Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оппозитсияи тоҷик. Фирӯзшоҳ озод шуд, Султон - боздошт


Султон Шарифов
Султон Шарифов

Мақомоти Русия Фирӯзшоҳ Лоиқов - як узви созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон"-ро баъди як соли боздошт озод карда, Султон Шарифов - як фаъоли дигари ин гурӯҳи мухолифинро дастгир кардаанд.

Фирӯзшоҳ Лоиқов, узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, аз шарикони умдаи созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” рӯзи 25 апрел ба далели тамом шудани як сол замони ҳадди аксари боздошташ озод шудааст. Ҳамзамон як узви дигари ин гурӯҳ – Султон Шарифов –рӯзи 29 марти соли равон низ дар Маскав дастгир шудааст ва дар ҳоли ҳозир, парвандаи истирдоди ӯ дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Яке аз наздикони Фирӯзшоҳ Лоиқов рӯзи 26 апрел ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ӯро аз боздоштгоҳи рақами чоруми шаҳри Маскав бо қарори додситонӣ раҳо кардаанд. Далели раҳоии Фирӯзшоҳ Лоиқов низ чун дар чанд мавриди қаблии раҳоии тарафдорони дар Русия боздоштшудаи “Гурӯҳи 24” сипарӣ шудани як сол аз замони боздошти онҳо бо дархости мақомоти Тоҷикистон будааст. Қонунгузории Русия барои баррасии парвандаҳои истирдод аз замони боздошти гумонбар ҳадди аксар як солро иҷозат медиҳад.

Фирӯзшоҳ Лоиқов, ки 23 сол дошта, зодаи ноҳияи Рашти Тоҷикистон аст, моҳи апрели соли 2015 дар Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд. Дар Тоҷикистон алайҳи Лоиқов бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парванда кушодаанд. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионӣ бо роҳи зӯроварӣ аз 3 то 8 соли зиндон, дар сурати такрори ин амал ё анҷомаш аз сӯи гурӯҳи муташаккил аз 8 то 15 соли зиндон ва агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад,” аз 15 то 20 соли зиндон бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.

Фирӯзшоҳ Лоиқов ҳамроҳ бо 4 узви дигари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” - Абдураҳим Восиев, Соҳибназар Абдуназаров, Меҳрубон Сатторов ва Тағоймурод Маҳмадиев, ки низ бар асоси ҳамин моддаи 306-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон таҳти пайгард қарор доштанд, як соли боздошташро дар боздоштгоҳи рақами чоруми шаҳри Маскав сипарӣ кард.

Абдураҳим Восиев
Абдураҳим Восиев

Абдураҳим Восиев моҳи ноябри соли 2015, Меҳрубон Сатторов ва Соҳибназар Абдуназаров моҳи январ ва Тағоймурод Маҳмадиев моҳи феврали соли равон низ ба ҳамин далели гузаштани як сол аз замони оғози баррасии парвандаи истирдодашон аз боздоштгоҳи рақами 4 озод шуданд. Аммо мақомоти муҳоҷирати Русия билофосила баъди раҳоияшон алайҳи Соҳибназар Абдуназаров ва Меҳрубон Сатторов бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия парвандаҳои маъмурӣ боз карданд.

Соҳибназар Абдуназаров дар моҳи март бо ҳукми додгоҳ барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия 5 000 рубл, муодили 75 доллар, ҷарима баста шуд. Вале Меҳрубон Сатторов рӯзи 26 апрел дар як тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, инак, се моҳ боз мунтазири баррасии парвандаи ихроҷаш дар боздоштгоҳи ФМС дар шаҳраки Сахаровои вилояти Маскав қарор дорад.

Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, то имрӯз беш аз 20 нафар дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ, ки тарафдорони “Гурӯҳи 24”-ро асосан бар пояи ҳамин модда ба додгоҳ мекашонанд, маҳкум шудаанд. Танҳо дар Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ 12 нафар бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аз ҷумла Собир Валиев соли гузашта дар Молдова тақрибан 40 рӯз ва Шабнам Худойдодова дар Беларус аз моҳи июни соли 2015 то феврали соли 2016 беш аз 8 моҳро дар боздошт ба сар бурданд, вале дар ҳарду маврид Кишинёв ва Минск дархости истирдоди онҳо ба Душанберо напазируфтанд ва онҳоро раҳо карданд. Ҳамин тавр, як узви дигари “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Сулаймон Ҷобиров моҳи сентябри соли 2015 аз боздоштгоҳи Самара ба озодӣ баромад.

Бо раҳоии Фирӯзшоҳ Лоиқов, аз тарафдорони “Гурӯҳи 24” танҳо ду нафар - Меҳрубон Сатторов ва Султон Шарифов – дар Русия дар боздошт боқӣ мемонанд. Султон Шарифов 33 сол дошта, аз ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Султон Шарифов дар Тоҷикистон низ бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ парванда дорад.

“Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон мебошанд. Ин ду созмон дар тобистон ва баҳори соли 2014 дар чанд шаҳри Русия ҷамъомадҳои муҳоҷирини тоҷик алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ташкил карда, аз мардум хостанд, ки рӯзи 10 октябри ҳамон сол дар майдони марказии шаҳри Душанбе барои ширкат дар як эътирози зидди ҳукумат гирди ҳам биоянд.

Ин тазоҳурот доир нашуд, вале ба мавҷи таъқиби аъзо ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш оғоз гузошт. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 фаъолияти "Гурӯҳи 24"-ро манъ кард ва онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Мақсуд Иброҳимов
Мақсуд Иброҳимов

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” баъди ду талоши нокоми истирдодаш аз Иморот ва Туркия шаби 5 марти соли гузашта бар асари як сӯиқасд дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ибтидо моҳи декабри соли 2014 дар шаҳри Маскав корд хӯрд ва дар моҳи январ ба таври мармуз ғайб зад. Танҳо дар тобистони соли 2015 мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки Иброҳимов дар Душанбест ва дар моҳи июн бо ҳукми додгоҳ ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG