Якшанбе, Май 19, 2013 Соат ба вақти Душанбе 22:54

Хабарҳо

Дар Афғонистон як низомипӯш ду сарбози НАТО-ро кушт

Ҳаҷми матн - +
Нируҳои байналмиллалии зери фармондеҳии НАТО дпар Афғонистон мегӯянд, ки як мард дар либоси низомиёни артиши Афғонистон дар дохили пойгоҳи НАТО дар ҷануби Афғонистон ду сарбози нируҳои байналмиллалиро ҳадафи тир қарор додааст.
Майор Ҷейсон Вогоннер-сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кӯмаки  амниятӣ дар Афғонистон гуфт,  ҳамлакунанда дар оташи ҷавобии низомиёни НАТО кушта шудааст. Ин ҳодиса дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Сабабҳои ҳамла то ҳҳол маълум нест. Бори аввал нест, ки кормандони хадамоти амниятии Афғонистон ҳампаймонҳо ва тамрингарони  хориҷии худро ҳадафи тир қарор медиҳанд. Ин ҳамлаҳо баъд аз оташ задани нусхаҳои Қуръони маҷид дар пойгоҳи ҳавоии амрикоиии Багром ва куштори 16 сокини осоиштаи вилояти Қандаҳор аз сӯи сарбози амрикоӣ Роберт Бейлз афзоиш ёфтаанд.

Назари Шумо чист?

The poll is loading, please wait ...
Poll archive

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Писандидаҳо