки даври аввали Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ғолиб омадааст. Ӯ дар рӯзи охирини мусобиқа, ки 25-уми январ дар шаҳри Алмаато, дар Қасри варзиш ва фарҳанги ба номи Баулан Шолак, барпо гардид, дар рақобатҳо дар вазни зери 57 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00
Линки мустақим

Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ Алмаз Сулаймонови қазоқро шикаст дода, мақоми аввалро касб кард. Дар ин вазн Сулаймонов бо медали нуқра, Толмас Туклиев (Узбакистон) ва Исатай Асканбой (Қазоқистон) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин мусобиқа ҳудуди 400 варзишгар аз 23 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Бо ин мусобиқа мавсими нави байналмилалии варзиш барои самбочиёни ҷаҳон оғоз ёфт.

Бояд тазаккур дод, Акмалиддин Каримов дар рейтинги ҷаҳонӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии самбо нашр кардааст, дар вазни зери 57 кг дар мақоми аввал қарор дорад. Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон низ ӯро бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини кишвар дар соли 2014 дохил карда буд.

Маҳмуди Абдулло, муовини сардовари Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Қазоқистон ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов бо ҷоизаи “Барои ирода баҳри ғалаба” ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ, инчунин ҳамчун ғолиби мусобиқа бо мукофотпулӣ ба маблағи 1000 доллар мукофотонида шуд. Арман Османов (Қазоқистон), ки беҳтарин варзишгари мусобиқа дониста шуд, бо мошини сабукрави Hyundai Accent сарфароз гашт.”

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 11 медали тилло (5 медали тилло байни занон, 4 медали тилло байни мардон ва 2 медали тилло дар намуди самбои размӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо 6 медали тилло дар мақоми дувум ва дастаи Беларус бо 2 медали тилло дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳафт давраи Ҷоми ҷаҳон, ки мақоми мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А”-ро доранд, баргузор мешаванд. Вале ҷоизаи аслӣ аз рӯи натоиҷи чаҳор давра супурда хоҳад шуд.

Давраҳои ҳалкунанда инҳоянд: дар Аврупо - Суперҷоми ҷаҳон «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», дар Осиё - давраи Ҷоми ҷаҳон барои ҷоизаҳои президенти Қазоқистон, дар Амрико - давраи Ҷоми ҷаҳон ба хотираи А.Астахов ва дар Африқо - давраи Ҷоми ҷаҳон «Гран-При Касабланка». Аз рӯи ҷамъбасти ин чаҳор даври мусобиқот ғолибони Ҷоми ҷаҳон дар ҳисоби умумӣ дар ҳар як вазн муайян хоҳанд шуд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми президенти Қазоқистон дар байни мардон оид ба самбои варзишӣ:

52 кг

1. Киракосян Тигран (Арманистон)

2. Канжанов Беймбет (Қазоқистон)

3. Надарейшвили Гиви (Гурҷистон)

3. Ахмедов Раҳматҷон (Узбакистон)

57 кг
1. Каримов Акмалиддин (Тоҷикистон)

2. Сулаймонов Алмаз (Қазоқистон)

3. Туклиев Толмас (Узбакистон)

3. Асканбой Исатай (Қазоқистон)

62 кг

1. Куанов Йессет (Қазоқистон)

2. Одошашвили Звиад (Гурҷистон)

3. Лагазаури Шмаги (Гурҷистон)

3. Жарилгассов Багдат (Қазоқистон)

68 кг
1. Жумананов Йелдос (Қазоқистон)

2. Сериков Нирбол (Қазоқистон)

3. Матаис Александр (Русия)

3. Клинов Антон (Русия)

74 кг

1. Алкей Асулбек (Қазоқистон)

2. Мамулашвили Каха (Гурҷистон)

3. Берулава Бесарион (Гурҷистон)

3. Нахутсришвили Леван (Гурҷистон)

82 кг
1. Куржев Алӣ (Русия)

2. Даниэлян Ашот (Арманистон)

3. Гагнидзе Заур (Гурҷистон)

3. Суханов Денис (Русия)

90 кг

1. Полянсков Михаил (Русия)

2. Карбелашвили Давид (Гурҷистон)

3. Осипенко Виктор (Русия)

3. Гвиниашвили Паата (Гурҷистон)

100 кг
1. Лориашвили Давид (Гурҷистон)

2. Шулга Виталий (Русия)

3. Горбал Александр (Русия)

3. Семочкин Евгений (Беларус)

Беш аз 100 кг

1. Бердзенишвили Бека (Гурҷистон)

2. Кажибоев Ерасил (Қазоқистон)

3. Рибак Юрий (Баларус)

3. Закариадзе Георгий (Гурҷистон)

Аз маълумотномаи Озодӣ: Акмалиддин Каримов 5-уми январи соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз синни дувоздаҳсолагӣ ба самбо таҳти роҳбарии устодаш Маҳмадшариф Сулаймонов машғул аст. Дар шаҳри Душанбе, дар толори мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ тамрин мекунад. Зиёда аз сӣ медал ба даст овардааст. Соли 2011-ум Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро хатм намуда, як сол дар Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хидмат кардааст. Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон, ғолиби Ҷоми ҷаҳонии самбо мебошад.

XS
SM
MD
LG