Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои худ беҳтарин муҳоҷиронро "гулчин" мекунад


Сиёсати муҳоҷирати Русия баёнгари он аст, ки ин кишвар мехоҳад, танҳо ба онҳое дар қаламрави худ ҳаққи будубош ва кор диҳад, ки мутахассис ва қонунсолор буда, дар ҷомеаи рус "ҳазм" шаванд.

Русияи гирифтори бӯҳрони иқтисодӣ мисли ду-се соли пеш тавони бо кор таъмин кардани артиши бузурги муҳоҷиронро надорад. Фишори таҳримҳои Ғарб бар он бештар мешавад, ширкатҳои хориҷӣ Русияро тарк карданд ва сармоягузорӣ аз хориҷ қатъ шудааст.

Бо вуҷуди он ки муҳоҷир нируи арзони корист, Русия ҷои кори кофӣ надорад ва дурнамои он низ рӯшан нест. Бисёре аз корхонаҳо баста мешаванд ва аз ҷумла пас аз рафтани ширкати фаронсавии "Данон", ба гуфтаи яке аз коргарони он, Раҳматулло Мазориев, "дар корхонаи мо ва шӯъбаҳои он 1570 нафар бекор монданд.”

Шумораи корхонаҳое, ки баста шудаанд, ба садҳо адад мерасад ва аз ин пеш аз ҳама муҳоҷирони кории хориҷӣ зарар мебинанд. Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аз коҳиши теъдоди онҳо хабар медиҳад. Бино бар охирин гузоришҳо ҳоло муҳоҷирони корӣ дар Русия тақрибан 6 миллион нафаранд, дар ҳоле ки ин шумора то соли 2013 ҳудуди 11 миллион нафар баровард мешуд.

Муфлис шудани корхонаву ширкатҳо муҳоҷиронро дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор медиҳад. Онҳо дигар на танҳо барои хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон ё Узбакистону Қирғизистон пул фиристода наметавонанд, балки харҷи рӯзгори худро низ ба даст намеоранд. Поён рафтани арзиши рубл, душворҳои дарёфти патент ва гаронии он сабаби бозгашти муҳоҷирони корӣ ба ватанашон мешавад. “Ҳамин хел карда истодаанд, ки одам худаш маҷбур шуда баромада равад," -- мегӯяд ҷаноби Мазориев.

Ба маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар нимсолаи дуввуми соли 2014 365 ҳазор муҳоҷир ба Узбакистон, 175 ҳазор нафар ба Тоҷикистон, 45 ҳазор нафар ба Арманистон ва 35 ҳазор муҳоҷир ба Молдова баргаштаанд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки дар давоми соли 2014 шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 300 ҳазор нафар кам шудааст. Дар мавсими баҳории имсола муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия назар ба як соли пеш 20 дарсад коҳиш ёфт.

Сулаймон Шоҳзода, коршиноси умури муҳоҷират дар Маскав мегӯяд, “бӯҳроне, ки ҳоло домангири Русия шудааст, тирамоҳи соли ҷорӣ ва соли 2016 ба мушкилтарин марҳилаҳои худ хоҳад расид. "Дар чунин шароит мақомоти Русия саъй мекунанд, ки бозори кор бо кормандони хориҷӣ пур нашавад, балки танзим шавад ва ин бозор ҳамеша ба манфиати коргари Русия бичархад”.

Вале ин ба маъное нест, ки муҳоҷират ба Русия комилан қатъ мешавад. Мақомоти рус бо сахттар кардани қоидаҳои будубош ва кори хориҷиён дар кишвари худ талош доранд, ба муҳоҷироне бартарӣ диҳанд, ки мутахассис ва қонунсолор буда, ба осонӣ дар ҷомеаи русӣ "ҳазм" шаванд. Як сол пеш президенти Русия Владимир Путин дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, муҳоҷирон бояд дар ҷойҳое ба кор пазируфта шаванд, ки аҳолии маҳаллӣ он ҷо кор кардан намехоҳад. Яъне "онҳо бояд ба Русия зарур бошанд, онҳо бояд ойинҳо ва қонунҳои Русияро донанд ва эҳтиром кунанд."

XS
SM
MD
LG