Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола "Медали озодӣ" дарёфт кард


Маркази миллии Қонуни асосии Амрико ҷоизаи солонаи "Медали озодӣ"-ро ба Малола Юсуфзай, ҷавондухтари покистонӣ, ки барои беҳбуди таълим ва ҳуқуқи кӯдакон мубориза мебарад, тақдим кардааст.

Малола Юсуфзай, ҷавонтарин барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ дар таърихи ин ҷоизаи муътабари ҷаҳонӣ, ба гуфтаи Маркази милиии Қонуни асосии Амрико ба хотири шуҷоат ва сабр дар баробари сахтиҳо ва табдил шудан ба садои расо барои касоне, ки ҳуқуқи аввалияи инсонӣ ва озодӣ аз онҳо гирифта шуда, "Медали озодӣ"-ро дарёфт кардааст. Ӯ мегӯяд, аз дарёфти ин медал фахр мекунад ва "ин ташвиқаш мекунад ки ба корзори худ барои таълим ва мубориза барои ҳуқуқи кӯдакон идома диҳад."

Ин духтари 17-солаи покистон афзудааст, ки 100 ҳазор доллар ҷоизаи пулӣ ҳамроҳ бо "Медали озодӣ"-ро харҷи таълиму тарбия дар Покистон хоҳад кард. Ӯ дар айни ҳол аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ба ҷои сарфи пул барои аслиҳа, онро барои ояндаи кӯдакони худ сармоягузорӣ кунанд. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Малола гуфтааст, "омӯзиш беҳтарин силоҳ аст, ки метавон бо он ба ҷанги фақр, нодонӣ ва терроризм рафт." Ӯ афзудааст, "дар натиҷа аз ҳама кишварҳои ҷаҳон мехоҳем, бигузоред мо ба ҷанг "не" бигӯем."

Пештар Академияи Нобел ҷоизаи сулҳи соли 2014-ро муштаракан ба Малола ва Кайлаш Сатярти, вакили мудофеи ҳиндӣ дода буд. Академияи Нобел пештар дар байнияе дар ин маврид гуфта буд, ҷоизаи солонаи худро "ба хотири талошҳои ин ду нафар барои муқобила бо саркӯби кӯдакон ва ҷавонон ва низ дифоъ аз ҳаққи онҳо барои таълим" тақдим кардааст.

Малола Юсуфзай ду сол пеш ба хотири фаъолиятҳояш дар заминаи таълими кӯдакон ва исрораш бар он, дар минтақаи Сувоти Покистон аз сӯи Толибон мавриди ҳамла қарор гирифт ва аз сараш захм бардошт. Ӯ ки акнун чеҳраи байналмилалӣ аст, борҳо дар нишастҳои байналмилалӣ иштирок карда ва бо сарони кишварҳои ҷаҳон дидор карда ва низ дар Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG