Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 ВИДЕО: Боздошти овозхони тоҷик Қаҳрамони Шарифзод бо ним кило ҳероин


Қаҳрамони Шарифзод. Акс аз саҳифаи ин овозхон дар Facebook
Қаҳрамони Шарифзод. Акс аз саҳифаи ин овозхон дар Facebook

Манобеи Озодӣ мегӯянд, овозхони тоҷики дар Перми Русия бо беш аз ним кило ҳероин дастгиршуда зоҳиран Қаҳрамони Шарифзод аст.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, овозхони тоҷики бо гумони тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар Перми Русия боздоштшуда зоҳиран Қаҳрамони Шарифзод аст. Аммо ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст, ки оё дар воқеъ нафари дар Русия бо ним кило ҳероин дастгиршуда ӯст ё на? Агар ин хабар расман тасдиқ шавад, нахустин мавриди расонаишудаи боздошти як овозхони тоҷик бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Русия хоҳад шуд.

Қаҳрамони Шарифзод зодаи водии Вахши вилояти Хатлон буда, чанд сол боз дар саҳнаи эстрадаи тоҷик кор мекунад ва чанд клипашро то имрӯз ба бозор даровардааст. Дар шабакаи Ютюб дар якуним соли охир дастикам 3 клипи Қаҳрамони Шарифзод - "Оре", "Баҳори гулфишон" ва "Ҳеле ёрум" - нашр шудааст. Ин клипҳо бо сифати баланд дар формати HD сабт шуда, ҳар кадом аз 700 то 900 тамошобин доштааст.

Яке аз таронаҳои Қаҳрамони Шарифзодро метавонед инҷо бубинед:

Қаблан матбуоти Русия аз боздошти як овозхони тоҷик бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир хабар дод. Гуфта мешавад, ин зодаи Тоҷикистон барои сабти клипи таронааш ба шаҳри Краснокамски вилояти Перм омада, вале дар ниҳоят бо ҷалби як хешовандаш ба тиҷорати ҳероин машғул шудааст.

Акс аз як клипи Қаҳрамон Шарифзод
Акс аз як клипи Қаҳрамон Шарифзод

Бино ба гузориши сомонаҳои русӣ, ин нафар, ки номаш расман нашр нашудааст, дар Тоҷикистон овозхони маъруф аст ва ҳатто дар барномаи солинавии телевизиони Тоҷикистон ширкат кардааст.

Дар навори видеоие, ки Хадамоти федеролии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия дар вилояти Перм нашр кард, чанд пора аз сабти таронаҳои қаблии ин овозхон оварда шуда, гуфта мешавад, ки ӯ дар Ватанаш - Тоҷикистон - овозхони маъруфи таронаҳои эстрадӣ ба шумор мерафт. Ин ниҳод тахмин задааст, ки фурӯши маводи мухаддир манбаи таъмини молии фаъолияти эҷодии ин овозхон будааст.

Бино бар ин манбаъ, аз овозхон ва шарики ӯ дар ҷараёни "тадбирҳои фаврӣ" беш аз ним кило ҳероин кашф ва мусодира шудааст. Шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон гуфтааст, ки маводи мухаддирро аз вилояти Маскав меовард ва дар Перм мефурӯхт.

Ин овозхон ва хешованди шарикаш дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Перм дастгир шудаанд.

Видеои Хадамоти федеролии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия дар вилояти Перм дар бораи боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро инҷо тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG