Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон сохтмони роҳи наздимарзиро қатъ кардааст


Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд ҷониби Тоҷикистон роҳҳои мошингарди ҷамоати Ворух Хоҷааъло то Оқсойро бозсозӣ ва мумфарш кард, аммо ҷониби Қирғизистон феълан сохтмони роҳро қатъ кардааст

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон 31 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки тарафи Тоҷикистон уҳдадории худро дар бозсозӣ ва мумфарш кардани роҳи Ворух--Хоҷааъло то Оқсойро барои истифодаи ҳарду тараф ба поён расонд, ҷониби Қирғизистон бинобар набуди маблағ сохтмони роҳи Тамдиқ Оқсойро мувақатан қатъ кардааст. Вай афзуд, ин роҳи мошингардро ҳокимияти вилояти Суғд сохта, ба истифода додааст. Аммо ҷониби Қирғизистон се моҳ мешавад, ки сохтмони роҳи Оқсой то Холҷааълоро ба итмом нарасонидааст ва ҳанӯз маълум нест, ки кай онро ба поён хоҳанд расонид.

Барои ҳалли масъала Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар миёнаҳои моҳи март бо вазири нақлиёти Қирғизистон мулоқот дошт. Дар он масъалаи зудтар анҷом додани сохтмони роҳҳои мошингарди минтақаҳои ҳамсояи Исфара Ботканд баррасӣ шудаанд. Ба қавли Ганҷалзода агар роҳҳои нав ба истифода дода шаванд, вале “Созишномаи байнидавлатии назорати роҳҳои байнисарҳадӣ” ба имзо нарасад, эҳтимол дорад боз ҳамон муноқишаву норозигиҳое, ки дар солҳои гузашта миёни деҳоти марзӣ рух дода буд, такрор шавад.

“Феълан мо тағйиру иловаҳои ба ин созишномаро таҳия намуда, ба ҷониби Қирғизистон ирсол доштем ва акнун мақомоти кишвари ҳамсоя бояд пешниҳодҳои худро ба он илова кунанд. Сипас ин санад миёни ду давлат ба имзо хоҳад расид ва мақомоти давлатӣ вазифадор мешаванд, ҳаракати нақлиёт ва равуои мардумро назорат баранд ва дар сурати пеш омадани масъалае посух диҳанд,” -- мегӯяд вазир.

Ба ақидаи ӯ, дар ҳоли ҳозир агар муноқишае сар занад маълум нест, ки кадом ниҳод ва ё кадом тараф бояд посух диҳад ва ҳама масъала аз мардуми оддӣ пурсида мешавад.

Шералӣ Ганҷалзода меафзояд имзои “Созишномаи байнидавлатии назорати роҳҳои байнисарҳадӣ” ҳатмист ва танҳо ҳамин санад метавонад оромию субот дар минтақаи Исфараву Ботканд ва дигар манотиқи марзи бо Қирғизистонро таъмин кунад.

Вай гуфт музокираи Комиссияи байнидавлатӣ давраи навбатии худро дар Қирғизистон сурат хоҳад дод ва яке аз масъалаҳои меҳварии он баррасии “Созишномаи байнидавлатии назорати роҳҳои байнисарҳадӣ” аст. Тарафи Қирғизистон сабабҳои қатъи сохтмони роҳро ба камбуди маблағ бастагӣ додааст, вале қаблан гуфта мешуд, ки ин кишвар барои бозсозии роҳҳо ва бунёди роҳҳои нав аз пуштибонии Бонки Ҷаҳонӣ бархӯрдор аст.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи гузашта вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иддао кард, ки Тоҷикистон ба ифтитоҳи консулгариаш дар Хуҷанд иҷозат надод. Абдулфайз Атоӣ сардори раёсати иттилооти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон бо анҷоми пурраи масъалаи марзӣ ризояти худро дар мавриди ифтитоҳи консулгарӣ хоҳад дод. Аскар Бешимов, муовини вазири хориҷаи Қирғизистон дар порлумони ин кишвар зимни суханронииаш гуфтааст, ки Тоҷикистон дар мавриди боз намудани консулгарии генералӣ дар шаҳри Хуҷанд иҷозат намедиҳад.

Ҳоло ба гуфтаи мақомоти Исфара, мушкилот ва моҷароҳои марзии соли гузашта дар ин минтақа бо роҳҳои созишу ҳамдигарфаҳмӣ паси сар гузошта шуда, Наврӯзи имсоларо мақомот ва сокинони одии Исфараву Бодканд бо рӯҳияи хушу умед ба ҳамзистиву ҳамкориҳои бештар дар оянда пешвоз гирифтанд.

Қабл аз ин дар аввалҳои моҳи феврали соли равон мақомоти Исфараву Бодканд дар як мулоқот дар мавриди доир кардани вохӯриҳои доимӣ ба хотири таъмини оромиву субот дар марз ва ҳалли зуд ва саривақтии мушкилоти марзии пешмеомада тасмим гирифта буданд. Рӯзи 9 - уми феврал як ҳайат аз раисони Исфараву 3 ҷамоати марзии ин ноҳия барои нахустин дидор ва табрики раиси навтаъини Бодканд Кенеш Солеҳов ба Бодканд рафта, бо мақомоти қирғиз масоили беҳтар кардани муносибатҳои мардуми минтақаро баррасӣ карданд. Дар ин нишаст раисони Исфараву Бодканд гуфтанд, ки чанд моҳи охир сокинони марзии ин ду ноҳияи ҳамсояи сарҳадӣ ором ва бе ҷанҷолу муноқиша зиндагӣ доранд ва дар оянда ҳамзистиву ҳамкориҳои байни ҳамро густариш хоҳанд дод.

Бори охир мушкили марзӣ дар дар маҳаллаи “Баҳор”-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд. Пеш аз он дар марзи байни Исфара ва Бодканд чандин ҳодисае сар зад, ки ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон оид шуд. Сабаби ин ҳолро коршиносон дар он мебинанд, ки марзи байни ду давлат дақиқ нашудааст.

То ҳоло аз 976 километри марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 351 километри боқимондаро мушаххас намоянд. Қирғизистон тарафдори суръат бахшидан ба ҳалли масъала аст, аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи марзи давлатӣ бояд бо ҷиддияти тамом ва қадам ба қадам ҳал шавад. Ҳарду тараф эълом медоранд, ки набояд дар ин масъала сиёсатбозӣ ё манфиатҷӯӣ кард, аммо эътироф мекунанд, ки ҳарду ҷониб омода нестанд, аз манфиатҳои миллии худ қатъи назар кунанд.

XS
SM
MD
LG