Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гоҳ Шабнам, гоҳе - Мино. Марде ҳамеша дар нақшҳои занона


Сулаймон Саидғозиеви табибро танҳо як - ду ҳунарнамоияш дар маъракаҳои фарҳангии бемористони Исфара аввал ба маҳфили ҳозирҷавобони "Ҷентелменҳо" ва баъдтар ба Театри "Хандинкамон" овард.

Сулаймон Саидғозиев, ҳунарманди гурӯҳи ҳаҷвии "Хандинкамон"-ро бисёриҳо дар нақши Шабнами Сурайё, Минову... Нигина Амонқулова дар ёд доранд. Ё баробари шунидани номи ӯ дар пиндорашон хушдомани бисёр сахтгир ҳувайдо мешавад. Аммо дар асл ӯ пизишкест, ки бист сол боз дар Шӯъбаи далелҳои шайъии ташхиси додгоҳии вилояти Суғд кор мекунад.

Вай баъди адои хидмати сарбозӣ ва Омӯзишгоҳи тиббӣ, соли 1993 фаъолияти пизишкиро дар бемористони шаҳри Исфара оғоз карда, пас аз даҳ солаш барои такмили касб ба шуъбаи биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд меояд ва то кунун дар он шаҳр зиндагӣ дорад.

Сулаймони табибро танҳо як-ду ҳунарнамоияш дар чорабиниҳои фарҳангии бемористони шаҳри Исфара аввал ба маҳфили ҳозирҷавобони "Ҷентелменҳои Исфара" ва дертар ба Театри мардумии онҷо, сипас, соли 2003 ба Театри ҳаҷвии "Хандинкамон" кашид. Ӯ мегӯяд, то кунун дар ошкор кардани омилони латту кӯби даҳҳо тан аз сокинони минтақаи шимоли кишвар мусоидат намудааст ва аз кори худ розист. Сулаймон мегӯяд, ба як мард чил ҳунар кам аст ва ӯ аз ин ки чанд ҳунар дорад ва рӯзиашро бе дурӯғу фанду фиреб пайдо мекунад, хушҳол аст.

Сулаймон Саидғозиев: Марде ҳамеша дар нақши занҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:05 0:00

Вале муваффақияти бештарро ӯ дар саҳна ба даст овардааст. Махсусан, ки барои фошсозии камбуду муаммоҳои занону духтарон ва модарону хушдоманҳои тоҷик нақши онҳоро бозид. Сулаймон Саидғозиев, инчунин, метавонад ҳунару сурудхонии занону духтарони овозхони тоҷикро ба хубӣ тақлид кунад. Бар илова ӯ раққоси моҳир низ ҳаст ва алакай дар ин бахш ба дараҷаи устодӣ расидааст. Вай иҷрои рақсҳои мардонаву занонаро дар тамоми жанрҳои сурудҳои милливу аврупоӣ балад аст ва устодаш дар ин соҳа, ҳунарпешаи шоиста Гуландом Аюбҷонова мебошад.

Ягона ёвару ҳамдами Сулаймон дар бахши ҳунармандӣ ҳамсараш Муборак Саидғозиева аст, ки бо ҳам 22 сол боз зиндагии муштарак доранд ва ду фарзандро бузург кардаанд. Муборак баъд аз хатми мактаби миёна ҳеч донишгоҳро нахондааст, вале ӯ ҳунари хубӣ пардозгарӣ ва тарроҳӣ дорад, ки барои аксар нақшҳову саҳнаҳои шавҳараш либос интихоб карда ва ӯро ба саҳна омода мекунад.

Сулаймон аз ҳисоби фаъолияти тиббӣ ва ҳунармандаияш ҳамагӣ дар як моҳ 600 сомонӣ маош мегирад, ки он ҳам сарфи иҷорапулии манзили истиқоматиаш мегардад. Шаш моҳ пеш Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар наздикии коргоҳаш ба ӯ ҳавлии сесотихиро додаанд, ки ба ҳайси хонаи хидматӣ аст ва ҳуқуқи аз худ карданро надорад.

Фарзандонаш мегӯянд, чун ин заҳмати падарро мебинанд ва мушкили зиндагониро бо ҳам мечашанд, ҳеч гоҳ намехоҳанд касби ҳунарпешагии ӯро давом диҳанд. Духтари калониаш Шодона дар соли сеюми шуъбаи дипломатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил дорад, вале писараш Амирҷон пизишкиро пеша кардан мехоҳад.

XS
SM
MD
LG