Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Аҳмадзай ва ҷавоби Атомуҳаммади Нур


Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури нави Афғонистон, дар як суханронияш гуфт, ҳадафи онҳо сулҳ дар ин кишвари ҷангзада аст ва, ба бовари ӯ, ин кор амалӣ хоҳад шуд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури нави Афғонистон, дар суханронии аввалинаш баъд аз эълони натиҷаҳои даври дувуми интихоботи ин кишвар, ки бо пирӯзии ӯ анҷом ёфт, гуфт, мардуми Афғонистон ниёз ба як ҳукумати қавӣ доранд. “Мардум ҳукумати қавӣ ва коро мехоҳанд ва ин ҳукумати қавиро ҳукумати ваҳдати миллӣ амалӣ карда метавонад”,-таъкид дошт ӯ.

Оқои Аҳмадзай, ки баёнияаш бо шӯру кафкӯбии мардум ҳамроҳ буд, иброз дошт, тими вай бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ вазифаи хидмат ба миллатро доранд. Ӯ гуфт, “бузургтарин ифтихори тими мо ва оқои Абдуллоҳ, ки қарор аст, узви тими ҳукумати мо бошанд, ин аст, ки ходими миллат бошем. Миллати бузурги Афғонистон аз мо хидмат мехоҳанд. Давлат василаи сулҳу субот ва рифоҳи миллати азими Афғонистон аст, на қудрат болои сина ва ҷигари мардум.”

Раисиҷумҳури нави Афғонистон дар идома гуфт, мавзуъҳои сиёсӣ роҳиҳалҳои сиёсӣ металабанд: “Масоили сиёсӣ бо туфангу шамшер ҳал намешаванд. Сулҳ хости мо аст ва, иншоаллоҳ, меояд. Мо аз хун хаста шудем. Ман ва доктор соҳиб Абдуллоҳ мутаҳидем, ваъдаҳоеро, ки ба мардуми Афғонистон додаем, амалӣ намоем."

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ки бар асоси натиҷаҳои даври дувуми интихоботи Афғонистон раиси ҷумҳури нави ин кишвар эълон шуд, қарор аст, рӯзи душанбеи оянда савганди вафодорӣ ёд кунад. Ӯву доктор Абдуллоҳ, яке аз довталабони аслии курсии раёсати ҷумҳури Афғонистон пеш аз эълони натиҷаи интихобот, ба гуфтаи худашон, қудрат дар ин кишварро ба таври мусовӣ ё 50/50 миёни ҳам тақсим карданд.

Бар асоси ин муомила, ки 21 сентябр сурат гирифт, ба курсии раиси ҷумҳур Аҳмадзай нишасту раҳбарии ҳукуматро дар мақоми нави раиси иҷроӣ доктор Абдуллоҳ бар дӯш гирифт.

Ин муомила агарчӣ аз сӯи аксар кишварҳо истиқбол ёфт, аммо аз сӯи тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба боди танқид кашида шуд. Аз ҷумла дар ин вокунишҳо Атомуҳаммади Нур, волии Балх, низ мавриди интиқод қарор гирифт, ки қаблан гуфта буд дар сурати зулм болои мардум аб кӯчаҳо хоҳанд рехт.

Худи волии Балх бо пахши изҳороте гуфтааст, “гилояҳои Шумо рӯи чашм, аммо ман далелҳои худро дорам. Ман бисёр возеҳ мавзеъгирӣ доштам. Ҳеч ҳарфе зери парда назадам. Ҳатто таслими фишори дӯстони байналмилалӣ нашудам. Маргро қабул карда, таҳдидро пазируфтам.”

Оқои Нур дар идома афзудааст, чизҳое ҳаст, ки дар ҳоли ҳозир баён дошта наметавонад. “Хуш ҳастам, ки кишвар аз буҳрон наҷот пайдо кард. Вале, мутаассуфам, ки ҳақ ба ҳақдор нарасид. Зулм ошкоро сурат гирифт. Агар шумо мебудед, чӣ кор мекардед? Хуб аст, ки ба ман маслиҳат диҳед, то бидонам,” - таъкид доштааст Атомуҳаммади Нур.

XS
SM
MD
LG