Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи "пурғулғула"-и афсарони пойгоҳи 201 дар маҳаллаи 91 (ВИДЕО)


Садои монанд ба таркиш аз ҳамин бино баланд шудааст.
Садои монанд ба таркиш аз ҳамин бино баланд шудааст.

Садои баланди “таркишмонанд”, ки ҳафтаи гузашта аз як бинои баландошёна дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе баланд шуд, аз ҷашни зодрӯзи афсарони пойгоҳи 201-уми Русия будааст.

Мақомоти умури дохилаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 2 октябр хабари “садои монанд ба таркиш” дар як бинои воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ, 15/3 дар маҳаллаи 91-уми пойтахтро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки ин садои “хлопушка” будааст, на маводи тарканда.

Сардори ШКД-Сино-2 гуфт, дар робита ба ин ҳодиса ба онҳо аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додаанд. Вай афзуд, ин садоҳо дар натиҷаи амали 4 шаҳрванди иҷоранишини Русия, ки кормандони пойгоҳи низомии 201 будаанд, ба амал омадааст. Шаби 24-уми сентябр онҳо зодрӯзи дӯсташонро таҷлил мекарданд ва дар ҳолати мастӣ ба ин амал даст задаанд.

Ба гуфтаи сардори ШКД-2 Сино, нисбати ин афсарон парвандаи маъмурӣ боз шуда, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Аммо азбаски онҳо корманди низомӣ буданд, парвандаро бо замимаи нишондоди сокинони бинои Алишер Навоӣ ,15/3 бо ризоияти раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба гарнизони низомии Русия дар шаҳри Душанбе фиристодаанд.

Мақомоти пойгоҳи Русия хабари ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда шудани 4 ходими низомиаш дар пайи як ҷашни зодрӯз дар маҳаллаи 91-умро ҳанӯз тасдиқ ё рад накардаанд.

Аз садоҳои шабеҳ ба таркиш аввалин шуда як сокини Душанбе бо номи Акбар Султонов аз тариқи "Хабарнигори мардумӣ" ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод ва дархост намуд, ки ҳақиқати ҳол ошкор карда шавад.

Рӯзи 2 октябр вақте мо ба ҳамон бинои воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ, 15/3 рафтем, дари он манзилеро, ки ба иддаои ҳамсояҳо, садои таркиш аз он баланд шудааст, мӯҳрзада ёфтем. Нисфи мӯҳри ин дарро канда буданд, вале ин ҳушдор, ки бидуни иҷозати милиса боз кардани дари ин манзил қатъиян манъ аст, ҳанӯз хонда мешуд.

Дар ин ҳушдор шумораи телефонҳои кормандони шӯъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки масъулияти таҳқиқи ин қазияро бар ӯҳда доранд, низ дарҷ шуда буд.

Бо ин ҳол, Норбӣ, домкоми бинои 15/3 дар кӯчаи Алишер Навоӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард, ки дар воқеъ шаби 24 сентябр аз як манзили ин бино садои монанд ба таркиш баланд шуда, ҳамаро дар таҳлука андохта буд. Ба гуфтаи ӯ, ин садо аз манзиле, ки се афсари рустабор иҷора мешинанд, баланд шудааст.

Маҳалли садои монанд ба таркиш дар микрорайони 91
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Ҳоҷӣ Ҳусейн, истиқоматкунандаи ин кӯча низ рӯзи 2 октябр зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуқӯи ин гуна ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, ки “ин ҳодиса соати 11-и шаб, вақте рух дод, ки аксари мардум хоб буд ва ҳамин ҳангом ду бор садои “таркишмонанд“ хонаи низомиёни рус баланд шуд ва чунин намуд, ки онҳо аз панҷара ба берун маводи шабеҳи мунфаҷираро партоб карданд ва садои баланди он ҳамсоягонро бедор кард.” Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳусейн, “чун ду бор чунин садо баланд шуд ва ҳамсоягон аз бино ва ҳатто аз биноҳои дигар ба берун баромаданд ва аксарият ба таҳлука ва воҳима афтода буданд, ки чӣ воқеа шудааст?”

Дар ниҳоят, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳусейн, ҳамсоягон нозири минтақавии милисаро даъват карданд ва бо гузашти ягон ним соат пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва пас аз хеле мулоҳиза вориди ҳуҷра шуданду иҷорашинҳоро бо худ бурданд. Баъди ин мардум хона ба хона шудаанд, вале субҳи рӯзи дигараш пулис сокинони ин бино, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳусейнро дар робита ба ҳодисаи шабонгоҳ бозпурсӣ карда ва аз онҳо баёнот гирифтааст.

Нилуфар, як сокини дигари ин бинои истиқоматӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки “албатта шаб аз садои баланди “таркишмонанд” тарсида ба берун баромадем, кӯдакон низ аз хоб бедор шуданд. Ва фақат саҳар дурусттар фаҳмидем, ки чӣ ҳодисае рух додааст.“ Бархе аз кӯдакон, ки дар назди ин бино бозӣ мекарданд, низ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “садои тирмонанд буд.”

Аммо ин қазия суолҳои беҷавоб ҳнаӯз зиёд дорад. Аз ҷумла маълум нест, ки оё садои монанд ба таркиш дар маҳаллаи 91 дар асл садои чӣ буд? Ва оё он се низомии рустабор, ки дар ин манзил иҷора менишастанд, дар асл киянд? Ва оё мақомот дар қиболи ин ҳодиса то имрӯз чӣ таҳқиқотеро анҷом додаву ба чӣ натиҷа расидаанд? Радиои Озодӣ талош мекунад, то шарҳи расмии мақомотро дар бораи ҳодисаи рухдода дар маҳаллаи 91 ба даст биорад.

XS
SM
MD
LG