Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урдугоҳ барои паноҳандагони афғон дар ҷануби Тоҷикистон


Муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, барои афғонҳое, ки бинобар нооромӣ дар кишварашон ба Тоҷикистон паноҳ меоранд, дар манотиқи марзӣ урдугоҳ таъсис медиҳанд.

Ҳукумати вилояти Хатлон барои таъсис додани урудгоҳи гурезаҳои эҳтимолии афғон, ки бар асари даргириҳо дар шимоли Афғонистон мумкин аст, ба Тоҷикистон паноҳ оранд, 20 гектар замин ҷудо кардааст.

Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Шаҳритус рӯзи 30 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дастури ҷудо намудани 50 гектар замин барои таъсиси урдугоҳ барои паноҳандагони эҳтимолии афғонро додааст ва онҳо ҳамакнун 20 гектари онро ҷудо карданд. Вай афзуд, ки ин макон иборат аз заминҳои обист. Раиси ноҳияи Шаҳритус ҳамзамон афзуд, ки онҳо тавони расонидани кӯмакҳои молӣ ва беҳдоштӣ ба муҳоҷирони эҳтимолии афғонро доранд.

Шимоли Афғонистон моҳҳо боз маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо дастаҳоест, ки ба қавли мақомоти он кишвар аз тундгароёни тоҷик, чечен ва узбак иборатанд. Дар пайи ин даргириҳо ҳазорҳо тан аз сокинони вилоятҳои Кундузу Бадахшон маҷбур шудаанд, хонаву дари худро партофта, дар минтақаҳои дигари Афғонистон ва ҳатто берун аз он паноҳ ҷӯянд.

Наздик ба якуним моҳ пеш масъулони созмонҳои кор бо муҳоҷирони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки ноамниҳои ахир дар вилоятҳои шимолии Афғонистон боиси рӯ ба Тоҷикистон овардани шумори зиёде аз афғонҳо шудааст.

Мавҷуда Раҳмонова, раиси як созмони ғайридавлатии кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони ниёзманд рӯзи 19 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, давоми ду-се моҳи охир гурӯҳе аз паноҳандагони афғон ба Тоҷикистон сарозер шуд, ки шумораи онҳо беш аз 200 нафарро ташкил медиҳад. Ӯ гуфт, ин рақам аз рӯи муроҷиатҳое, ки ба онҳо барои ёрӣ ба паноҳандагони афғон сурат гирифтааст, ҳисоб шудааст.

То ҳоло мақомоти расмии Тоҷикистон чунин иттилоъро шарҳ надодаанд, ки агар теъдоди паноҳандагони афғон ба Тоҷикистон омадаанд, дар кадом минтақаи кишвар ба сар мебаранд? Ва оё вуруди онҳо ба Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифтааст?

​Аммо Мавҷуда Раҳмонова он замон гуфт, ошкор шудааст, ин 200 нафар ба таври ҷудогона, на муштаракан ва бо дарёфти раводид ё виза вориди Тоҷикистон шуда, ҳоло дар хонаҳои иҷора ба сар мебаранд ва аз вуруди онҳо мақомоти зидахл низ огоҳанд ва ҳамаи онҳо назорат мешаванд.

Афзоиши сафи паноҳандагон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар чанд соли охир шумораи муҳоҷирони афғон дар кишвар коҳиш ёфта, намояндагии Созмони Милал дар умури паноҳандагон низ аз ду сол ба ин тараф интиқоли муҳоҷиронро ба кишвари саввум қатъ кардааст.

Мавҷуда Раҳмонова, раиси созмони ғайридавлатии кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони ниёзманд дар посух ба ин суол, ки оё дар сурати афзоиши даргириҳо дар шимоли Афғонистон ва сарозер шудани мавҷи паноҳандаҳои афғон, эҳтимоли пазируфта шудани онҳо аз сӯи Тоҷикистон вуҷуд дорад, гуфта буд, ки "мумкин аст, онҳо ба таври муваққатӣ дар маҳалҳои наздимарзӣ ҷой дода шаванд."

Масъулони созмони ғайрирасмии кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони ниёзманд мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 2500 гурезаи афғон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва 500 тани дигар паноҳҷӯ ҳастанд, аммо ҳанӯз ба ин мақом пазируфта нашудаанд. Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон бештар мушкили кору таҳсил доранд ва ниёзманди ёрии молӣ мебошанд.

Як гурӯҳ аз гурезаҳои афғон ҳоло дар шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии Душанбе, ба сар мебаранд. 500 кӯдаки гурезаҳои афғон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва 250 нафар дар мактаби “Сомониён”, ки хоси афғонҳо дар Тоҷикистон аст ва ҳудуди 20 нафар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG