Cешанбе, Сентябр 23, 2014

Аҳли шиъа ва аҳли суннат дар Тоҷикистон

Ислом, ки мазҳаби умда дар тамоми Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, дар қарни ҳафтум тавассути арабҳо оварда шуд ва ҳоло ба бахши ҷудоинопазири фарҳанги тоҷикон табдил ёфтааст. Талошҳои мақомоти Шӯравӣ, ки намозгузориву ибодатро мамнӯъ карда ва мехостанд ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро дунявӣ созад, асосан бенатиҷа анҷом ёфтанд. Баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон шоҳиди эҳёи босуръат ва густурдаи Ислом шуд. Акнун дар масоҷиди Тоҷикистон, ки замони Шӯравӣ танҳо ҷойи пиронсолон буд, ҳоло шоҳиди ҳузури ҷавонони зиёд мешавед ва ҳангоми намози ҷумъа масҷиди марказии пойтахти Тоҷикистон барои ҳазорон нафар аз намозгузорон тангӣ мекунад.

x
Бахши аъзами мусулмонон дар Тоҷикистон суннимазҳабанд ва танҳо гурӯҳе хурде аз мазҳаби шиъа пайравӣ мекунанд. Ҳудуди 200 ҳазор нафар аз аҳолии вилояти Бадахшони Тоҷикистон пайрави шохаи исмоилияи мазҳаби шиъа ҳастанд, ки асри 10 ба Осиёи Марказӣ роҳ ёфтааст. Дигар мазҳабе, ки дар Тоҷикистон пайрави зиёд дорад, дини масеҳӣ аст, ҳарчанд пайравони он - русҳои православ баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон ин кишварро тарк карданд. Дигар гурӯҳҳои хурди масеҳӣ ҳам ҳастанд, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷамъияти кучаки яҳудиҳо низ дар ин кишвар ба сар мебаранд ва барои ибодат дар шаҳри Душанбе канисои хурде ҳам доранд. Пайравони мазҳаби баҳоия, зардуштӣ ва буддоӣ низ дар Тоҷикистон ҳастанд ва дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мақомот дар кишвар беш аз 80 иттиҳодияи мазҳабӣ сабти ном шудааст. Ба қавли мақомот, аҳолии суннимазҳаби кишвар ба пайравони дигар мазҳабҳо ботаҳаммул муносибат мекунанд ва Тоҷикистон шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ нашудааст.  
Нақши ислом дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон мухталиф аст, барои баъзеҳо Ислом
Танҳо, 0, 001 дар Тоҷикистон даҳрӣ будаанд
аз муҳимтарин бахши фарҳанги онҳост, агарчӣ бархе аз сокинони кишвар худро чандон мазҳабӣ намешуморанд. Бар асоси гузориши ахири Вазорати умури хориҷаи Амрико роҷеъ ба озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, 97 дар сади мардуми Тоҷикистон худро мусулмон меҳисобанд ва танҳо сифру аз сад як дар сад, даҳрӣ ва ё бедин будаанд.


Ҳамчунин як бахше аз пайравони дини Ислом ҳам ҳастанд, ки хусусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба динҳои дигар гароидаанд. Шумори чунин афроди табдили мазҳабкарда дар кишвар то 30 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Афзоиши теьдоди созмонҳои даьваткунанда ё худ миссионерӣ, махсусан, дар поёни солҳои навадум ва оғози қарни бистум ҳамин тавр ба зиёд шудани шумори онҳое, ки тарки дини Ислом карда, ба мазоҳиби дигар мегароянд, бештар гардид ва нигарониҳоеро низ дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буд. Дар маҷмӯъ, ҳудуди чиҳил дарсади аҳолии деҳот ва тақрибан даҳ дарсади аҳолии шаҳр мунтазам расму оини мусалмониро риъоя мекунанду халос.

 

Тасаннун ва ташшаюъ.

 

Аз 97 дарсади аҳолии мусулмони ин кишвар ҳамагӣ 7 дарсад пайрави мазҳаби шиъа ва боқимонда аҳли суннат мебошанд. Вале як қисмати хурде ҳам пайрави шохаи Исмоилия, яке аз риштаҳои мазҳаби шиъа ҳастанд, ки бештар дар вилояти Бадахшон ва қисман дар вилояти Хатлону шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Намояндагони риштаи дигари шиъа - исноъашариҳо ё тавре дар кишварҳои форсизабонон  дувоздаҳимома мегӯянд, хеле каманд.

Аҳли суннат дар Тоҷикистон аслан пайравони мазҳаби ҳанафианд, вале тайи солҳои ахир, аз ҷумла ба далели барои таҳсили динӣ зиёд ба кишварҳои мухталифи хориҷӣ рафтани толибилмон, пайравони мазоҳиби дигари суннӣ низ дар Тоҷикистон пайдо шудаанд ва акнун дар масоҷид мебинем, ки намозгузорон ҳар кадом ба шеваи мазҳаби худ адои намози ҷамоат мекунанд. 

Тоҷикистон то имрӯз саҳифаи хунолуди ихтилофи миёни шохаи тасаннун ва ташшаюъро ёд надорад. Аммо, гуфта мешавад, ҳанӯз ҳам мардуми шиъамазҳаб аз муносибат бо суннимазҳабон худро канор мегиранд. Онҳо худро ба авлоди ҳазрати Алӣ нисбат медиҳанд. Суннимазҳабон низ фақат дар мавриди издивоҷ бо духтарон ё писарони шиъамазҳаб, дақиқтараш шиъамазҳабони бадахшонӣ эҳтиёкорона рафтор мекунанд.

Саиданвар Шохуморов, тадқиқгари маркази ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, замони Шӯравӣ иҷборан бадахшониҳоро бо кӯлобиҳо ба ҳам мепайвастанд, ки ин ҳадафи сиёсӣ дошт, на аз миён бурдани ҷузъитарин ихтилофи мазҳабӣ. Бо ин ҳама, оқои Шохуморов таъкид мекунад, ки ихтилофҳои шадиде миёни пайравони ду шохаи дини ислом, яъне сунниҳо ва шиъаҳо дар кишвар вуҷуд надорад:

«Дар миёни мусулмонҳои Тоҷикистон, бахусус, миёни суннимазҳабону шиъамазҳабони ин кишвар ихтилофи хосе вуҷуд надорад. Сабаби набудани ихтилоф Шӯравии динситез буд, ки намегузошт дар бораи дин ва мазоҳиби мухталиф андеша бикунанд. Ин натиҷаи таълимоти динситезии Шӯравии собиқ аст, ки таъсири он ҳанӯз аз мағзи насли он замон берун нарафтааст».

Ин пажӯҳишгари маркази ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳамчунин изҳор кард, ки шиъаҳои камшумор дар баробари пайравони зиёди аҳли суннат метавонанд ба мақомҳои баланди давлатӣ пазируфта шаванд ва ё дар дилхоҳ коргоҳ фаъолият кунанд. Ба назари ин ӯ, танҳо усули ибодат шиъаҳоро аз сунниҳо ҷудо мекардааст. Агар возеҳтар гӯем, аҳли суннат дар Тоҷикистон рӯзе панҷ маротиба намоз мегузоранд ва аҳли шиъа бошад, ҳамагӣ се бор. 



АЗ ИН СИЛСИЛА:

Адён дар Тоҷикистон



Дар ҳамин ҳол, Эшони Нуриддин, як рӯҳонии шинохта дар Тоҷикистон, ҳангоми баёни мавъизааш дар як навори видеоӣ гуфтааст, ки ҳам пайравони мазҳаби шиъа ва ҳам пайравони мазҳаби суннӣ мусулмонанд, аз ин рӯ набояд, миёни онҳо тафриқаандозӣ вуҷуд дошта бошад. Эшони Нуриддин аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки пайрави мазҳаби шиъа ва ё суннат буданашон ба хайр, аммо пайрави мазҳабҳои нави ифротгаро, аз қабили акрамияву салафия ва гурӯҳҳои ифротгарои Ҳизбуттаҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон набошанд:

«Аз ҷавонҳои мусулмон хоҳиш дорам, ки фирефтаи даъвати ҳизбҳо нашаванд, ки бештар аз номи Ислом баромад мекунанд. Вақте Шумо бо ақидаи ин ҳизбҳо ва аҳкоми фиқҳии ин ҳизбҳо ошно мешавед, дармеёбед, ки он бо мазҳаби аҳли суннат мутобиқат намекунад. Агар ҳизби исломӣ мехоҳед, пас Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон барои Шумо басандагӣ мекунад, як ҳизби қонунии исломӣ».

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Исломиддини Файзалӣ, донандаи улуми исломӣ дар

Эшони Нуриддин: "Ҳам шиъаҳо ва ҳам сунниҳо мусулмонанд, аз ин рӯ набояд, миёни онҳо тафриқаандозӣ вуҷуд дошта бошад."

 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин ҳизб дар миёни аҳли шиъаи Бадахшон низ ҳудуди 3 ҳазор аъзо дорад ва то ҳанӯз тарафгирии мазҳабӣ миёни аъзои суннимазҳаб ва шиъамазҳаби онҳо мушоҳида нашудааст. Оқои Файзалӣ афзуд, шиъмазҳабони Тоҷикистон масҷиди ҷудогона надоранд ва ҳамроҳ бо аҳли суннат намоз мегузоранд. Вай дар қиёс бо ихтилофҳои мазҳабии миёни шиъа ва суннии Ироқу Афғонистон ва Эрон муносибати шиъаву сунниҳои Тоҷикистонро мӯътадил арзёбӣ кард:

«Шиъаҳои Тоҷикистон солҳои мадид аст, ки дар шарқи ин кишвар маскунанд. Онҳо як равияи хоси худро доранд, ки муштаракоти мазҳабии онҳо аз шиъаҳои дигар хеле фарқ мекунад, аз ҷумла бо шиаъҳои исноъашариҳо. Яъне, инҳо як қавми хосе ҳастанд ва забони хоси худро низ доранд, бо вуҷуди он ки дар ҳисоби миллати тоҷик дохил мешаванд. То ҳадде, ки медонем, муносибатҳо миёни шиъаҳо ва сунниҳои Тоҷикистон муносибатҳои одӣ аст ва дар кишвар мо ҳанӯз ҷабҳагирии мазҳабӣ вуҷуд надорад».

Амрулло Низомов, таълимдидаи як мадрасаи Покистон, мегӯяд, ҷузъиёти ҷудогонае вуҷуд дорад, ки тафовути аҳли суннат аз аҳли шиъаро дар миён мегузорад. Оқои Низомов миёни шиъамазҳабон ва сунниҳо шикофии барзиёдеро намебинад ва онҳоро дар маҷмӯъ мусулмон мехонад.

Ҳамин тавр, 70 сол Шӯравӣ умуман динро маҳкум мекард, ихтилофҳои мавҷудаи то Шӯравиро дар Бухоро ва дар кишварҳои дигари ин қаламрав, ки миёни аҳли тасанунун ташшаюъ вуҷуд дошт, ҳамвор кард. Ҳоло дар Тоҷикистон таассуб ё суннигароӣ ва ё шиъагароӣ ба таври ҳассос вуҷуд надорад ва дар Қонунҳои ҷории ин кишвар, аз ҷумла дар қонуни дин низ авлавият ба ин ё ба он риштаи Ислом, яъне шиъа ва ё суннат дода нашудааст. Ҳам намояндагони аҳли суннат ва ҳам аҳли шиъа, ки аслан исмоилиён ҳастанд, танҳо аз ҳамзистии мазоҳиб сӯҳбат мекунанд.

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 9
Ном: TOJIK аз: TOJIKISTON
24.12.2007 16:50
salom bar millati tojik
MARDUMI MUSALMON BOYAD BO SHINOKHTI IN MAZHABHO YAK ROHI HAQRO PAYDO KUNAND VA IN HAMON AST KI PAYOMBAR FARMUD UMMATI MAN 73 GURUH MESHAVAD VA YAKE AZ ON HAQ AST
HOLO IN KADOM ROH AST?! HARKAS MEGUYAD ROHI MAN!
BAROI INKI HARKAS BA IN ROH BIRASAD ROHASH INAST KI BADI TAHQIQ BA HARJO RASIDEM HAMONRO GIRIFTA AMAL KUNEM
DAR QIYOMAT INKOR BAROI MO DALEL MESHAVAD TO NAZDI KHUDO PODOSH DOSHTA BOSHEM
AGAR GUFTA SHAVAD IN BAHSHO ZARAR DORAD KHATOST VA KHOSTAI DUSHMANONI ISLOM KI MUSALMONON DAR GUMROHI BOSHAND VA HARVAQT KHOSTAND ONHORO JANG ANDOZAND ////
BAHS DAR JOHOI ILMI VA NAZDI OLIMON BOSHAD NA UMUMI MARDUUM!
ZIDA VA POYDORI AZ MILLATI MUSALMONI TOJIK

Ном: Саргалта аз: Бадахшон
24.12.2007 16:52
"Ҳам намояндагони аҳли суннат ва ҳам аҳли шиъа, ки аслан исмоилиён ҳастанд, танҳо аз ҳамзистии мазоҳиб сӯҳбат мекунанд".
Бале хамин бояд бошад шабу руз тарбияти мо барои фарзандонамон.
Дар Точикистон асосан таърихан барои хазорсолахо ду мазхаби Ислом, ахли суннат (пайравони Хазрати Имом Ханафи)ва шиаёни исмоили сукунат доштаанд. Ва бо тамоми он нфахмихое, ки дар тули тарих байни ин мазохиб будаанд, ба фазли Худованди Бузург дар заминаи мазхаби ягон ихтилофоти хушунатбор набудааст.
Баъзехо бар ин акидаанд, ки калатаки Шурави мардумро аз ин зиддиятхо рахо кард. Акидаи ман ин аст, ки датрсии сад фоизаи мардуми Точик ба омузиш (гарчи факат омузиши секуляри буд) дар замони Шурави мардумро босавод кард ва онхоро аз акидахои хурофоти дур сохт, ки ин донишу савод боиси он гардид, ки пас аз истищлолияти Точикистон ва эхёи Ислом дар Точикистон зиддияти мазхаби байни мусулмонони Точикистон ба вучуд номад. Ин босаводи ва донишмандии точикион буд, ки дар гурбат хам побанди акидахои хурофоти ва кухнапарасти ачнабиён нашуданд ва тавонистанд сулхро дар Точикистон фароыам созанд ва миллатро ба ободи ва созандаги баргардонанд.
Агар ахли чамоати суннии ва шиаёни Точикстон фарзаноднашонро хамеша дар рухияи арзишхои ахлокии исломии иттиход, сулх, бародари, саховат, маслихат, бахшандаги, мехрубони ва башардусти тарбият кунанд хеч гох дар миёниашон ихтилофе ба вучуд намеояд.
Агар хар мусулмони ахли суннати пайрави Хазрати Имом Ханафи аз ахлокиёт ва донишмандии ин шахсияти бузурги Исломи фарзанди худашро огох кунаду исмилиён фарзандони худашро аз таълимоти ахлоки ва рохнамоихои Имоми Замонашон, хеч гох онхо бо ыам ихтилоф нахоыанд кард.
Агар пайравони харду мазхаб таълимоти мазахабии фарзандонашонро дар дасти одамони тасодуфии тафрикаандоз насупоранду барояи таълимашон муаллимони босаводро чалб кунанд, харгиз зиддият ба вучуд намеояд.
Агар пайраврни харду мазхаби Ислом хар руз дар оилаашон барои фарзиндонашон бифахмонанд,ки мо харду мусалмон хастем ва ба аслхои асосии Ислом - Тавхид ва Нубуват (нубувати Хазрати Мухаммад (с))эътикод дорем, хеч гох зиддият ба вучуд намеояд.
Агар дар хар хонаводаи мусулмони точик сухбат факат аз ташкили иттиход ва дусти байни ин ду мазхаб бошад, на чудоиандози, ба боварии кави метавонам бигуям, ки хеч зиддияти мзхабие ба вучуд намеояд.
Ва боварии калби дорам, ки агар хамаи ин агархои болоро аз тарики омузиш ва амаламон ичро кунем, Точикистони мо дар хамзистии мазохиби Ислом барои хамаи кишвархои чахони Ислом намунаи ибрат мешавад.

Ном: Шайх аз: Ишкошим
26.12.2007 11:35

Ман хайронам,ки чаро Яхё барин бародарон фикр мекунанд, ки барои точик будан хатман бояд аз мазхаби Имоми Аъзам(р.а) пайрави куни ва касе,ки ханафи нест,точик нест.
бродаоне,ки ин гуна акидахои ботил доранд, бояд бидонанд. ки зиёде аз бузургмардони миллат,ки имруз мояи фахри моанд, шии буданд.Аз кабили Рудаки, фирдавси, Сино,Хамадони ва даххо нафари дигар.

Бародаре, аниктараш Чонибеки душанбегинавиштааст.ки шииён худро точик намегуянд.Ин далилро аз кучо пайдо кардаи?
Масалан, ман шииям. дар хонаводаи точик таваллуд шудаам ба точикии дари харф мезанам ва сад дар сад бовари дорам,ки гуфтори точикии ман ва хамдиёрони ман хазор бор фасехтару тозатар нисбат ба гуиши бо узбаки махлутшудаи Яхёи ба ном" точик" аст. Ва ифтихори милли хам хам шукри худо итмимнон дорам,ки хазор бор бештар аз уст. ман чонибдори донишманди точики мукими Ланлан Абдул мебошам.ки хуввияти миллии мо бояд болотару бештар аз хуввияти мазхаби бошад.ин замонест,ки хамаи мо-хам шиии ва хам сунни барои аз байн бурдани тасаввур ва имичи тахрифшудае,ки дар зехни мардуми гайр оиди точикон пайдо шудааст, талош кунем ва чехраи вокеъии точикро ба чахониён муаррифи кунем. на ин ,ки даргири бахсхои бехуда ва хавфнок шуда. ба осиёи душманони миллат об резем.

Ном: Олим
26.12.2007 18:36
Ман бо базеъ нуктахои рафик Шайх аз Ишкошим, ва базеъи дигар бародарон рози нестам. Чонибек дуруст кайд кард ки бисёрии шиаёни Бадахшон аслан Точик нестанд, зобони Точики забони модарии онхо нест, ин худ аз худ далели мутлак аст ва мухточи дигар далел нест. Онхоро суни ё ба таври зури Точик кардан намешавад. Онхо бояд дар якчояги бо Ягнобихову Киргизхо хамчун акалият расми шинохта шаванд. Гап дар сари он нест ки дар тули таърих байни шиаёни исмоили ва бародарони ахли суннат дар Точикистон дар заминаи мазхаби ягон ихтилофоти хушунатбор будааст ё набудааст. Гап дар сари хамзистии баробархукук, бо эътирофи гуногунии мазхаби ва миллии ахолии Точикистон меравад. Чомеъаи Точикистон бояд сар аввал хамин далелро эътироф кунад ки ба гайри аз Точикон ки аз мазхаби Ханафии Сунни хастанд ва аз хама зиёдтар дар Точикистон хастанд боз акалиятхо низ вучуд доранд ва бояд хукуки онхо хивз карда шаванд. Ин кор бояд дар сатхи хукумати расман анчом дода шавад. Точик будан бояд хамчун хуввияти шахрвандии шахрвандони Точикистон таблиг карда шавад наинки хуввияти милли зеро ки байни ин ду хуввият тафовути зиёде вучуд дорад. Факат бо ин рох Точикистони мо хакикатан давлати хукукбунёду озод пазируфта хохад шуд.

Ном: Salim аз: Dushanbe
26.12.2007 18:47
Assalomu alaykum korkunoni ozodi va barodaroni giromi
dar in bahsi ilmi ki farqiyathoi bayni sunni va shia zikr shudaast va baaze az barodaron zikr kardaand ki farqi ziyode bayni sunni va shia nest ,,man ham khostam chand jumlae navisam .
avvalan inki farqhoi buzurge bayni shia va sunni vujud dorad ,sarfi nazar az in ki shiai ismoili boshad e shiai duvozdahimomi ,,masalan shiaho imomati khalifai roshidin e se eri payghambarro qabul nadorand ki onho Abubakr va Umar , Usmon( khudovand az onho rozi bod)
duvum inki dar kitobhoi shia chigunae ki khondaam hamai sahobagonro kofir meguyand magar chand nafare az onhoro,,dar inham ikhtilof dorand ki onho 4 nafarand e 7 nafarand e az in ziedtar e kamtar,
duvum inki shiaho Quronro tahrifshuda mehisoband ,agarchande inro oshkor namekunand( zero onho taqiya mekunand) vale dar kitobhoi onho hastand , hatto baaze az olimoni shia dar borai tahrifi Quron kitob navishtaand.
sevum inki vaqte onho sahobagonro kofir meguyand in yak taan va rakhnae ast dar dini islom va maanoi in sukhanashon in ast ki guyo musulmonon dinashonro az kofiron girifta boshand va in nodurust ast,
va digar farqhoi ziede ast ki mardumi mo to hol az on khabardor nestand ,,va in ham chikhele ki baaze barodaron dar bolo guftand ba sababi ittihodi shuravi ast,
ammo barodarone ki az raviyai (agar raviya guftan durust boshad ,,,vale onho yak guruhe az ahli sunnat meboshand) Salafiyat ihsosi khatar mekunand va fikr mekunand ki shiaho yagon zarare nadorand ,in fikrashon nodurust ast ,,,yo onho az holi shiiyon khabar nadorand e khud havodori in mazhaband .
baroi shumo yak misoli oddi meoram ;
ahli sunnat bo ahli tashayyu dar asli aqida va fikr ikhtilof dorand masalan Quron va Sahobagon va digar masoili asosii dini islom ,,
ammo Salafiyat bo ahli sunnat dar asos hamaqida meboshand yaane asli onho yak ast ,
va man fikr mekunam to vaqte ki in dune obod ast bayni salafiyat va ahli sunnat itifoq shudan mumkin ast ..zero asli onho yak ast va ba fikri man in salafiyat raviyai mukhtalif nest.
ammo bayni shia va sunni itihod shudan mumkin nest to inki Quronro qabul kunand va khalifaho va sahobagon va modari muminon Oisha va ghayrashonro taanu kofir guftanro bas kunand.
inchunin yak chizi digarro mekhoham ki zikr kunam ki ahli sunnat bo shiiyoni ismoili to hol mushkilote nadorad ammo shiiyoni duvozdahimomi ki dar tojikiston vujud nadopshtand vale bo kushishhoi hukumati duvozdahimomii iron ba tojikiston roh yoftaand ehtimoli ba vujud omadani mushkilie bayni ahli sunnat va shiayoni duvozdahimomi vujud dorad,,
in chand jumlae bud ki man navishtam va kasero kofir nameshumoram va khudoro shukr meguyam ki az ahli sunnat hastam va salafiyatro tobei ahli sunnat meshumoram agarchande baaze khatogiho dorand vale sunni meboshand.
Ammo az barodarone ki mazhabi shiaro ikhtiyor kardaand e havodori in mazhaband khohish mekunam ki ba kitobhoi onho bo tafakkur nazar biyandozand va aqlro kor bifarmand to ba natijae rasand ki shiaho kiyonand va sunniho va ghara.
bo ehtirom barodari shumo Salim az Dushanbe

Ном: Абдусамади Карим
26.12.2007 20:11
Ба номи Худо салом
Ба назраи ман манзур аз шиаён дар калмои Эшони Нуриддинчон шиахои Исомиля нест, шиахои 12 Имоми хастанд бардарон ба ин нукта тавччух дошата бошанд

Ном: savza аз: sas
27.12.2007 16:39
Barodar SHaikh shia tu bo kadom dalil mequi ki shoiron shia budand.
Man du dalil doram ki hamai onho shaikhhoi suni budand va dalili aqvalam inast ki chunone ki man dar kitobhoi shiaho khondam onho etiqod dorand ki sahobahoi paiqambar kofir shudaand ammo in shoirho dar vasfu taarifi sahobaho sherhoi zyode navisondaand aqar onho shia meshudand hejvaqt inkorro namekardand misli shiahoi imruza duym in ki darzamone ki in shoirho budand Iron davlati islomii suni bud va shia shudani ironro hammaqi taqriban 250 sol meshavad imeli man (az kormandoni radyoi ozodi khohish mekunam ki nomai manro bo harfhoi tijiki chop kuned iltimos)

Ном: SABZA аз: muhojir
27.12.2007 18:09
TO ZAMONE KI SHIAHO QURONRO MUHARAF MEQUYANDU SAHOBAHORO KOFIR MEQUYAND ALAL KHUSUS OISHARO QABEH MEQUYAND HEJVAQT VA BO HEJ VAJH TO RUZI QYOMAT ONHO BARODARONI MO SHUDA NAMETAVONAND CHUNKI MO SUNIHO PADARU MODARU HAMAI HASTII KHUDRO FIDOI QURONU SAHOBAHO MEKUNEM (sabza@mail.ru)

Ном: HUSEIN аз: TEHRON
27.12.2007 18:35
HIZBI NAHZATI ISLOMI AZ RUZE KI SHIAHORO BA UZVIYAT QABUL KARD AZ HAMON RUZ SARNAQUNSHAVIYASH SAR SHUD CHUNKI SHIAHO AZ AVALI PAIDOISHASHON TO HOZIR BA FOIDAI MUSALMONON KORE NAKARDAAND MAQAR ZARAR DAR HAMAI MUBORIZAHOI ISLOMI AZ JONIBI KOFIRON BUDAND

Ном: Ira аз: UK
27.12.2007 21:00
Besh az one ki mo khudro musulmon khonemu mardumro ba firqaho judo kunem mo boyad pursem ki Musulmon kist? Islom chist?
ba ghair az in man fikr mekunam mo boyad islomro baroi peshraft istifoda barem na baroi judoi andokhtan dar miyoni millatu khalqiyat.
Mo az guzashtagon binem onho chi tavr pesh raftand qalau qiblaho sokhtand obodkori kardand, kitobkhonau rasadkhona sokhtand inro boyad biyomusem na balki dar justujui khatogii hamdigar boshem. Agar, ki mo musulmon meshudem bisyor dindoru bosavod meshudem chunin boigarii kishvaro az dast namedodem, ki imruz faqat khokistari Donishgohro bodi khazon ba in tarafu on taraf posh doda ba joi mardumi Tojik fighon karda istodaast. Mo boyad dinu dunyoro dar zindagii khud muvozinat guzorem. Na az khudo faromush kunemu na az peshrafti zindagi qafo monem. Ammo mushohida kardaistodaam, mo mardumi Tojik har dui inro az dast dodaem to ba in rasidan masofahoi ziyodero tai kardan zaruru meoyad.
Va dar okhir khoharjon Sabza iltimos yak bori digar dar borai didni Islom kitobhoro varaq zaned bad az on medoned ki Shia ki hastu Suni ki hast. Va boyad bishinosem ki har dui onho khudoi yaktoro parastish mekunand. Agar sahobaho khudoro bishinosandu Muhammad paiombari onho boshad kase ki onhoro kofar khonad khud kofar hast. Ammo,iltimos, bo yak kitob khudro rahgum nasozed. Kitobhoi gunogun va fikrhou aqidahoi digari navisandagonro niz khonda baroed.
Назарҳо. Сафҳаи аз 9

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.