Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нотаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон матлаби "Аргументы и Факты" дар бораи ҷорӣ кардани низоми виза миёни Тоҷикистону Русияро таҳқиромез дониста, ба сафорати он кишвар дар Душанбе нота супурд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо супурдани нота ба сафорати Русия дар Душанбе аз нашри мақолаи "Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж АиФ из Таджикистана" ("Кишвари гастербайтерҳо. Гузориши махсуси АиФ аз Тоҷикистон") дар "Аргументы и Факты"-и чопи Маскав шадидан изҳори нигаронӣ кардааст. Ин нота 29 июн, баъд аз се рӯзи сӯҳбати масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ бо намояндагони сафорати Русия ва "Аргументы и Факты" дар Тоҷикистон супурда шуда, дар он таъкид гардидааст, ки нашри чунин матолиб ба рӯҳияи равобити дӯстонаи Тоҷикистону Русия созгор нест.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ин матлаби "АиФ", ки 26 июни соли ҷорӣ дар сомонааш низ нашр ва баъд аз як рӯз ҳазф гардид, таҳқиромез аст. Онҳо аз ҷониби Русия хостаанд, дигар ба чопи чунин мақолаҳо, ки равобитро халалдор хоҳад кард, роҳ надиҳанд.

Аз ин пеш, Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин матлабро "супоришӣ" хонда буд. Ӯ гуфт, мақола аз сӯи гурӯҳҳои алоҳида дар Русия иншо шудааст, ки қасд доранд, муносибати то ҳол дӯстонаи Маскаву Душанберо ба мушкил бипечонанд.

Нашрияи "Аргументы и Факты"-и чопи Маскав 26 июни соли ҷорӣ бо нашри матлаби "Страна гастербайтеров" (Кишвари гастербайтерҳо) вазъи Тоҷикистонро ба тамасхур кашида, ба мақомоти Русия пешниҳод кардааст, то бо ин кишвари, ба қавли муаллиф, "камбағал" низоми раводид ё виза ҷорӣ кунанд.

Ин матлаб ҳоло аз саҳифаи интернетии "АиФ" гум шудааст
Ин матлаб ҳоло аз саҳифаи интернетии "АиФ" гум шудааст

"АиФ" дар пешгуфтори ин матлаб навиштааст, "тамоми Тоҷикистон аз ҳисоби кор дар Русия зиндагӣ мекунад, мисли ин ки Замин аз Офтоб нерӯ мегирад. Шореҳи мо баъд аз сафари якҳафтаинааш ба Тоҷикистон ба ин натиҷа расид, ки бояд низоми раводид ҷорӣ шавад. Вагарна мушкили муҳоҷирон ҳал нахоҳад шуд."

Абдулфайз Атоӣ мегӯяд, ин мақола аз воқеият дур буда, муаллиф вазъи Тоҷикистонро бо ғараз ба қалам додааст. “Дар ин шабу рӯзи ҳассоси сиёсӣ дар ҷаҳон навишта шудани як чунин мақола ҳатман кори дасти гурӯҳҳои алоҳидае дар Русия аст, ки мехоҳанд муносибати неки ду кишвар вазъро хароб кунанд,” -- афзуд ӯ.

Сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Душанбе дар баробари дӯстони хайрхоҳаш дар Русия душман низ дорад, ки ҳар замон бо неш задан мехоҳад, таъми равобити ду дӯстро талх кунад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, масъалаи ҷорӣ кардан ё накардани раводид аз раҳбарияти ҳукуматҳои ду кишвар вобаста аст.

Ҳоло дар бахши ҷустуҷӯи сомонаи "АиФ" ба ҷои ин матлаб "Зачем мне ваш Гагарин?"-ро пайдо мекунед, ки замони нашраш моҳи феврали соли ҷорӣ буда, мазмунаш ба имтиҳони муҳоҷирон аз забону таърихи Русия рабт дорад. "Аргументы и факты" то ҳол далели нашри ин матлаб ва ҳазфаш аз саҳифаи интернетии худро шарҳ надодааст. Ин нашрия дар Тоҷикистон низ намояндагӣ дорад.

Аммо ин матлаб аз сомонаи АиФ дар ҳоле "гум" шудааст, ки дар тӯли як рӯзи буданаш дар тӯри Интернет ба даҳҳо вокуниши корбарони тоҷик рӯбарӯ омад ва ҳатто Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ гуфт, дар ин замина ба муаллиф ва масъулони "АиФ" посухи дандоншикан хоҳад дод. Нашрияи "Аргументы и факты" мегӯяд, ҳарчанд тоҷикон мардуми меҳмоннавозанд, аммо ин хубияшон кофӣ нест, то реҷаи виза ҷорӣ нашавад. Нашрия мегӯяд, "юнониҳо низ моро дӯст медоранд, аммо бе раводид ба кишвари худ роҳ намедиҳанд".

Георгий Зотов, муаллифи мақола навиштааст, дар ҳоле Русия дарҳояшро ба рӯи муҳоҷирони тоҷик во мондааст, ки Қирғизистону Узбакистон, Чин ва Қазоқистони ҳамсоя ва Эрони дӯст бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кардаанд. "Ҳеч кас намехоҳад, шаҳрвандони кишвари камбағалро ба ҳудудаш иҷозаи вуруд диҳад. Ва фақат Русия аст, ки тоҷикон метавонанд бидуни мушкил биёянд. Натиҷааш ҳам маълум аст," -- навиштааст Зотов.

Георгий Зотов дар идома навиштааст, агарчи дар паи беқурбшавии рубли русӣ қисме аз муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба зодгоҳашон баргаштаанд, вале бино ба пешбинии ӯ, ин вазъ муваққатист. Ӯ мегӯяд, "онҳо дар Ватани худ ҷои кор пайдо карда наметавонанд ва дубора ба Русия бармегарданд".

XS
SM
MD
LG