Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегафон" нархи зангҳо аз Тоҷикистон ба Ироқро 80% боло мебарад


"Мегафон – Тоҷикистон" аз 29 май қимати зангҳои телефониаш ба 10 кишварро аз 73 то 360 фоиз боло хоҳад бурд. Нархи зангҳои телефонӣ ба Ироқ, барои мисол, 80 дарсад хоҳад афзуд.

Ширкати "Мегафон–Тоҷикистон" хабар дод, ки аз 29 май қимати зангҳои байналмилалиашро барои 10 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Ироқ, ва ҳамин тавр, қимати зангҳо ба шабакаҳои моҳвораии телефониро боло мебарад. Бино ба эълони нашршуда дар сомонаи ин ширкат, аз ҳама бештар – 360 фоиз – қимати зангҳо ба Абхозистон ва Италия афзуда, ба ҷои 50 дирами ҳозира ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо ин кишварҳо аз 29 май барои муштариёни “Мегафон” бо замми андоз аз арзиши иловагӣ ва аксизи 5-фоиза 1 сомонию 80 дирам тамом хоҳад шуд.

Нархи гуфтугӯҳо ба Украина низ аз 60 дирам барои як дақиқаи кунунӣ 3 маротиба боло рафта, низ ба 1 сомонию 80 дирам мерасад. Сӯҳбатҳои телефонии муштариёни "Мегафон –Тоҷикистон" бо Арманистон, Гурҷистон ва Ироқ низ 1 сомонию 80 дирам хоҳад шуд, вале ин назар ба 1 сомонӣ нархи ҳозира гуфтугӯ бо ин кишварҳо ҳамагӣ 80 фоиз болотар аст.

Аз 29 май сӯҳбатҳо аз шабакаи "Мегафон" бо Туркия (ҳоло – 50 дирам), Туркманистон (75 дирам), Қирғизистон (75 дирам) ва Қазоқистон( 86 дирам) то 1 сомонию 30 дирам барои ҳар дақиқаи гуфтугӯ афзоиш хоҳад ёфт. Нархи сӯҳбатҳои телефонӣ бо шабакаҳои моҳвораӣ низ аз 29 май аз сӯи ин ширкат боло бурда мешавад ва аз 13 сомонӣ то 50 сомониро ташкил хоҳад дод.

Далели боло бурдани нархи зангҳои байналмилалии “Мегафон” дар эълони расмиаш гуфта нашудааст. Валентина Бутник, сухангӯи “Мегафон –Тоҷикистон” рӯзи 25 май дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, барои шарҳи ин иқдом ҳанӯз омода нест, вале дар сурати ирсоли номаи расмӣ посухи ширкаташро ироа хоҳад кард. Шарҳи "Мегафон-Тоҷикистон" дар сурати дастрас шуданаш ба Озодӣ низ нашр хоҳад шуд.

Аммо тавре аз эълони ширкат бармеояд, қимати зангҳо ба Русия – масири асосии сӯҳбатҳои телефонии тақрибан ҳамаи ширкатҳои мобилии фаъол дар бозори Тоҷикистон – аз тариқи ширкати “Мегафон” бетағйир, яъне ҳамон 66 дирам барои ҳар дақиқаи гуфтугӯ боқӣ хоҳанд монд. Ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат.

“Мегафон-Тоҷикистон” ширкати муштараки Тоҷикистону Русия буда, 25 фоизи саҳмияҳояш ба ширкати давлатии “Тоҷиктелеком”-и Тоҷикистон ва боқӣ 75 дарсадаш ба ширкати “Мегафон”-и Русия тааллуқ доранд.

Собиқаи фаъолияти ин ширкат дар бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон аз соли 2001 оғоз мегирад, ки ширкати “ТТ Мобайл” ба ироаи хадамоташ дар стандарти GSM рӯи диапазони 900/1800 мегагертс шурӯъ кард. “ТТ Мобайл” то омадани “Мегафон” дар бозори Тоҷикистон таҳти бренди MLT фаъолият мекард.

Ширкати “Мегафон”, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилии Русия ба шумор меравад, шумори муштариёнаш дар саросари дунёро беш аз 66 миллион нафар мегӯяд.

Дар соли 2014 Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”-ро ба напардохтани андозҳо ба маблағи бузурги 94 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар бо қурби соли гузашта, айбдор карда буд. Аммо ин баҳси иқтисодӣ дар ниҳоят бо мусолиҳаи тарафайн анҷом ёфт. Шароити ин муомила ба матбуот эълон нашудааст.

“Мегафон-Тоҷикистон” шумори муштариёнаш дар Тоҷикистонро дар соли 2013 ҳудуди 1,8 миллион ва шумори корбарони интернети мобилиашро 400 000 бароварда карда, гуфта буд, ки бо ин рақамҳо 18,5 дарсади бозори ин кишварро дар даст дорад. Дар соли 2013, бино ба омори расмӣ, “Мегафон” аз фаъолиятҳояш дар бозори мобилу интернети Тоҷикистон аз тариқи ширкати “ТТ Мобайл” 1,9 миллиард рубл, муодили 60 миллион доллар бо қурби ду сол пеш, ба даст оварда буд.

Дар бозори телефонҳои ҳамроҳ ва Интернети Тоҷикистон тақрибан 10 ширкат фаъолият доранд. Аз миёни онҳо, бар пояи арқоми поёни соли 2013, дар баробари “Мегафон” 3 ширкати дигар - Babilon Mobile бо ҳудуди 3,5 миллион муштарӣ, Tcell (марбут ба ширкати шведии TeliaSonera) бо 3, 3 миллион муштарӣ, ва "Таком", марбут ба ширкати русииVimpelcom, ки таҳти бренди Beeline амал мекунад, бо 1,3 миллион муштарӣ пештоз мебошанд.

XS
SM
MD
LG