Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони рабудашудаи чехро озод карданд


Ду зани ҷавони чехро, ки соли 2013 дар Покистон рабуданд, озод карда ва ба хонаҳояшон бозпас фиристодаанд. Боҳуслав Соботка, нахуствазири Ҷумҳурии Чех, рӯзи 28-уми март ба яке аз телевизионҳои давлатӣ гуфт, ки Ҳана Ҳумпалова ва Антония Храстетска алҳол дар кишварашон ҳастанд. Хабари раҳоии ин духтар рӯзи 27-уми март баъди вурудашон ба Истанбул март нашр шуд. Як муассисаи хайрияи имдодии Туркия бо номи IHH дар раҳандозии музокирот бо гурӯҳи одамрабо ва озод кардани ин духтарон саҳм гузоштааст. Ҳана Ҳумпалова ва Антония Храстетскаи 24-сола ва ҳамсинну солро моҳи марти соли 2013 ҳангоми сафарашон дар Вилояти Балуҷистони Покистон рабуданд. Онҳо аз Эрон бо автобус ба Ҳинд ҳаракат мекарданд. Баъдан видеои онҳоро дар Фейсбук нашр карданд. Дар аввалин видео онҳо мегуфтанд, ки вазъи сиҳатиашон хуб аст, вале ҷонашон дар хатар аст. Соли 2014 дар моҳи октябр дар видеои дигаре, ки нашр шуд, ҳарду духтар мегуфтанд, ки ҳолашон бад шудааст ва аз ҳукумати кишварашон тақозо доштанд, ки онҳоро озод кунад.

XS
SM
MD
LG