Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр арӯс меҷӯяд. Аз Фейсбук


Бахтиёр Аминӣ
Бахтиёр Аминӣ

Бахтиёр Аминӣ, шоири тоҷик ва молики тарабхонаи “Шукрона” дар Фейсбук эълон додааст, ки барои издивоҷ дар ин шабака як номзади муносиб меҷӯяд.

Бахтиёр Аминӣ, шоири тоҷик ва молики тарабхонаи “Шукрона” ҷуфти худро аз Фейсбук меҷӯяд.

Бахтиёр Аминӣ, ки 42 сол дорад ва як сол пеш аз ҳамсари аввалаш ҷудо шудааст, рӯзи 26 август дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук эълон дод, ки барои худ ба хотири издивоҷ арӯси муносиб меҷӯяд. Ӯ дар эълони кӯтоҳаш навиштааст:

“Вақти зангирӣ расид!)

Ин шӯхӣ нест

Комилан ҷиддист!

Зан меҷӯям!

Синнаш – то 35-сола.

Дар бораи худам. Бад нестам. Кам менӯшам, сигор намекашам.

Камбудиҳо? Кӣ бе камбудист?”

Бахтиёр Аминӣ рӯзи 26 август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар зарфи чанд соати гузашта аз нашри ин эълон алакай чандин пешниҳод гирифтааст: “Бархеҳо дар бораи худашон навиштанд ба ман. Нафарони дигар хешу таборашон ё ошноҳояшонро пешниҳод карданд. Акс ҳам хеле зиёд фиристодаанд.”

Қаблан ҳам аз номи корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳое ба ин мазмун, ки зан гирифтан мехоҳанд, нашр мешуд, вале бештар ба оҳанги шӯхӣ. Эълони Бахтиёр Аминиро низ бисёриҳо шӯхӣ пиндоштанд. Вале ӯ мегӯяд, тасмимаш ҷиддист ва ӯ дар воқеъ қасди издивоҷ дораду Интернету Фейсбукро василаи хубе барои пайдо кардани ҷуфти ояндаи худ мешуморад.

Эълони Бахтиёр Аминӣ дар Фейсбук
Эълони Бахтиёр Аминӣ дар Фейсбук

Аммо чаро ҳамсари ояндаашро на аз тариқи роҳҳои суннатӣ бо хостгориву фотеҳаву тӯй, балки аз тариқи Фейсбук меҷӯяд?, - пурсидем аз Бахтиёр. Ӯ дар посух гуфт: “Аксар маро аз тариқи Интернет, бахусус аз Фейсбук мешиносанд. 90 дарсади дӯстони ман дӯстони маҷозианд. Баъзеҳо танҳо вақте ки ба “Шукрона” меоянд, бори аввал маро аз пеш мебинанду аз наздик шинос мешавем. Ба ҳамин далел, ин эълонро навиштам, ки шанси пайдо кардани як номзади мувофиқ дар Интернет, фикр мекунам, зиёдтар аст.”

Истифодаи фанновариҳои навин ба хотири издивоҷ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000-ум шурӯъ шуда буд. Матин Холматов, як корманди вақти дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин нафароне буд, ки арӯси худро аз Интернет пайдо кард.

Акнун ки тавре овозхони эронӣ Нимо месарояд, “ишқ шуда интернетӣ, эмейлӣ” ва “Маҷнун шишта, чат мекунад бо Лайлӣ” ҷустани арӯси оянда аз тариқи Интернету телефони мобил дигар касеро дар Тоҷикистон ба ҳайрат намеорад. Даҳҳо ҷуфт дар ин кишвар ҳар сол тавассути Интернет, бахусус аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии он, чун Фейсбуку Одноклассники ошно мешаванду якдигарро меомӯзанд ва сипас роҳии ЗАГС мешаванд.

Дар соли 2013 Ситора ва Алишер ном ду ҷавони тоҷик тӯи худро аз тариқи тамоси интернетӣ барпо карданд, чунки арӯс дар Душанбе буду домод ... дар Амрико.

Арӯсии Шаҳноза тавассути Skype
Арӯсии Шаҳноза тавассути Skype

Ҳамин тавр, ду моҳ пеш Шаҳноза Идрисова, як сокини 27-солаи Душанбе, маросими никоҳаш бо ҷавоне бо исми Парвизро, ки дар Тунис кор мекунад, ҳатто аз тариқи шабакаи Skype анҷом дод. Домод имкони омадан ба Тоҷикистонро надошт ва волидони Шаҳноза аз ин тараф розӣ набуданд, ки ӯро бидуни никоҳ ба пеши домоди ояндаашон ба Тунис бифиристанд. Мулло ба никоҳ кардани онҳо аз тариқи телефони оддӣ низ розӣ нашудааст, чунки дар телефон дида намешавад, ки оё худи домод ба ин никоҳ ризоият медиҳад ё каси дигар. Дар ниҳоят салоҳ ин дониста шуд, ки ҳардуро дар ҳузури шоҳидон аз тариқи Skype никоҳ кунанд.

Ҳоло Шаҳноза ва шавҳари тарҷумонаш ду моҳ боз дар Тунис “моҳи асал” доранд. Издивоҷи ин ҷуфт бе истифодаи фанновариҳои навин шояд наметавонист ҷомаи амал бипӯшад.

Рӯҳониёни тоҷик аз афзоиши истифодаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори ташвиш мекунанд ва мегӯянд, ин шабакаҳо як манбаи дигари густариши фасоди ахлоқӣ шудаанд. Ин нигарониҳо дар пайи афзоиши талоқҳо аз тариқи СМС, ки боиси вайрон шудани даҳҳо хонавода шуд, ба шиддати бештар садо доданд ва Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳатто бо судури як фатво талоқ аз тариқи СМС-ро манъ кард.

Вале корбарони фаъоли Интернет, бахусус қишри ҷавон мегӯянд, пешрафти фанновариҳо як амри бебозгашт аст ва он батадриҷ, вале ногузир анъанаҳои кӯҳна, ба мисли аз сӯи волидон ҷустуҷӯ ва интихоб шудани арӯси оянда, иҷрои ҳатмии маросимҳои бешуморе – аз хостгорӣ бо дастурхонбариву дастурхонорӣ то фотеҳаву тӯйи арӯсӣ ва амсоли инро танг мекунад. Ба бовари ин тоифа, баъди чанд сол эълони ҷустуҷӯи арӯс ва ҳатто домод дар Интернет низ касеро дар Тоҷикистон дигар ба ҳайрат нахоҳад овард.

XS
SM
MD
LG