Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи осмонии Фирӯз ва Фирӯза


Ду меҳмондори ширкати "Сомон Эйр" мегӯянд, онҳоро як ишқи осмонӣ ба ҳам пайвастааст. Фирӯз ва Фирӯза Тошматовҳо ҳангоми парвоз ба ҳамдигар ошиқ шудаанд.

Фирӯз ва Фирӯза, ду сокини Тоҷикистон панҷ сол пеш дар само, дар баландии ҳазорҳо километр дуртар аз замин ба ҳам ошиқ шуданд ва аҳди садоқат бастанд.

Он замон Фирӯз Тошматов як озмуни муҳимро пушти сар кард ва дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба кор қабул шуд. Ҳамсари ояндааш Фирӯза меҳмондор ё стюардессаи ҳавопаймо буд ва ба як гурӯҳи роҳбаладони ҳавопаймо сарварӣ мекард. Онҳо дар ҷараёни кору парвозҳо бо ҳам дил бастанд, якдигарро хуб омӯхтанд ва баъди ду соли ошноӣ тасмим гирифтанд, ки бо ҳам издивоҷ кунанд. Меваи ин издивоҷ ҳоло фарзанди ягонаи онҳост.

Фирӯз Тошматови 30-сола мегӯяд, аз хурдӣ орзӯ дошт, сарнишин ё пилоти ҳавопаймо шавад. Ӯ азбаски имкони молӣ надошт, маҷбур ба факултаи иқтисод ва идораи донишгоҳи миллии Тоҷикистон санад супурд. Аммо ӯ баробари шунидани ин хабар, ки ширкати " Сомон Эйр" барои истихдоми меҳмондорон сабқат эълон кардааст, санадҳояшро ба доварон фиристод, аз озмун гузашт ва ба орзуи кӯдакиаш расид.

Фирӯз, ки таҷрибаи панҷсолаи кор дар соҳаи роҳбаладии ҳавопайморо дорад, мегӯяд, дар баробари ҷолибу бонуфуз будани ин пеша, масъулияташ чандон осон нест. Вай мегӯяд, меҳмондорон, ки бештари вақти худро дар парвозу баландиҳои дур сипарӣ мекунанд, бояд ҳамеша кӯшиш кунанд, то парвози мусофирон дар муҳити орому бехатар ва бо хидматрасонии хуб сипарӣ шавад.

Ӯ ба ин назарҳо, ки меҳмондории ҳавопаймо касби занона аст, розӣ нест ва мегӯяд, эътимоди мусофир ба меҳмондори мард бештар аст. Фирӯз Тошматов мегӯяд, ки роҳбалади ҳавопаймо ё стюарду стюардессаҳо, чун чеҳраи ширкатҳои ҳавопаймои шинохта мешаванд ва аз тарзи хизматрасониву кори онҳо нуфузи ширкатҳо дар сатҳи байналмилаллӣ муаррифӣ мешавад.

Ин оилаи ҷавон, ки аҳди оиладориро дар само бастааст, умед дорад яке аз фарзандони онҳо ҳавонавард мешавад ва орзуи кӯдакии падарро амалӣ мекунад.

Фирӯз "Фирӯза"-ашро дар ҳавопаймо пайдо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:54 0:00

XS
SM
MD
LG