Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди гумонбари асосии сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ


Обидхон-қорӣ Назаров
Обидхон-қорӣ Назаров

Русия Юрий Жуковский - гумонбари асосӣ дар сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии фирории узбак Обидхон-қорӣ Назаровро ба Шветсия истирдод кардааст.

Мақомоти додситонии Шветсия мегӯянд, Русия рӯзи 25 август гумонбари асосӣ дар сӯиқасди се соли пеш ба ҷони рӯҳонии фирории узбак Обидхон-қорӣ Назаровро ба Стокҳолм супурд.

Русия масъули сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қориро ба Шветсия таслим кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:12 0:00

Кристер Петерсон, муфаттиши додситонии шаҳри Стромсунди Шветсия, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи сӯиқасд ба Обидхон-қорӣ Назаровро бар ӯҳда дорад, рӯзи 26 август ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, "ин гумонбар шоми 25 август, тақрибан соати 19:00 ба Стокҳолм оварда шуд. Ӯ дар Русия аз мояи январ дар боздошт қарор дошт ва баррасии парвандаи истирдодаш қариб 8 моҳ тӯл кашид. Исми гумонбар махфӣ нест. Ин Юрий Жуковский ва санаи таваллудаш моҳи апрели соли 1978 аст. Ӯ бо худ шиносномаи Узбакистонро дошт."

Довудхон Назаров, писари Обидхон-қорӣ, рӯзи 26 август ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо акнун умедворанд, ки адолат тантана мекунад ва тамоми розҳои ин қазия рӯи об хоҳад баромад: "Мо то ҳол мутмаинем, ки ин фармоиш аз сӯи Тошканд буд. Тамоми далелҳо ба ҳамин таъкид мекунанд. Ба бовари мо, Юрий Луковский барои хадамоти вижаи Узбакистон кор мекард."

Матбуоти Шветсия ба ин нукта таъкид мекунад, ки истирдоди гумонбари асосии сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии фирории узбак дар ҳоле сурат гирифт, ки равобити Маскав бо Стокҳолм ба ҳадди аз замони Ҷанги сард ба ин тараф бесобиқа сард шудааст.

Додситонии Шветсия мегӯяд, интизор меравад, додгоҳи Остерсунд рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта аввалин баррасии парвандаи вайро шурӯъ кунад. Дар ҳамин додгоҳ бояд ҳукми идомаи боздошти ин гумонбар гирифта шавад. Кристер Петерсон ба Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки бо оварда шудани гумонбари асосӣ таҳқиқи парвандаро то 2 моҳи оянда такмил кунад ва ба дасти додгоҳ бисупорад.

Обидхон-қорӣ Назаров, аз рӯҳониёни маъруф ва мухолифи сиёсати ҳокимони кунунии Узбакистон, ҳанӯз соли 1998, дар пайи ба пайравӣ аз равияи мазҳабии “Ваҳҳобия” айбдор шуданаш аз ин кишвари Осиёи Марказӣ фирор кард. Ин рӯҳонӣ аз соли 2006 ба ҳайси паноҳанда дар Шветсия ба сар мебарад. Ӯ моҳи феврали соли 2012 дар назди хонааш дар шаҳри Стромсунд ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт. Як марди мусаллаҳ алайҳи Обидхон-қорӣ 4 тир холӣ кард. Рӯҳонии узбак зинда монд, вале ду сол дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт.

Довудхон Назаров гуфт, вазъи падараш бо гузашти сеюним сол аз он сӯиқасд як каме беҳтар шудааст: "Ӯ то ҳол таҳти назорати табибон табобат мегирад. Аъзои баданашро кам-кам ҷунбонда метавонад ва каме ҳарф зада ҳам метавонад ҳоло. Асосан бо аъзои хонавода, албатта."

Дар пайи ин сӯиқасд тарафдорони Обидхон-қорӣ Назаров билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи мақомоти амниятии Узбакистон баланд карданд. Ба ақидаи онҳо, хадамоти ҷосусии президент Ислом Каримов бо чунин шева мехостанд боз як мухолифи саршиноси ҳукумати ӯро аз байн бубаранд. Онҳо барои исботи ин ба қатли як мухолифи дигари узбак Фуод Рустамхоҷаев, ки дар соли 2011 дар Русия кушта шуд, ишора мекарданд.

Кристер Петерсон
Кристер Петерсон

Мақомоти додситонии Шветсия, аз ҷумла додситон Кристер Петерсон, низ эҳтимоли даст доштани хадамоти вижаи Узбакистон дар сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ Назаровро истисно намекард. Вазири вақти хориҷаи Шветсия Карл Билд низ сӯиқасд ба ҷони ин рӯҳонии узбакро “сӯиқасди сиёсӣ” номида буд.

Дар пайи ин сӯиқасди пурсарусадо зану шавҳар, ки низ аз Узбакистон ба Шветсия паноҳанда шуда буданд, дастгир шуданд, вале додгоҳи Остерсунд дар моҳи июли соли 2012 онҳоро озод кард. Мақомоти Шветсия ҳоло мегӯянд, дар пайи истирдоди гумонбари асосӣ аз Маскав то куҷо даст доштани ин зану шавҳар дар сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ Назаров дигарбора таҳқиқ хоҳад шуд. Ин зану шавҳар, бино ба маводи парванда, гумонбарро ҳангоми дар Шветсия қарор доштанаш паноҳ дода будаанд.

Додситонии Шветсия мегӯяд, се сол боз дар пайи “шикор”-и ин гумонбар буд ва чанд акси ӯ дар кӯчаҳои сайёҳии Стокҳолм ва навори аз фурӯшгоҳи Mobilia куртка хариданашро сабт кардаву ҳатто масири фирори ӯ аз ин кишвар баъди сӯиқасд ба ҷони Назаровро тартиб додааст.

Бино ба иттилои мақомоти амниятӣ ва пулис Шветсия, ин марди 37-сола моҳи ноябри соли 2011 ба шаҳри Малмё омада, ба ҷустуҷӯи макони зисти Обидхон-қорӣ Назаров шурӯъ мекунад. Бори дуюм, ӯ рӯзи 4 феврали соли 2012 ба Шветсия бармегардад ва ин бор бо мошин ба Стромсунд, шаҳраке, ки рӯҳонии фирорӣ ба сар мебурд, сафар мекунад. Рӯзи 9 феврал ӯ ба Ргаи Латвия сафар мекунад, то рӯзи 15 феврал боз ба Шветсия баргардад. Рӯзи 20 феврал ӯ як мошини «Volvo V70”-и рангаш сурхро киро гирифта, ба Стромсунд меравад. Рӯзи 22 феврал, соати тақрибан 12-30 ӯ дар даромадгоҳи манзили Обидхон-қорӣ Назаров пинҳон шуда, вақти берун шудани вай ба сараш тир меандозад. Баъди сӯиқасд ин мард мошини кирояро баргардонда, бо қатори роҳи оҳан ба Стокҳолм бармегардад ва шабро дар меҳмонхона рӯз мекунад.Фардояш ӯ бо қатор ба Малмё рафта, як шаби дигар онҷо мемонад ва рӯзи 24 феврал ба Копенҳаген, пойтахти Дания ҳаракат карда, аз онҷо ба Маскав парвоз мекунад.

Додситонии Шветсия мегӯяд, дар Маскав будани ин гумонбар дар пайи зангҳои телефониаш ошкор шуд ва ӯро пулиси Русия бо дархости Стокҳолм ҳанӯз дар оғози сол дастгир карда буд.

Мухолифати Обидхон Назаров бо ҳукумати Ислом Каримов ба оғози солҳои 1990 бармегардад. Ӯ дар Намангон ба дунё омадааст ва имомати масҷиди ҷомеи Тилошайхи Тошкандро бар ӯҳда дошт ва аз тарафдорони муфтии пешини Узбакистон Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф буд. Бо вуҷуди он ки Назаров бо Ҳаракати исломии Узбакистони Ҷумъаи Намангонӣ, ҷунбиши аҳмадия ва созмонҳои дигари мамнӯъ мансуб набуд, ӯро дар ниҳоят ба тарафдорӣ аз “Ваҳҳобия” айбдор карданд ва Обидхон-қорӣ дар соли 1998 маҷбур шуд, ба Қазоқистон фирор карда, дар ниҳоят бо кумаки идораи паноҳандагони СММ дар Шветсия паноҳанда шавад.

Пас аз ҳиҷрат ба Шветсия Назаров ба раҳбари пешини Ҳизби демократи Узбакистон Муҳаммад Солеҳ, ки низ дар хориҷ аз Узбакистон ба сар мебарад, пайваст ва дар паёмҳояш аз ҳукумати Каримов интиқод мекард. Вай махсусан бархӯрди ҳукумати Каримовро бо мусулмонон “ноодилона” меномид ва ба озодии дини бештар дар Узбакистон даъват мекард. Дар ҷавоб мақомоти Тошканд ӯро ба терроризм ва ваҳҳобия айбдор карда, мегуфтанд, ки Обидхон-қорӣ Назаров ва тарафдоронаш қасди сохтани давлати исломиро дар сар доранд. Назаров инро рад мекард.

XS
SM
MD
LG