Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарони говдузд бо ҷарима "халос" шудаанд


Додгоҳи низомии вилояти Хатлон ду афсари собиқро, ки ба говдуздӣ муттаҳам мешуданд, 10 000 сомонӣ ҷарима баста, аз толори додгоҳ ҷавоб додааст.

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон шоми 22 сентябр ҳукми ду афсари собиқи мақомоти интизомии Тоҷикистонро, ки ба говдуздӣ муттаҳам мешуданд, эълон кард. Додгоҳи корманди Гвардияи миллӣ, лейтенанти хурд Раҷабалӣ Маҳмудов, ки дар “Қасри миллат” – қароргоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон - ба ҳайси посбон кор мекард, ва як корманди собиқи идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мӯъминобод Маҳмадзоҳир Давлатовро ба пардохти ҷарима ба андозаи 250 нишондиҳанда, яъне 10 000 сомонӣ маҳкум кардааст. Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣдирӯз аз додгоҳ барои Раҷабалӣ Маҳмудов 4 соли зиндон ва барои Маҳмадзоҳир Давлатов 3 солу 7 моҳи зиндон талаб карда буд.

Ин ду афсарро моҳи июл ҳангоми талоши навбатии дуздидани чорвои мардум худи сокинон дастгир карда, ба мақомот супурдаанд.

Як мақоми додгоҳи гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, рӯзи 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баррасии парвандаи ҷиноии корманди Гвардияи миллӣ, лейтенанти хурд Раҷабалӣ Маҳмудов, ки дар “Қасри миллат” – қароргоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон - ба ҳайси посбон кор мекард, ва як корманди собиқи идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мӯъминобод Маҳмадзоҳир Давлатовро ба поён овардааст. Ин ду афсар дар дуздидани шумори зиёди говҳои мардум дар роҳи мошингарди Данғара - Сарбанди вилояти Хатлон айбдор дониста мешаванд ва айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 22 сентябр аз додгоҳ барои аввалӣ 4 сол ва барои дувумӣ 3 солу 7 моҳи маҳрумият аз озодӣ талаб кард.

Ин манбаи Озодӣ ҳамчунин хабар дод, ки тафтиши парвандаи ҷиноии Раҷабалӣ Маҳмудов ва Маҳмадзоҳир Давлатов бар асоси қисми аввали моддаи 244 -уми Кодекси ҷиноӣ, яъне “дуздӣ ва расонидани зарари моддӣ” аз тарафи муфаттишони додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шуда, барои муҳокима ба додгоҳи гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа ирсол шуда буд.

Тавре додгоҳи гарнизони ҳарбӣ иттилоъ медиҳад, Раҷабалӣ Маҳмудов пас аз боздошт ба гумони говдуздӣ аз системаи амнияти кишвар ронда шудааст, ҳамроҳи Маҳмадзоҳир Давлатов дар атрофи роҳи мошингарди Данғара - Сарбанд говҳои мардумро, ки дар алафзорҳои канори роҳҳо мечариданд, дуздида, ба қассобхонаҳои шаҳри Кӯлоб бурда мефурӯхтаанд. Гуфта мешавад, Раҷабалӣ Маҳмудов бо истифода аз мақомаш ҳамроҳи чанд тани дигар бо қассобхонаҳои шаҳри Кӯлоб забон як карда, говҳои дуздиро кушта, гӯшти онҳоро ба фурӯш мегузоштаанд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, то кунун додгоҳ дар натиҷаи пурсиш ва рӯбарӯкунии шоҳидон ва ҷабридаҳо 4 гови сокинони ноҳияи Сарбандро зинда ба соҳибонашон баргардонида ва пули гови 10 ҷабрдидаи дигарро ба маблағи аз 1500 то 5 ҳазор сомонӣ аз дуздон рӯёндааст. Гуфта мешавад, Раҷабалӣ Маҳмудов дар “Қасри Миллат” ба ҳайси посбон ду рӯз дар миён кор мекард ва дар ин ду рӯзи истироҳаташ говдуздиро дар роҳи Данғара- Сарбанд ба як “хобби” ё машғулияти дигари худ табдил додааст.

Дар ҳамин ҳол, вакили Маҷлиси маҳаллии ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар Зуҳурбек Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду гови ӯро ҳам рабудаанд ва ҳоло бояд додгоҳ пули ин ду говро аз ин гурӯҳ бирӯёнад. Вай гуфт, дар ин парванда номи ӯ на дар рӯйхати ҷабрдидаҳо, балки ҳамчун шоҳид рафтааст ва дар вақти рӯбарӯкунии ҷабридаҳо шоҳидонро аз толори мурофиа берун карданд.

Зуҳурбек Шарифов мегӯяд, ки ӯ дар мурофиаи имрӯза аз ҳамагӣ 4 ва 3 солу 7 моҳ ҳукми зиндон пурсидани айбдоркунанда изҳори норозигӣ кардааст, зеро тақрибан тайи як сол ин кормандони мақомоти интизомӣ ба ҷои таъмини амнияти мардум гову моли даҳҳо сокинони навоҳии вилояти Хатлонро рабуда ба фоидаи худ истифода кардаанд ва бояд ҷазои, ба таъбири оқои Шарифов, “сазовортар” бигиранд.

Дар Тоҷикистон, ки нархи гӯшт ва ба ин тартиб, нархи чорво дар солҳои охир башиддат боло рафта ва қимати як гов метавонад ҳатто ба чанд ҳазор доллар бирасад, говдуздӣ як ҷинояти роиҷ шудааст. Аммо омори дақиқе, ки оё ҳар сол дар кишвар чанд мавриди дуздии гову гӯсфанд ва анвоъи дигари чорво сабт мешавад, вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG