Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам Худойдодова аз мақомоти Беларус паноҳандагӣ хост


Шабнам Худойдодова
Шабнам Худойдодова

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Брест нигаҳдорӣ мешавад, аз мақомоти Ҷумҳурии Беларус хост, барояш ҳақи паноҳандагӣ диҳанд.

Шабнам Худойдодоваи 29-сола, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби дар пайгарди байнулммилалӣ буданаш дар Беларус боздошт шуд, аз мақомоти ин кишвар ҳаққи паноҳандагӣ дархост кардааст. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Тимофей Солодков, масъули намояндагии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар шаҳри Минск хабар дод. Ба иттилои ӯ, аризаи худро Худойдодова рӯзи 24 июн ба маъмурияти боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Брест таслим кардааст ва баъди ин ҷараёни таҳқиқу баррасии қазия ва ҳам аризаи паноҳандагии ӯ шурӯъ мешавад.

Шабнам Худойдодова рӯзи 12 июн дар посгоҳи қатори роҳи оҳани Брест-Восточний аз ҷониби марзбонони Беларус боздошт шуд. Дар хабари расмӣ гуфта шуд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон бо сабаби дар пайгарди қонунӣ қарор доштанаш аз ҷониби Гурӯҳи марзбонии вилояти Брест

Надежда Атаева
Надежда Атаева

боздошт шуд ва ӯ ба ватани худ истирдод мешавад. Масъули анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” Надежда Атаева, ки аввалин шуда хабари боздошти Худойдодоваро пахш кард, дар изҳороти худ навишт, ки ин ҷавонзан ба хотири пахши матнҳои танқидӣ дар ҳаққи ҳукумати Тоҷикистон ва узвияташ дар “Гурӯҳи 24” маҷбур шуд аз Русия фирор карда, ба Беларус ба хотири додаи аризаи паноҳандагӣ ба СММ сафар кунад.

Ҳоло, мегӯяд масъули СММ, аз рӯи қонунҳои Ҷумҳурии Беларус, дар сурати аризаи паноҳандагӣ додани шаҳрванди хориҷии боздоштшуда ва муттаҳам дар ҷиноят дар ватани худ, бояд то анҷоми таҳқиқ ва содир шудани қарори мақомот мунтазири қарори мақомот бимонад.

"Аризаи ин шаҳрвандро ҳукумати Беларус баррасӣ хоҳад кард. То замони содир шудани қарор дар ин замина, ин шахс дар қаламрави Беларус хоҳад монд. Дар сурати посухи мусбати ҳукумати Беларус, ин одам аз амри истирдод ба ватани худ ва ё кадом кишвари сеюм эмин мемонад. Ин ҷараён ҳадди аксар то шаш моҳро талаб мекунад. Дар сурати посухи рад гирифтани аризаи ин шахс, барои паноҳандагӣ ва қарори ба Тоҷикистон истирдод шуданаш, ин нафар метавонад аз болои қарори содиршуда ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят кунад ва то содир шудани ҳукми додгоҳ дар ҳамин кишвар мунтазир мемонад," - гуфт Солодков.

Аз рӯи тақозои қонун, ҷараёни бозбинии аризаи даъвогар дар додгоҳ ҳам метавонад то 3-4 моҳ тӯл кашад. Дар тамоми ин муддат, вобаста ба сангинии иттиҳоми ин шахс, мақомот ҳақ доранд аризадиҳандаро дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд ва ё бо шарти берун нашуданаш аз қаламрави Беларус, озод кунанд. Ба гуфтаи Солодков, дар қазияи Худойдодова, “ҳанӯз мушаххас нест, ки оё воқеан ҳам мақомоти Тоҷикистон то замони боздошти ӯ дар Беларус дархости истирдоди ӯро ирсол кардаанд ё на, чунки дар ин ҳолат, ин шахсро то замони баррасӣ шудани парвандааш, метавонанд дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд”. Масъули СММ мегӯяд, Шабнам Худойдодова бо вакили дифоъ дар тамос аст ва мулоқоти ахири онҳо дирӯз дар боздоштгоҳ баргузор шуд.

Дар ҳамин ҳол, модари Шабнам – Ҷамила Худойдодова дар шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, сохторҳои қудратӣ шурӯъ аз моҳи январи имсол ба хонаи онҳо омада дар бораи узвияти духтараш “дар кадом гурӯҳе” хабар додаанд ва аз ӯ хостаанд, духтарашро ба Тоҷикистон баргардонад. Ин модари 5 фарзанд мегӯяд, то ҳол мушаххасан намефаҳмад, ки духтари ӯ дар кадом ҷиноят гунаҳгор аст. Дар яке аз ингуна сӯҳбатҳо ходимони сохторҳои қудратӣ барояш як даста коғаз – нусхаҳои шиносномаҳои занону духтаронро намоиш дода гуфтаанд, ки ҳамаи онҳо мавриди ҷустҷӯ қарор доранд ва дар байни онҳо нусхаи шиносномаи Шабнам ҳам будааст. “Ман пурсидам, ки ӯ ба кадом гурӯҳ иртибот дорад – ба ҳамон гурӯҳҳое, ки ба Сурия мебаранд? Онҳо гуфтанд, ки на, ба як гурӯҳи дигар”, гуфт Ҷамила Худойдодова.

Худи Шабнам Худойдодова модари як духтарчаи шашсола аст, ки дар тарбияи модаркалонаш дар Кӯлоб аст. Ӯ бо ҳамсари худ ҷудо шуда, солҳои охир дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳамроҳ бо хоҳари калониаш Мижгона бо парастории афроди пиронсол пул кор мекард ва аз ин ҳисоб ба модару кӯдакаш ёрӣ мерасонд. Се соли охир ӯ ба Тоҷикистон нарафта ва бори охир модарашро як сол пеш дар Санкт-Петербург дида буд.

Ба иттилои Мижгона Худойдодова, хоҳари калонии Шабнам, дар фурсати холӣ аз кор ӯ тавассути интернет аз рӯйдодҳои Тоҷикистон бохабар мешуд ва “фикру андешаҳои худро дар бораи ноадолатиҳо дар ин кишвар нашр мекард”, гоҳе бо раҳбарони мухолифин ҳам тавассути интернет сӯҳбатҳо анҷом медод. Ба гуфтаи Мижгона Худойдодова, Шабнам ҳеҷ гоҳ рӯбарӯ бо ин афрод мулоқот накардааст.

XS
SM
MD
LG